​Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд!

27 сол аст, ки ин давлати кўчак пояҳои нахустини худро гузошту бо сарварии марди далеру шуҷоъ ва ватанпарвару ватандўст Пешвои муаззам – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон қомати худро рост кард ва бо саъю талошҳои ин марди наҷиб дар арсаи ҷаҳон шинохта гашт. Бо роҳбарии ин шахси худодод Тоҷикистон обод гашту халқи меҳнатдўсташ дар пайи зиндагии ором.

Чи хеле ки гуфтаанд: «Чашми бадбин кўр аст». Таърих гувоҳ аст, ки мулке, ки обод асту шоҳи одил дорад, аз чашми бадхоҳону бадкинагон дур намемонад. Имрўзҳо низ чунин аст, ки бо дасисаву фиреби «шайтонсифатон»-и бадбин, мутаассифона баъзе нафароне ҳастанд, ки гўшу ақли хешро дар дасти шахси дигар гузоштаанд.

Рўзи 18-уми феврал дар шаҳри Дортмунди Олмон ҷаласаи изтирории садорати Ҷунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» баргузор карда шудааст. Аз иттилооти расмии сомонаиҶунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» маълум гашт, ки дар нишаст қазияи баргашти ҳамоҳангсозӣ Ҷунбиш Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон ва ба дасти сохторҳои қудратии Тоҷикистон ихтиёран таслим шудани ў мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Садорати Ҷунбиш гуфтааст: «Агар дар Тоҷикистон пайдо шуд, пас ўро рабуданд, чун ҳеҷ гоҳ ихтиёри барнамегашт ва «ба ҳукумат таслим намешуд.», ки хатои маҳз аст. Тибқи иттилои мо Шарофиддин Гадоев ба хоҳиши худ баргаштааст ва аз кирдорҳои худ пушаймон асту пӯзиш мехоҳад. Мо бо боварии том гуфтани ҳастем, ки ягон нафар номбурдаро ба ин кор маҷбур накардааст. Ин иғвоандозиҳо танҳо ба хотири ноором кардани вазъият дар кишвар асту бас.

Ба ин қазия Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегўяд: «Тибқи иттилои ВУД, имрўз 15 феврал соли 2019, соати 07:00Гадоев Шарофиддин Мирзоевич, санаи таваллудаш 19.05.1985 зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ихтиёран ба идораи милитсия дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳозир шудааст ва изҳор доштааст, ки: «ман аз кирдорҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Маскав – Душанбе ба Ватан баргаштам.» Аммо мухолифини ҳукумат муроҷиати видеоии Шарофиддин Гадоевро нашр карданд, ки дар он гуфтаанд:

Ин қазияҳо нишон медиҳад, ки шахсе, ки дар Ҳолланд ҳаққи паноҳгарии сиёсӣ доштааст ва яке аз фаъолони сиёсӣ дар хориҷ будааст, ки пайваста сиёсатҳои Ҳукумати Тоҷикистонро бо лаҳни тунд танқид мекардааст, баргаштанаш ба Тоҷикистон шояд дасисае бошад?

Ба муқобили ин гуфтаҳо ба мухолифини бадбин мегӯем, ки бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд!

Аъзоёни кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ