​Изҳороти устодони кафедраи сиёсатшиносӣ

Таҷрибаи таърихи гузашта ва воқеияти имрӯзаи кишварҳое, ки ба масъалаи таҳкими оила диққати ҷиддӣ надодаанд, нишон медиҳад, ки чунин беэътиноӣ боиси ба буҳронҳои шадиди маънавӣ ва демографӣ дучор шудани онҳо мегардад.

Дар ҳақиқат чанд сол муқаддам тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфта буд. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Ҷойи хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин, бешубҳа, сабаб дорад.

Аз хиёнат ба Ватану падару модар гуноҳи азиму бузургтаре нест. Афсуски хиёнаткорони давлати худ то ҳоло ҳам дар дигар мамлакатҳои дунё зиндагӣ карда, нисбат ба Тоҷикистон хулқу атворҳои бад-хусумат, бахилӣ ва монанди инҳо равона мекунад. Исботи ин мулоҳизаҳо мақола бо ном “Шуравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард” мебошад, пурра аз туҳмат иборат аст. Онҳо намедонад, ки бузургони мо, хусусан муаллими сонӣ Форобӣ дар асарҳои «Ас-сиёсат-алмадамия», «Орои аҳли мадинат-ал-фозила» чунин кайд кардааст: мақсади олии инсон ба туфайли амалиёти неку саодатманд шудан аст. Фақат он некӯиҳое, ки ба фоидаи давлат нигаронида шуда, тартиботи ҷамьиятиро мустаҳкам менамояд, писандида мебошад. Хулқу атвори бад: хасиси, бахилӣ, фиребгарӣ ва монанди инҳо боиси залолат, гумроҳӣ мегардад.

Ба чунин ақидаҳои душманона бетараф будани инсонҳо ва аҳли ҷамъият оқибати ниҳоят бад дорад. Мо бояд фарзандон ва шаҳрвандони худро дар дохил ва хориҷи кишвар зери назорати қатъӣ қарор диҳем, нагузорем, ки онҳо фирефтаи тарғиботи гурӯҳҳои бегонапарастӣ шаванд, ба онҳо ҳамроҳ гарданд, ба модар - Ватани худ хиёнат кунанд.

Р.Усанов, С.Ҷӯраева, дотсентони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ