​“Тоҷикистон – макони сайёҳӣ” – сайри илмӣ оммавии ҷавонони донишгоҳ

Бо мақсади омӯзиш ва тарғиби таърих, фарҳанги ниёгон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва бахшида ба солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар доираи нақшаи чорабиниҳои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” сайри оммавӣ бо ҷалби ҷавонон - аъзоёни маҳфил таҳти унвони “Тоҷикистон – макони сайёҳӣ” ташкил ва баргузор гардид. Дар ҷараёни сайри илмӣ-оммавӣ донишҷӯён аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ-истеҳкомии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Негматов, хона-музейи шоири ғазалсаро Камоли Хуҷандӣ боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои ҳозираи осорхона ба шакли иморати қадимаи анъанавии муҳофизатӣ сохта шудааст. Он аз як толори васеи болоӣ ва се толори калонҳаҷми зеризаминӣ иборат аст. Дар толори болоӣ ва ду толори зеризаминӣ намоишҳои осорхонавӣ созмон дода шуда, дар як толори зеризаминӣ фонд (махзан) ҷой гирифтааст. Толориякум «Ҳаёти одамони асри санг» номгузорӣ гардидааст. Мушовири ин толор (ғор) профессор С. Ш. Марофиев мебошад. Ин толор (ғор) аз тарафи Ёдгоров Комилҷон- рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, бо омезиши ду санъат: рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ ороиш дода шудааст. Ин тарзи намоиш аввалин бор дар Осиёи Миёна дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сурат гирифт.

Толоридуюм «Давраи фулузӣ» номгузорӣ карда шудааст. Дар ин толор ташаккулёбии инсонҳо нишон дода шудааст.

Толори тамаддуни ориёӣ ба ифтихори соли бузургдошти тамаддуни ориёиҳо (с.2006) бахшида шудааст. Ин толор аз тарафи рассом, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Арбоби санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Ғафурҷон ороиш ёфтааст ( бо мушовирии профессор С. Ш. Марофиев). Толори тамаддуни ориёиҳо бо рамзи ориёии болои матоъ, ки аз тарафи рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кашидадӯз Зулфия Баҳриддинова дӯхта шудааст, оғоз меёбад. Дар осорхона қасрҳои мӯҳташам, сутунҳо, ҳайкалҳо, ки дар Тахти Ҷамшед қомат афрохтаанд ҳамчунин нусхабардорӣ аз катибаи Бесутун, нимпайкараи Дорои I ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.

Бо ҳидояту раҳнамоии адабпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солгарди мубораки иди Наврӯзи байналхалқӣ бозгашти маънавии шоири ғазалсаро, андалеби Хуҷанд Хоҷа Камол ба вуқӯъ омад. Ин орзуе буд, ки танҳо ба шарофати Истиқлолият, ба шарофати Пешвои тоҷикон амалӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ