​Риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон – мояи ифтихор дар Тоҷикистон !!!

Таъмини озодии сухан, эътиқод ва дигар ҷабҳаҳои ҳуқуқи Инсон ҷанбаҳои муҳими демократия дар ҷомеа буда мамлакати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ вазифадор аст, ки чунин меъёрҳои маънавиро риоя ва ҳифз намояд. Давоми даврони Истиқлолият мардуми заҳматкаши Тоҷикистон сол то сол аз ин сарватҳои маънавӣ – ахлоқӣ бархурдор шуда истодаанд. Гарчанде, ки ба ном коршиносони хориҷӣ нисбати масъалаи риояи ҳуқуқи Инсон дар Тоҷикистон хӯрдагири менамоянд мардум худро озод ҳис намуда шукронаи даврони ободӣ ва осудагии Ватан мекунанд.

Рафтору суханрониҳои гурӯҳи ҷинояткори ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзат, ки онҳоро намояндагони Созмони амнияти ҳамкории Аврупо пуштибонӣ мекунанд, амале марбут ба ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон набуда ба самти ангезидани тӯҳмату иғво ба Ҳукумати қонунии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Аслан, САҲА мебояд пуштибони он нафароне бошад, ки дар самти риояи ҳуқуқи Инсон ба ҷомеа манфиатеро раво дидаанд. Вале, ин Созмони дурӯя нафаронеро дастгирӣ менамояд, ки амалҳои ғайриинсонӣ, фитнаангезиву тафриқандозӣ, бераҳмиву беадолатӣ онҳоро дар байни мардуми кишвар аллакай муаррифӣ кардааст. Зеро, маҳз ҳизби наҳзати ислом сабабгори нооромии кишвар солҳои 90 – уми асри гузашта буда намояндагони он бо хулқи ҳайвонсифат ва одоби ғайриинсонӣ маъмул гашта буданд. Ғорати манзили соҳибкорон, ташкилотҳои бонкӣ ва ғайра онҳоро касби асосӣ буду ин муғризон наметавонистанд нафси худро идора кунанд. Хислати дигари онҳо мансабталошӣ буд, ки то ҳол ботини онҳоро тарк накардааст. Мақсади нопоки онҳо дар замони муосир низ ғасби ҳокимияти қонунӣ ва ҷамъоварии даромади муфт мебошаду халос. Дар акси ҳол ин нафарони ватангадову палид нисбати Ватани аҷдодии хеш ҳарфҳои носазоро як сӯ гузошта ҷомеаи ҷаҳониро даъват мекарданд, ки биёянду бинанд, ки Тоҷикистон чӣ хел орому мардумаш осудаҳолона зиндагӣ доранд. Ҷаҳониёнро месазад, ки аз ҳаёти мардуми бошарафи Тоҷикистон омӯзанд, ки ҷомеа муттаҳид ва сарҷамъ бо роҳбарияти олии худ буда баҳри рушди босубот ва созандагӣ кӯшиш менамояд. Лекин, ин номардони разилро чунин ҳисси инсонпарастӣ бегона асту онҳо бо луқмаи хоҷагони хориҷӣ фирефта шуда хиёнат ба Ватанро пеша кардаанд.

Мардуми бо ору номуси Тоҷикистони соҳибистиқлоли зебоманзар бо риояи одобу услуби шарқиёна ва меъёрҳои шариати дини мубини Ислом ҳаёти худро ҳамеша дар доираи қоидаҳои давлатҳои дунявӣ ба роҳ мондаанд ва аз воқеияти ҳаёту зиндагии худ дар Ватани азизашон шукрона мекунанд. Итминони комил доранд, ки хасми нопокро Парвардигор ҷазои сазовор медиҳаду нияти бадашонро бар худи онҳо бармегардонад.

Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, дотсент Собиров М.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ