​Курӣ ту ба айби хешу бинои касӣ... ё фурсатталабии Саидюнуси Истаравшанӣ ва ҳангомаҳои навбатии ӯ


Нашри навиштаи ҳангомабарангези Зафар Сӯфӣ бо номи “Маҳалгароӣ” ба Саидюнуси Истаравшании фурсатталаб баҳонае гардид, ки бо гузоштани он дар саҳифаи фейсбукии хеш афкори душманонаи хешро боз ҳам талқин кунад. Дар ин мақола ҳам аслан бо таҳлилҳои сатҳӣ ҷобаҷогузории кадрҳо дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Муаллифдаъво бар он мекунад, ки меъёри асосии интихоби кадрҳо “ба мансабҳои калидӣ кӯлобӣ будани онҳо”ба шумор меравад. Ин андеша боз ҳам дар асл маҳалгаро будани худи муаллиф ва таблиғгарони ақидаи ӯ, чунСаидюнуси Истаравшаниро нишон медиҳад, ки мехоҳанд бо ташвиқи чунин ақидаҳои маҳалгароёна миёни мардум андешаҳои зиддинақизро паҳн мекунанд. Ба таъбири дигар, курӣ худу бинои дигаронанд. Барои таҳлили дурусти масъалаҳои кадрӣ маълумоти дурусту саҳеҳ бояд дошт. Зафар Суфӣ намедонад, ки танҳо дар ҳамин тағироти охири кадрӣ, ки дар назар дорад, тақсимоти вазифаҳо бо назардошти маҳорату макалаи касбӣ ва ба эътибор гирифтани муносибати баробари тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сурат гирифт. Дар миёни онҳо зодагони вилоятҳои Суғду Бадахшон низ зиёд буданд. Дар баробари ин, тавре худаш ишорат мекунад, чанде қабл роҳбари аввали вилояти Хатлонзодаи вилояти Суғд таъин гардид ва баробари ин роҳбарони чандин шаҳру навоҳии ин вилоят низ зодагони вилояти Суғданд. Бадбахтона, нависандаи мақола муғризона ин тадбири муҳими роҳбари давлатро ӯ “бозии сиёсӣ” медонад ва ин дар ҳолест, ки нафари таъиншудасолҳои тулонӣ дар ин минтақа босамар фаъолият бурда, ба боварии роҳбари давлат сазовор гардидааст.

Баробари ин, ба чандин шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ фарзандони баруманди вилояти Хатлон роҳбарӣ мекунанд ва чунин таҷриба нишон дода истодааст, ки ин тадбир барои мустаҳкам гардидани ваҳдати миллии халқҳои Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ин тадбири сиёсӣ- таъини кадрҳои як минтақа ба минтақаи дигар ҳеҷ як бозии сиёсӣ набуда, баръакс барои мустаҳкам намудани ваҳдати миллии халқҳои Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Мутассифона, Зафари Суфӣ, ки чун Саидюнуси Истаравшании маҳалгаро баръакс ин дастовардро дида натавониста, онро аз рӯи ҳадафҳои нопоки хеш муғризона ва бадбинона шарҳ медиҳад. Мехоҳад бо ҳар роҳу восита, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро ба маҳалгароӣ айбдор кунад. Баръакс, маҳалгаро худи муаллиф аст, ки бо пешниҳоди чунин ақидаҳои муғризона мехоҳад миёни мардуми минтақаҳои Тоҷикистон нифоқ ангезад. Саидюнуси Истаравшанӣ, ки чун ҳаммаслакони худ фурсатталаб аст, бо истифода аз ин мақола гӯё табли шодӣ зада, онро аз тариқи саҳифаи худ пахш мекунад ва аз ин роҳ мехоҳад, хизмати хоҷагони хешро иҷро намояд.Ҳар андешае, ки ба муқобили давлат ва мардуми Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, барои Саидюнуси Истаравшанӣ ва ҳаммаслакони вай гӯё як “бозёфт” ва воситаи навбатии ҳангомабарангезӣ аст.Бо гузоштани чунин мақолаҳои ҳангомавӣ дар саҳифаи фейсбукии хеш мехоҳад ба хоҷагони хеш ҳисобот диҳад, ки ӯ дар ҷараёни кор аст ва барои “ҳалол” кардани маблағҳои гирифтааш аз шеваҳои мухталиф истифода мекунад.

Хайрандеш Мирзоев


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ