Одаму либос …
Ин мақоли қадимаи халқи мо буда, башорат медиҳад, ки ба одам аз рўи либоспўшиаш баҳо додан мумкин аст. Агар одами бомаърифат ва замонавӣ бошад, мувофиқи талаби замон либос ба бар мекунад.Либосашро тозаю озода нигоҳ медорад. Доимо дар ҳолати дарзмолшуда ба бар мегирад. Баъзе одамонро мебинем, ки либоси чиркин, дарзмолнашуда, ниҳоят танг ва ё васеъ ба бар доранд. Аз ҳамин либосашон маълум, ки онҳо маданияти паст доранд ё ақлан ноқис ҳастанд. Мо бояд дар либоспўшӣ анъанаҳои миллии худро риоянамоем ва онро мувофиқи талаботидавру замон такмил диҳем…
Имрўзҳо баъзе занону духтаронро мебинем, ки аз сар то пой ҳиҷоб мегиранд, ингуна ҳиҷобпўшӣ хоси миллати мо ва анъанаҳоимардуми мо нест. Бар замми ин ҳаммаи ҳиҷобҳоранги баста (сиёҳ ё кабуд) доранд, ки ин ҳам қобили қабул нест. Ин танҳо пайравӣ кардан ба либоспўшии мардуми арабизабон асту бас. Ҳамаи мо дар мактаб фанни таърихро омўхтаем. Дар ҷо – ҷои китобҳои таърих вобаста ба мавзўи маданият намунаи либосҳои мардона ва занонаи авлодии моро нишон додаанд. Аммо дар ягон ҷой намунаи ҳиҷоб тасвир кардаю тарғибкарда нашудааст. Пас мо бояд тамоманаз он даст кашем. Қабул накунем.
Ҳар яки мо дар осорхонаҳоборҳо намунаи либосҳои мардонаю занона, домодию арўсӣ, бачагонаро дидаем. Мақсади осорхонаҳо низ тарғиби анъанаҳои миллӣ, тарғиби эҳтиром нисбат ба маданияти моддиихалқамон аст. Дар ягон осорхонаи миллии мо ҳиҷоб ҳамчун либоси миллии тоҷикона тарғибу ташвиқ карда нашудааст. Пас занону духтарони тоҷики мо ба кӣ тақлид мекунанд? Барои чӣ тақлидкорию пайравӣ менамоянд? Ба фарҳанги дигар миллатҳо!?Ин амалатон тамоман нодуруст аст, занону духтарони ҳиҷобпўш.
Бояд рўи рост гўем, ки ҳиҷобпўшҳо аз он оилаҳое ҳастанд, кидар он оилаҳо тасвири «Ҳиз – ут- таҳрир», «Салафия» … ҳис карда мешавад. Ин занҳою духтарҳо баъзан рўирост иқрор мешаванд, ки бо амри шавҳар, падару акояшон ҳиҷоб ва ё сатри авратро ба бар кардаанд. Гўё ба бар кардани ҳиҷоб ё аврат нишонаи комили зиндагиро соҳибмаърифатӣ бошад. Асло ин тавр нест. Биёед, либосҳои миллиамонро ба бар кунем ва анъанаҳои миллии худромуқаддас донем.
Магар атлас, чакан, намуди либосҳои бадахшонӣ, қобили ба дигар «мўд» иваз шудан аст. Ҳаргиз не! Не, не, боз не!
Ҳар яки мо бояд фахр кунем, ки таърихи қадима дорем, мувофиқ ба он анъанаҳои махсуси либоспўшии худро дорем. Бояд, ки ин анъанаҳои миллии худро нигоҳ дорему ба насли оянда бегазанд расонем. Охир, куртаи чакан ба феҳрасти маданияти моддии ЮНЕСКО пазируфта шудааст. Он дар тамоми олам ҳунари занони мо, завқи зебоипарастии мардуми моро нишон медиҳад. Пас меарзад, ки мо ба қадри ин атласу чакан бирасем ва ба ҳунари атласбофонучакандўзон, қуроқдўзон арҷ гузорем.
Занону духтарони азизи мо! Биёед, худшинос бошем. Ба қадри анъанаҳои миллии худ бирасем. Ҳамаҷиҳата, дар либоспўшӣ ҳам, содиқу вафодори миллати хеш бошем. Аз баҳри бегонапарастӣ, аз баҳри ҳиҷобу авратпўшӣ бароем. Охир, мо – тоҷик ҳастем, тоҷики бонангу номус, тоҷики боғуруру соҳибтамаддун . Биёед, бори дигар чуқур андеша намоему оқилу оқила бошем. Зеро ки гуфтаанд: - Чаро оқил кунед, коре, ки боз орад пушаймонӣ!
Гурўҳи эҷодии «Нури маърифат»