ҶОЙГОҲИ ОСОРИ ПАНДУАХЛОҚИИ НИЁГОНИ ТОҶИК ДАР РУШДУ КАМОЛОТИ МАЪНАВИИ НАСЛИ ҶАВОН

Адибони адабиёти классикии форсу тоҷик, аз ҷумла Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ҷалолуддини Балхӣ, Унсуралмаолии Кайковус, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Бедили Деҳлавӣ, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш ва дигаронро метавон ба унвони педагогони мардумӣ ёд кард. Зеро ин шахсиятҳои шинохта дар асарҳои пурарзиши назмиву насрии хеш бо истифода аз таҷрибаи ҳаёту рӯзгор фикру назарҳои худро ба риштаи назм кашида, дар асарҳои насрии худ низ ҷой додаанд. Дар осори эшон тарғиби илмомӯзиву донишандӯзӣ, некиву накӯкорӣ, ростиву росткорӣ, кумак ба ниёзмандон, эҳтироми бузургон, парҳез аз кирдорҳои бад, пеша намудани саховату карам, инсондӯстӣ ва даҳҳо хислатҳои дигар ба назар мерасанд. Адабиёти ниёгони мо, маҳз бо фарогирии панду андарзҳои олии худ ҳеҷ гоҳ куҳнашавӣ надорад. Ин хусусияти адабиёти мо боис гардидааст, ки эҷодиёти аксар адибони мо ба забонҳои гуногуни дунё тарҷима гардида, мавриди корбурди халқҳои гуногун қарор бигирад. Дар ин замина, метавон аз рубоиҳои Хаёми бузург, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ, осори Ибни Сино, ашъори Саъдии Шерозӣ ва дигарон ном бурд.

Соҳибқирони шоирон – устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ яке аз нафаронест, ки тамоми эҷодиёти ӯ бар пояи ахлоқ бунёд ёфтааст. Ӯ ҳанӯз ҳазор сол қабл чунин гуфта буд:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Зиндагӣ барои ҳар кадом инсон мураббии бузург аст. Инсон бояд аз таҷрибаи рӯзгор пайваста омӯзад, то дар бартараф намудани мушкиливу муаммоҳои ҳаёт аз он таҷрибаҳо истифода намояд.

Ҷойи дигар низ вобаста ба мавзуи мазкур ӯ чунин ибороз намудааст:

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Яке аз педагогони мардумии тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ маҳсуб ёфта, мавсуф бо «Шоҳнома»-и безаволи худ машҳур гардидааст. Мутолиаи ин ҳамоса, ба насли наврас имкон медиҳад, ки ҳамчун шахси ватандӯсту ватанпараст, худогоҳу хештаншинос, ҷасуру шуҷоъ ба камол расанд. Достонҳои паҳлавониву қаҳрамонии он, ки шахсро бо гузаштаи дури ниёгон ошно месозад, дар ҳосил гардидани ғурури миллӣ поя мегузорад. Зеро ки агар кас гузаштаи худро надонад, ояндаи худро бунёд карда наметавонад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш зимни Дарси сулҳ (аз санаи 1.09.2024) ба ниҳодҳои дахлдор супориш доданд, ки китоби мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз нав нашр гардида, ба ҳар хонаводаи тоҷик тақдим карда шавад. Ин иқдоми Пешвои миллат боиси таҳсину офарин аст. Зеро адибе, ки зиёда аз 30 соли умри гаронмояи хешро дар офариниши ин навъ асари пурарзиш сарф намудааст, беҳтарин афкору андешаро оид ба мавзуъҳои гуногуни пандуандарзӣ иброз медорад.

Дар «Шоҳнома» рочеъ ба тарғиби омӯхтани илму дониш чунин омадааст:

Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,

Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.

Ба дониш бувад мардро обрӯй,

Ба бедонишӣ то тавонӣ мапӯй.

Оре, муаллиф дуруст қайд месозад, ки нафари соҳиби дониши мукаммал ҳам дар гуфтор ва ҳам дар кирдор намуна буда, маҳз тавассути илму хирадаш дар ҷамъият обруву нуфуз пайдо менамояд.

«Шоҳнома»-ро зикр намуда, аз ақидаҳои ватандӯстонаи ӯ ёдрас накардан номумкин аст. Зеро персонажҳои он – Фаридун, Рустам, Суҳроб, Кова ва дигарон дар ҳимояи марзу бум, хоки поки Ватан ҷони худро дареғ надоштаанд. Насли наврас баъди ошноӣ бо қаҳрамониҳои образҳои асар ба онҳо пайравӣ мекунанд, Ватани худро дӯст медоранд ва ба ҳимояи он омода буданро ихтиёр мекунанд. Фирдавсӣ фармуда:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Бале, маҳз муттаҳидиву аҳлу тифоқии мардум боиси пойдории сулҳ дар кишвар мегардад.

Бояд қайд намоем, ки дар осори шоирон панду андарз мавқеи шоиста дорад. Дар ин гуна абёт суханварон ахлоқи ҳамида, ҷавонмардӣ, саховат, шуҷоат, илм ва тамоми сифатҳои хуби инсониро тарғиб мекунад, хусусан, тарғиби илму дониш дар ашъори Носири Хусрав низ хеле зиёд ба назар мерасад:

Илм аст кимёи ҳама шодӣ,

Эдун ҳаме кунад хирадам талқин.

Бо нури маҳ шаб набувад торик,

Бо илми ҳақ набувад дил ғамгин

Дар назари мутафаккир илм ҷавҳари биниш буда, ҷон ҳам бо илм зинда аст:

Тан ба ҷон зиндаасту ҷон зинда бо илм,

Дониш андар кону ҷонат гавҳарат аст.

Дар байти зерин низ муаллиф бар он хитоб менамояд, ки аз сухани хуб ва илми ба ҷомеа манфиатовар ҳаргиз рӯй матоб, зеро илм ҳам дар ин дунё ва ҳам дар дунёи охирати ба кор мераванд. Бо хирадмандон нишасту хест намудан ва аз дониши онҳо истифода карданро низ шоир талқин намудааст.

Руй матоб аз сухани хубу илм,

К-ин ду ба ду сарой туро бояд-т аст.

Парвариши ҷон ба суханҳои хуб,

Сӯйи хирадманд меҳин ҳасбат аст.

Ҳамин тариқ, адабиёти ниёгони мо саросар фарогири панду ахлоқ аст. Огоҳии ҳар чи бештар аз ин дурдонаҳо шахсро аз кирдорҳои норавову номақбул ва ахлоқи бад дур нигоҳ медорад. Инчунин, аз бар намудани порчаҳои назмиву насрӣ аз адабиёт ҳофизаи шахсро қавӣ намуда, захираи луғавиро ғанӣ месозад, дар баёни фикр доир ба мавзуъҳои мухталиф кумак мерасонад. Бесабаб нест, ки аҳаммияти ниҳоят бузург доштани омӯзиши эҷодиёти адибони классикро ба назар гирифта, Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳоиҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», «Фурӯғи субҳи доноӣ...»-ро пешниҳод намуданд, ки сол аз сол иштирокдорони он аз ҳисоби қишрҳои гуногуни ҷомеа афзуда истодааст.

Дар интиҳо бояд зикр намуд, ки ҷавонон дар омӯхтани илму дониш ва таҳқиқи мероси арзишманди гузаштагони хеш камари њиммат баста, ҷиҳати рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Азиза Ҳодибоева, номзади илмҳои фалсафа,

Ходими илмии Институти илмӣ-тадқиқотии

илмҳои ҷомеашиносии Муассисаи давлатии

таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ