​Ифротгароӣ падидаи номатлуби замон

Аслу ҷавҳари асосии ифротгароӣ дар шароити имрӯз пойбанди мафкуравии ниҳодҳои бегона шудани аҳолии кишварҳои мухталиф дар шаклу навъҳои гуногун аст ва худ аз худ дар амри ифротгароӣ арзишҳои мазҳабии бегона ҷойгоҳи хос ба даст овардааст. Ифротравон ҳаргиз фаҳмидан намехоҳанд, ки пуштибонӣ аз афкору ақоид ва таълимоти ифротгароёнаи динии як кишвар моҳиятан пуштибонии мафкураи он кишвар ва, ба ин васила, ноором кардани фазои ороми ҷомеаи дигар маҳсуб мешавад. Ин амр, барҳақ, ба муҳити солими ҷомеа халал ворид карда, ба системаи фикру ғояи миллии он кишвар зарбаи сахт мерасонад. Аммо, мутаассифона, нафароне, ки ба чунин зуҳурот дилбастагӣ пайдо мекунанд, на донишу биниш ва фаҳмиши амиқ доранд, на аз асосҳои улуми дунявӣ бохабаранд, на ба роҳу равиши пешрафтҳои миллии кишвари худ заррае сидқу садоқат доранд. Ба инҳо арзишҳои ватандорӣ ва миллатпарастӣ бегонаанд. Беватанӣ ва беватан будан аслу мағзи равандагии ин тоифаи ҷангҷӯ ва хатаровар мебошад, ки бояд аз беху бун чунин андешаро сар зад.

Ба лойоби таассубу ҷаҳолати динӣ ва доми тазвири қаллобону бидъаткорон ва таҳрифгарони дини ислом гирифтор шудани афроди ноогоҳ ва Худоҷӯйи дар асл Худобехабар боис гардидааст, ки аз дини мубини Ислом ва аҳдофи сиёсии он нохудогоҳона ба кор гирифта шавад. Ин амр ба ҷоҳиливу ваҳшонияти ин тоифа ишорат карда, бозгӯи он аст, ки онон бино ба бедонишӣ ва халалдору коста будани бардошти сиёсӣ аз фаҳмиши аслии сарсабзиву барозандагӣ ва сарзиндагӣ дар ҷомеа дар канор монданд, онҳо аз фарти бебаҳрагӣ аз фарҳанги башарӣ ва миллӣ ба махлуқи ношуд ва нокардагор табдил ёфтаанд, бе ҳиссу равнақ ва шармандаворона дар ҷомеаи озоди дунявӣ бидуни мақом ва мартабаи шахсиву ҷамъиятӣ боқӣ мондаанд. Ин гуна ифротварзон дигар ба бақои ҳастиашон набояд бовару эътимод дошта бошанд, инҳо ҳаққи комили нафас кашидан бо Ватан, Кишвар ва ҳамзистӣ бо фарзандони содиқи он надоранд, инҳо маҳкум ба заволанд, ки аз фарти нодонӣ, бехабарӣ ва нокоршоямӣ дар пешбурди Ватан, аз сабаби ноилоҷӣ ва худро ҳақир пиндоштан дар Ватан маълумоти андак оид ба дини Ислом ба даст оварда, талош варзиданӣ шудаанд, ки лоақал бо истифода аз номи дин мақоми иҷтимоиашонро беҳтар созанд. Ин тоифа дар дарки ростини равандҳои сиёсиву идеологӣ ва маърифатии асри мо ноқобиланд. Онҳо дарк накардаанд, ки абарқудратҳо ҷомеаи башариро байни худ тақсим карданианд ва дар ин роҳ аз қувваи бедонишон суд меҷӯянд, пайравони мутаассибу ҷоҳилро чун василаи татбиқи аҳдофи нопок ба кор мегиранд ва танҳо ба ин васила ба ниятҳои нопоки худ расиданианд.

Аз ин ҷиҳат, пайдоиш ва густариши зуҳуроти ифроту ифротгароӣ дар замони мо рукни ҳадафмандонаи сиёсати нопоки абарқудратон дар робита ба олами ислом аст. Дар ҷое, ки дониши динӣ ва пазириши дини Ислом андаке қафо монда бошад, бозори ифротандешӣ ва қаллобӣ дар авҷ хоҳад буд. Ҷое, ки мусулмони ноогоҳ ҳаст, оташи низоъ ҳамеша дар ҷӯш ва пойбарҷост. Чаро ин гуна афрод андеша надоранд, ки ҳамин ноогоҳии маҳз дар ҷомеаи мо яке аз сабабҳои аслии харобиовар дар ҷанги қавмӣ гардида буд?

Ин гуна афрод бо кӯмаки хӯҷаинон ва навкарони хориҷӣ хоҳонанд, ки ҳаёти ба назарашон ҳамвор, рӯзгоре мутафовит аз рӯзгори дигарон, ҳаёте пуросоиш ва пурайшу тараб бо онҳо бошад, аммо бехабар аз он ки бо чунин фаҳмиш расидан ба «биҳишт»-и мутлақ ғайриимкон аст. Инҳо намедонанд, ки даст ёфтан ба ин гуна рӯзгор бо сарсупурдагӣ, дилдодагӣ ва садоқати бемисл ба Ватан, ранҷу заҳмат барои Ватан ва кам шудану ғам хӯрдан ба Ватан имконпазир аст. Инҳо қобили дарк нестанд, ки бо ин шеваи ифротандешиву ифротгарӣ ҳаёти аҳли ҷомеа ва худу наздикон дар хатар хоҳад буд. Аз сабаби он ки зуҳуроти ифроту ифротгарӣ ба тоҷикон нав ва ҷараёни воридшуда ё ба истилоҳ «оварда» аст, ҳаллу фасли ин амр дар ҷомеаи мо мушкиле фаровон дорад.

Ин шеваи андешаи равандагони норости зиндагӣ – ифротгарон боиси падид омадани силсилаи фоҷиаҳои ҳангуфт ва гӯшношунид дар ҷомеаи имрӯз гардида ва таваҷҷӯҳи бевосита ва ҳарчи бештари ниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба ин амали нангину фоҷиабор ва эълон кардани мубориза ба зидди ифротгароӣ низ баста ба ин масъалаи ҳаётан муҳиму мубрам дорад. Ҳукумати Тоҷикистон хеле хуб ва равшану усулӣ дарк кардааст, ки мубориза бар ин амали нохушоянди ҷомеаи башарӣ ва решакан кардани он бо ҳама мушкилоти рӯҳиву равонӣ ва ҷисмониаш барои аз ноамнӣ баровардани кишварҳои дунё ва ҳаллу фасли силсилаи муаммоҳои зарурӣ муосидат хоҳад кард. Ин кӯшишу ибтикор мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро бамаротиб афзуда, симои воқеии онро дар пеши чашми ҷомеаҳои мутамаддини башарӣ баланд хоҳад бардошт.

Ба назари мо, яке аз сабабҳои боз ҳам асосии дар чоркӯчаи бунбаст қарор гирифтани тафаккури ифротравон дарк накардани моҳияти идеяи миллии тоҷикӣ аст, ки дар роҳи бебозгашти исботи ҳастии бақои миллат реша ёфтани зуҳуроти ифротгароии динӣ ва пазируфтани арзишҳои мазҳабии бегонаро куллан инкор мекунад. Барои расидан ба ин ҳадаф дар тамоми зинаҳои таълим – аз ибтидоӣ то олӣ тарбияву парвариши насли рӯҳану маънаван солим ва вусъат додани донишомӯзиши амиқи муттако ба таърих ва илму фарҳанги миллӣ хеле муҳим маҳсуб шуда, чунин амр заминаи асосии ташаккули шахсияти рӯшани меҳанпараст ва парвариши насли воқеии ватандӯст хоҳад гардид. Огаҳӣ ва баҳрамандии амиқ аз таъриху фарҳанги миллӣ ва садоқати азалӣ ба мафкураи миллии тоҷикӣ имкон намедиҳад, ки дар миёни тоҷикони таърихан фарҳангоин ва маънавиятсиришт ҳамандешони ифротгаро ва ба арзишҳои фарҳангии миллат бепарво ба воя расанд, ки ба рушди воқеии ҷомеаи мутамаддин халал меоваранд.

Баҳрамандӣ аз дониши пурбори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ имкон намедиҳад, ки моҳияти суханони сиёсатмадори бузурги гузашта Куруши Кабирро дар Эъломияи маъруфи ӯ фаромӯш намоем. Куруши Кабир зимни арзёбии шеваи раҳбарӣ ва раҳнамоии худ ба нуктаи хеле ҷолиб ишора кардааст, ки омӯзишу баҳрамандӣ аз он дар роҳи пешгирӣ аз ифротгароӣ хеле муфид аст. Куруш менависад, ки «вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи пойин ва подшоҳони Ғарб хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул ба пойгоҳи ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад… ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Хамаи худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоеро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Акадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном дорад, бозгардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам».

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ