ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲИДОЯТНОМА ВА БАРНОМАИ РУШДИ БОСУБОТИ ҶОМЕА

Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва суханрониҳо ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҳидоятнома ва барномаи рушди босуботи ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, он ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисоду иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат басо таъсирбахш аст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш иброз доштанд, ки: «Мафҳуми илму дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд».

Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаи илму дониш ва рушди ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳ ва ғамхории зиёд зоҳир карда мешавад. Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати кишвар дар даврони истиқлоли давлатӣ масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст ва дар ин замина бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14-уми апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад.

Зери сиёсати дурнигарона ва маърифатпарваронаи Пешвои миллат имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳаи маориф дар ҳолати рушди рӯзафзун қарор дорад. Пешвои миллат ин омили такондиҳандаи пешрафти иҷтимоиро тавсиф намуда, таъкид медоранд: «...фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Сарвари давлат дар бораи вазифаҳо ва ҳадафҳои мактабу маориф сухан ронда, ҷои дигар иброз медоранд, ки «таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли дилсӯзу ғамхори Ватан, халқу ҷамъият, насле, ки масъулияти фардои Тоҷикистонро ба дӯш гирифта тавонад, вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси сохтори маорифи мост».

Маорифро воситаи асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат унвон намудани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи ҳаётан муҳим мебошад.

Пешвои миллат дар баромадҳои худ борҳо зикр намудаанд: «Маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст». Ин суханҳои маорифпарварона ва дурнигаронаи Пешвои миллат гувоҳи рӯшани эътибору аҳамияти махсус зоҳир намудани Сарвари кишвар ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии ҷомеа, омода намудани техникаву технологияи муосир, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва шинохти асолати милливу таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Маҳз бо ҳамин мақсад, тӯли чанд соли охир озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо ташаббуси бевосита ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.

Бояд гуфт, ки чунин иқдоми бисёр муҳим то ин вақт аз ҷониби ягон сарвари кишварҳои дигари ҷаҳон ба чашм нарасидааст, ки худ бевосита ҷиҳати рушди маънавиёти мардум озмунҳои сатҳи баландро ташкилу роҳандозӣ намуда, аз хурд то бузурги аҳли ҷомеаро ба донишомӯзӣ, мутолиаву омӯзиш ва боло бурдани сатҳи маънавиёти миллат иқдомҳои наҷиб анҷом дода бошад. Албатта, ин нишонаи аз миллати тамаддунофар, фарҳангӣ ва қадима будани миллати мо ва аз хиради баланди Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.

Иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа новобаста аз ихтисос ва фаъолияти корӣ, аз кӯдакони ҳафтсола то пиронсолон дар озмунҳои мазкур гувоҳӣ аз ҷалби саросарии аҳолӣ ба илму маърифат, навоварӣ, ихтирооту истеҳсолот, мутолиаи китобҳо ва эҷодиёт мебошад.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҳар миллат тавассути таълим ва тарбия фарҳанг ва ёдгориҳои маънавии худро ҳифз менамояд, арзиши онҳоро боло мебардорад ва ба наслҳои оянда мерос мегузорад.

Ҳамчунин, бояд тазаккур дод, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар васеъ ва густурда ба роҳ монда шуда, вобаста ба ончанд барномаҳои давлатии таълим махсусан, доир ба такмили забонҳои англисӣ ва русӣ қабул гардидаанд. Инкишоф ва ривоҷи забономӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор омилҳо ҳамбастагӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҳар як баромаду мулоқот бо аҳли маориф ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир намуда, таъкид бар он менамоянд, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамгом бошем, зеро замони муосир онро тақозо менамояд. Пешвои миллат ҷавононро муваззаф намуданд, ки забондонва ҳамқадами замона бошанд.

Дар умум, ҳадафи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат тарбияи насле мебошад, ки бо дониши мукаммал, ҷаҳонбинию худшиносии миллӣ ва бо камоли масъулияти ватандорӣ бунёди Тоҷикистони навин мебошад.


Азиза ҲОДИБОЕВА,

номзади илмҳои фалсафа, ходими илмии

Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ