​Ҳадафи чоруми стратегияи давлат

Дар факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чорабинии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Саноаткунонии мамлакат ҳадафи чорумини стратегияи давлат” ташкил ва баргузор гардид.

Чорабиниро мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълим дотсент Дадохон Ғуфронов ҳусни оғоз бахшида, оид ба самтҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, масъалаҳоипешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсияи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахшид хусусӣ ва беҳбудии вазъи бозори меҳнатро мавриди муҳокима қарор дод.

Муаллими кафедраи геоэкология ва методикаи таълимНодир Тиллоев дар мавзӯи “Рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд” баромад намуда, қайд кард, ки тибқи иқтидори банақшагирии иқтисоди вилояти Суғд иншооти истеҳсоли коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти озуқавориибосифати аъло таъсис ёфтааст. Байн гардид, ки рушди минбаъдаиистеҳсоли маҳсулот, беҳтар намудани сифат, тарҳрезӣ ва таҳияимаҳсулоти озуқаворӣ ва таъмин намудани аҳолӣ ҳадафи асосии стратегияи саноаткунии мамлакат ба шумор меравад.

Сипас, озмуни “Олами заковат” байни донишҷӯёни боистеъдод ташкил шуда, ғолибон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қардр гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ