Шарофиддин Гадоев ихтиёран ба Ватан баргашт
Дар бораи Шарофиддин Гадоев аз расонаҳои хабарӣ хондаму ба фикр фурӯ рафтам, зеро ба мисли ӯ пушаймон гардидагон аз аъзогӣ ба ҳизбҳои барои ҷамъияти муосир бегона ба мисли ТТЭ ва амсоли инҳо, ки номашро барои дар рӯи қоғаз овардан на танҳо ман барин шаҳрвандони ҳақиқии Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки халқи меҳнатқарини кишвари азизамон аз даҳони мардум шунида бошанд ҳам,орият мекунанду ҳайфи ранги қаламам мегӯянд.
Дар ҷамъияти мо ба мисли Шарофиддин Гадоев барин гумроҳгардидагон бешумор буда, аз аъзогӣ ба ташкилотҳои бегона пушаймонанд, аммо рӯй надоранд, ки ба халқу ватани худ нигоҳ кунанд. Новобаста аз ин давлати мо Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро боз ба ватани худ қабул менамояд. Ин маънои онро надорад, ки ҳар касе чӣ хоҳад анҷом медиҳад ва бахшда мешавад. Аз ин рӯ ин гуна ашхос бояд сари аъмоли худ биандешанд. Чун хиёнат ба ватан ҳеҷ вақт фаромӯш намешавад. Номи онҳо баъди баргаштан ба ватан аз авлод ба авлод чун иснод мегузарад ва баъди даҳсолаҳо фарзандони онҳо ангуштнамои мардум бо хиёнаткорӣ бо ватан мегардад.
Мухолифони сиёсии ҷамъияти муосир худро чунон ғамхори мардум вонамуд мекунанд, ки онҳо гӯё мусичаҳои бегуноҳ бошанд, аммо ғайр аз сархӯрию бадномкунии тамоми халқиятҳои ҷаҳон дигар кореро намедонанд. Ба чеҳраҳои манфури онҳо воқеотҳои барпо намуда истодаашон дар ҷаҳон шодӣ медамад, вале давидани гусола то каҳдон аст.
Касби онҳо, яъне тӯъдаи касифон танҳо таҳқири ҳаммилатони худ мебошад. Дар бобати нокомии миллату ватани худ онҳо табли шодӣ мезананд. Баъди шунидан ва дидани пешравиҳои мамлакатамон ба зери ҷоммаҳояшон кайк роҳ меёбад. Онҳо рӯзашон сиёҳу шомашон торик (мухолифони сиёсии ҷамъияти ҳозира) мардумро гумроҳ мекунанду аз иғвохалтаашон иғвоҳои нав ба навро мебофанд ва гумроҳгардидагонро хар барин кор мефармоянд, зеро онҳо медонанд, ки ба аксарият бозгашт ба ватан ғайриимкон аст.
Мардуми кишвар мебояд дарк кунанд, ки ҳақиқат барои мухолифини кишвар фоҷеа аст. Касби онҳо дурӯғпардозиву тӯҳматгароӣ ҳасту халос. Онҳо гиребони сиёсатро чун гарданбанди сиёҳ сахт ба гарданашон овехтаанду онро ба тиҷорат табдил додаанд. Нисбат ба онҳо сагон баобрӯянд, зеро онҳо вафодоранд.
Барои ҳамин мо омӯзгорон чунон насли ояндаро тарбияву таълим диҳем, ки мисли қаҳрамонони халқи тоҷик ба ҳар сахтиву нокомии ҷамъият тоқат намоянду сарҳисоби зиндагонии худро на бо пулҳои бедардимиёни хоҷагони хориҷиву мухолифони сиёсӣ, балки бо меҳнати ҳалолу покиза дарёбанд ва номбардори миллати куҳанбунёди худ гарданд.
Абдураҳмонов Р.И.-дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии
забонҳои хориҷӣ, факултети забонҳои хориҷӣ