​Мақсад пушида нигоҳ доштани сарӯ муй аст ё...?

Моҳи декабри соли 2018 тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Payom.net, Isloh.net ва дигар шабакаҳо, матлабе таҳти унвони “Шӯравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард” нашр гардид. Дар он мулоҳизаҳои собиқ раиси ТЭТ ҲНИ дар ноҳияи Ашт Абдуманнон Шералиев ба сифати коршинос ва дигаре ҳамчун ҳуқуқшинос оварда шудааст, ки хусусияти тафриқаандозӣ ва ба вуҷуд овардани нооромӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро ба худ касб кардааст. Тавре аз мутолиаи ин матлаб аён гардид мураттибони ин мақола мақомоти Тоҷикистонро ба он айбдор кардаанд, ки бо қабули як қонун вуруди занону духтаронро ба идораҳои давлативу хусусӣ манъ менамуда бошад, ки ҷомеаи имрӯза бар зидди ақидаи онҳост.

Зеро пайванд додани ҳодисаи ошӯби Хуҷанд ҳеҷ мантиқе ҳам надорад, зеро ба ҳамагон равшан аст, ки ин гуруҳҳо маҳз тавассути фирефта шудан аз ҷониби саркардагон ва мубаллиғони ТЭТ ҲНИ ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ шомил шуда, ҳатто ба нангинтарин фоҷеаҳои зиддиинсонӣ даст заданд. Дидаву дониста онҳоро дастгирӣ намудани ин коршиносон худ баёнгари он ҳаст, ки ин гуруҳҳо шояд дар тарҳи хуношоми онҳо низ шарик ҳастанд.

Дар ин ҳолат ба андешаи мо ҳаргиз зарурати муроҷиат ба обдусмен ё институтҳои ҳуқуқӣ нест, зеро ҳангомасозӣ ва бозгӯии як ҳолати мутобиқ ба талаботи Қонун ба сурати фоҷеа аз ҷониби ин гурӯҳ маълум аст, ки боз дасисаи навбатиро ангехта мехоҳанд, давлат ва Ҳукуматро гунаҳкор ва тарҳҳои аз хоҷагони хориҷии хеш маблағгузоришавандаро амалӣ созанд, то боз соҳиби маблағҳои навбатӣ гарданд. Вагарна суоли оддие боз ҳамоно пеш меояд, чаро ононе, ки пуштибонӣ аз сатру ҳиҷоби бегона мекунанд, намехоҳанд, занону духтарону модарони хеш танҳо онро бо ҳамон рӯймоли миллии мо ва дигар либосҳои миллии тоҷикӣ, ки беҳтарин суннатҳои фарҳанги исломиро низ таҷассум менамояд, иваз намояд. Ба қавли маъруф, охир аз иваз кардани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағир намеёбад –ку? Яъне агар, мақсад пушида нигоҳ доштани сарӯ муй аст, ҳоҷат ба сатру ҳиҷоби унсури миллат ва мазҳабҳои дигар нест, фарҳанги миллӣ ва либоси тоҷикии мо маҷмуаи фаризаҳои динӣ ва ахлоқиро бо беҳтарин ваҷҳ ифода мекунанд.

Дар маҷмуъ, метавон таъкид кард, ки айни ҳол дар Тоҷикистон нисбат ба замони Шўравӣ унсурҳои озодии виҷдон хубтар ва бештар риоя мегардад. Агар дар замони Шӯравӣ ҳамагӣ дар тамоми кишвар17 адад масҷиди ҷомеъ амал мекард, дар замони истиқлолият миқдоран шумораи масҷидҳо ба 3797 адад расиданд. Таҳиягарони матлаби ифротиён дар саҳифаҳои шабакаи иҷтимоии фейсбук, ки“Шӯравӣ нисбати дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард” унвон дорад, ноогоҳона ба чунин дасисаҳо даст зада, муваффақиятҳои инкишофи фарҳангии таърихи кишвару миллатро дар замони муосир ба инобат нагирифтаанд ва ба ҳамагон маълум аст, ки чунин матлабҳои баҳсангез чи тавре ки дар боло таъкид гардиданд, танҳо барои ба даст овардани маблағ ва пешниҳоди ҳисобот назди хоҷагони ҳориҷиашон ба шумор меравад...

Аъзоёни маҳфили “Андеша”-и донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ