Либос баёнгари фарҳанги миллӣ
Ибораи халқие, ки дар халқи тоҷик ҳаст, ки одаму либос-хонаю палос. Аз рӯи либоспушии кас фаҳмидан мумвукин аст, ки вай дар кадом минтақа зиндагӣ мекунад. Либос ҳам баёнгари фарҳанги миллии мо аст. Тарзи либоспӯшӣ дар баробари фарҳанги амалиёти дигари одамӣ мақоми муҳим дошта, ин олами маънавии шахсро нишон медиҳад. Ҷомеа вобаста ба шинохту маърифати зиндагӣ барои худ шакли муайяни либосро муайян менамояд. Дар ҳар як давлат тарзи либоспӯшии одамон гуногун аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои охир бо назардошти фарҳангу анъанаи миллӣ либоси ягона барои хонандагони мактаби миёна ва мактаби олӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шудааст. Роҳбарон ва масъулони ин соҳа кӯшиш намоянд пурра аз тарафи хонанадагон тарзи либоспушӣ риоя карда шавад. Аммо ба ҳамаи ин кӯшишҳо нигоҳ накарда боз ҳам хунукназарии муҳассилин нисбати масъалаи риояи талаботи мавҷуда ба чашм мерасад.
Аксарияти ҷавонон кӯр-кӯрона ба либоспӯшии дигар давлатҳо тақлид мекунанд. Ҳам аз тарафи донишҷӯписарон ҳам аз тарафи донишҷӯдухтарон риоя накардани талабот дида мешавад. Таъсири фарҳанги бегона бештар ба чашм мерасад. Баъзе ҷавонон ба тарзи либоспӯшии Ғарбиён тақлид карда истодаанд, ки он аз як ҷиҳат паст гардидани ахлоқ дар ҷомеа мебошад. имруз дар ҷомеа баъзе ҷавондухтаронро дидан мумкин, ки тамоман тоҷик будани худро фаромӯш мекунанд онҳо ниҳоят бо либосҳои танг ба кӯча мебароянд, ки ахлоқи пасти инсониро нишон медиҳад. Онҳо фикр намекунанд, ки оқибати чунин либоспӯшӣ дуруст нест ва бо ин рафторашон фарҳанги бегона ва ахлоқу одоби ғайритоҷиконаро тарғиб мекунанд. Ҷомеа ҳарчи қадар рушд намояд ҳамон андоза ба масъалаи маънавият моҳияту ботини масъалаҳо рӯ меоварад ва инсонҳоро на танҳо аз руи зоҳир, балки вобаста ба дараҷаи маънавиёт ва дараҷаи тахассуснокиаш баҳо медиҳад. Аз ҳамин лиҳоз пушидани либоси муносиб вобаста ба муҳиту ҷойи кор ва муваффақияти шахс омили муҳим ба ҳисоб меравад.
Чихеле ки мегуянд, оилаи солим ҷомеаи солим. Имрӯзҳо дар муассисаҳои миёнаи махсус дар Донишгоҳҳо борҳо дар бораи либоспӯшии ҷавонон сухан мекунем. Бояд имрӯз дар ҷомеа падару модарон низ оиди либоспушии фарзандонашон риоя намоянд, то ки онҳо беаҳмияти зоҳир намуда, дигар фарҳанги либоспушии кишварро азхуд накунанд. Он либосҳое, ки онҳо ба бар мекунанд бояд ба фарҳанги миллии халқи мо ҷавобгӯ бошад.
Абдуҷабборова Р. – муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ