Изҳорот​и омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

Дар тӯли таърихи башариятро миллитҳоро ба фарҳангу мадаияти хоси ҳар як миллат мешиносанд ва яке аз ҷузъҳои ин фарҳанг либос ба шумор меравд, ки ба ҳар як миллиту давллат хос аст. Аз ин рӯ миллмти мо низ дорои фарҳангу маданияти тоҷиконаи худро дорад, аммо имрӯзҳо дар байни ҷомеа чанде аз бегонапарастон ва роҳгумзадагон ба пӯшидани сару либоси дигар миллат шурӯъ намуда онро хоси миллати худ медонанд. Ин рафтори онҳо бешуурона буда мехоҳан ҷомеро ба сӯи гумроҳи роҳсипор намоянд, зеро худи онҳо гумоҳшудагоне мебошанд, ки аз фарҳангу маданияти худ бехабар монда, фарҳани дигар миллатро аз они худ мешуморанд.

Ин фарҳанггумкардаҳо нанг ба номи миллати мо мебошанд, ки имрӯз аз асолати хеш хеле дур монда ба бегонапарастӣ рӯ овардаанд. Вой бар ҳоли онҳое, ки аз фарҳангу маданияту арзишҳои миллати куҳанбунёди мо тоҷикон бехабаранду бехабар мондаанд. Ин афрод нафароне мебошанд, ки асл, насаб миллат ва фитрати худро дар байни ҷомеа гумкардаанд ва як зумра либосеро ҳиҷоб гуфта ба барнамудаанд, ки ягон рабте ба миллати мо надорад. Дар ҳоле ки инқадар либосҳои зебо ва хоси миллати мо вуҷуд дорад ва хеле пуртаровату шукӯҳи тоҷиконаро инъткос менамояд. Вале афсӯс ки ин ҳиҷобпӯшонбехебр мондаанд аз худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии худ.

Дар урфият масале ҳаст ки “Зоғ рафтори кабкро меомӯзам гуфта аз рафтори худ мондааст”ин зоғсифатон бошанд бо ҳиҷоби худ аз аслу асолати мтиллати худ фасахҳо дур монданд.

Аюбов Ҳ.-омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ