НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ
Ҷашни муқаддаси миллӣ 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати мо аз муқаддастарин идҳо маҳсуб меёбад, зеро бо шарофати мустақилияти давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун халқи қадима, дорои фарҳанг ва тамаддуни бойи таърихӣ шинохтаанд ва эътироф намудаанд. Бо шарофат ва файзи соҳибистиқлолӣ кишвари мо сол аз сол рушд карда, зиндагиву рӯзгори мардум бештар аз ҳарвақта босаодату ободтар гардида истодааст.
Воқеан, ҳам хизматҳои шоистаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими соҳибистиқлолии кишвар бениҳоят бузург аст. Зеро ин чеҳраи мондагори таърихӣ дар лаҳзаҳои ҳассос ва мушкилии солҳои наваддуми асри гузашта, вақте халқ бесарпаноҳ монд, касе ба нафаре боварӣ надошт, хатари аз байн рафтани миллат ба вуҷуд омада буд, зимоми давлатдориро бар дӯш гирифт. Бо шарофат ва Сарварии ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хушбахтона давлати мо аз ҳар ҷиҳат рушд карда, ба яке аз давлатҳои шинохта табдил ёфт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ чандин корхонаҳову муассисаҳои хурду бузург баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ сохта ба истифода дода шуданд.
Дар вилояти Суғд аз ҷумла шаҳри Хуҷанд низ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба корҳои созандагиву ободонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуд. Имрӯзҳо бо дастуру роҳнамоиҳои раисҷумҳури кишварамон татбиқи нақшаву барномаҳои давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, мумфаршкунии роҳҳо, сохтмони биноҳои баландошёна, сохта ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ бо маром идома дода шуда истодааст.
Дар баробари ҳамаи ин пешравиҳо камбудиву норасоиҳо низ вуҷуд доранд, ки пешгирӣ накардани он ба ҷомеаи тинҷу ором хатари ҷиддӣ ворид месозад. Масалан ба ин ё он гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ҷалб гаштани ҷавонони гумроҳ, даст задани онҳо ба кирдорҳои ношоиста ва монанди инҳо боиси нороҳатии аҳли ҷомеа мегардад. Дар ин самт низ мо бояд дар байни аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем. Нагузорем, ки бо роҳи фиреб ҷавонони моро баъзе аз нохалафон ба доми худ кашанд ва бо ин амалҳои ношоиста ҷомеаро халалдор созанд.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки «ба даст оварданиистиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият аст».
Аз ин рӯ вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар яки мо дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ба қадри истиқлолияту озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва дар ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳм гузоштан қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Имрӯз вақте фаро расидааст, ки мо бори дигар садоқатамонро ба сиёсати ояндабинонаи Пешвои миллат ва роҳи интихобкардаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовезҳои азими меҳнатӣ ва мавқеи устувор нишон диҳем.
Бигзор пойдевори Истиқлоли давлатӣ устувор, Ваҳдату ҳамдилӣ ҷовидон ва парафшонии Парчами давлатӣ дар фазои оромии Ватанамон доимӣ бошад.
М.Мирбобоева,
устоди Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров»