Ватан яктост – Тоҷикистон яктост
Ватан ифтихор ва ватандорӣ саодати мост – мегўяд мардуми тоҷик. Оре, Ватан, меҳан як вожаи бузургу муқаддас ва сарзаминест, ки дар зери мафҳуми он пайвандон, ниёгон, забони модарӣ, ҷуғрофия, илму маърифат, тамаддун ва таърихи ҳар як халқу миллат фаҳмида мешавад. Ҳар фарди бо нангу номус бояд зодгоҳи зодманду пайвандони худ ё ин, ки ба андешаҳои бузургон «сарзамини поки ниёгонаш»-ро дўст дорад, муҳаббат ва садоқати бепоён ба он дошта бошад, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти кишварашро ҳифз намояд. «Дӯст доштани Ватан – нишонаи имон аст» гуфта шудааст дар як ҳадис.
Албатта ин суханҳоро шахсоне дарк мекунанд, ки имон доранд ватани хешро дўст медоранд. Аммо шахсоне ҳастанд, ки барои несту нобуд кардани Ватан фирефтаи ҳаргуна ҳизбҳои ифротӣ гардида, фурўхта мешаванд. Ин гуна шахсон, барои маблағи ночиз имони худро фурўхта, аз падару модар, ҳамсару фарзандон ва додару хоҳарони хеш ҷудо мегарданд. Чунин шахсон аз сабаби дониши кофӣ надоштан ва паст будани сатҳи маърифатнокӣ даст ба чунин кирдорҳои номатлуб мезананд. Дар натиҷа ҷанги даҳшатнок ва хунрезӣ ба миён омада, фарзандро бе падар, волидонро бе фарзанд, занонро бева ва фарзандонро ятим мекунанд. Аммо бояд мо ба қадри тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот расида, барои пешравии Ватан саҳмгузор бошем.
Боиси зикр аст, ки Муҳиддин Кабирӣ яке аз шахсоне, ки ба қадри тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот намерасад. Ў мехоҳад зери фишорҳои мардумони хориҷӣ ки ба ТЭТ ҳамроҳ ҳастанд, давлатро ба коми худ кашада, давлати хилофатро барпо намояд. Он шахсе, ки нисбати Ватани хеш амалҳои ноҷоро раво мебинад қонунвайронкунӣ мекунад, хиёнат мекунад, пешравии давлати худро намехоҳад, бояд дар назди қонун ҷавоб бигӯяд. Бинобар он мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият, Истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Ягонагиву яклухтии сарзамини мо аз худи мо вобаста аст, бинобар ин ба ҳар гуна суханҳои бардурӯғу фитнаангези ин гуна ашхос мо гирифтор намешавем ва тамоми мардуми тоҷик барои дастгирии Ҳукумати давлатӣ, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳи пешгирифтаи он кас ҳамеша тайёр ҳастем. Ин андешаҳои маҳалгароии онҳо бошад имрӯз аллакай ба касе даркор ҳам нест, зеро барои мо Ватан яктост – Тоҷикистон яктост.
Шарипова М. - дотсент