Кучманчӣ ба қадри хоку Ватан кай мерасад?!
Дар тирпарроне, ки рӯзи 16-уми сентябр дар деҳаи Овчи-қалачаи ноҳияи Б.Ғафуров руҳ додааст, ҳамаи моро нангин кард. Дар ин ҳодиса фавтидани як афсари боломақоми Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ду сарбози ин ниҳод фоҷеа барои тамоми тоҷикистониён мебошад. Дар чунин замони орому тинҷ аз тири ҳамсоя марг ёфтани сарҳадбонони мо ягон нафарро бефарқ намегузорад. Чун мардуми Тоҷикистон ҷангҳои бешафқатро дар солҳои аввали Истиқлолияти миллӣ паси сар кардааст, дигар ягон нафар намехоҳад, ки дар ҳудуди кишвар овози як тир садо диҳад. Вале воқеаҳо нишон медиҳад, ки ҳамсояи наздик ба қадри тинҷию оромӣ намерасад. Ҳатто аз Тоҷикистон замин гирифтан мехоҳад. Шояд кучманчиҳо барои ҳар як фарди тоҷикистони муқаддас будани ҳар як ваҷаб замини Ватанро эҳсос намекунанд?!Шояд онҳо фикр мекунанд, ки замини заррини Тоҷикистонро ба осонӣ ба даст меоварад?! Шояд онҳо фикр карданд, ки ба суи тоҷикистониён тир кушоем, ҳамаро партофта мегурезанд. Агар чунин фикр кунанд, иштибоҳ мекунанд. Сарҳадчиёни ватандӯсту миллатпарвари тоҷик ҷони худро ҷурбон кунанд ҳам як ваҷаб хоки ватанро ба касе намедиҳанд. Воқеаҳои охирин ҳам ин гуфтаҳоро тасдиқ кард. Се нафар сарҳадчиёни тоҷик аз тири ғасбкунандагон ҳалок шуд, вале нагузошт ки ба як ваҷаб замин қадам гузорад.
Деҳқонова Г., омӯзгори кафедраи фарҳангшиносӣ.