Арзишҳои тарбиявии асарҳои пешвои миллат
Истиқлолият на танҳо барои омӯзиш ва таҳқиқи ҳаматарафаи паҳлуҳои гуногуни таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик шароити мусоиду созандаро муҳайёсохт, балки ба давраи комиланнави рушди таърихнигории миллӣ ибтидо гузошт. Маҳз дар ҳамин давраи нисбатан кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ олимониҷумҳурӣ ба пажӯҳиши саҳифаҳои торик ва берун аз доираи таҳқиқ мондаи таърихи халқи тоҷик рӯ оварда, дар ин ҷода натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд. Чоп шудани таҳқиқоти ҷиддӣ ва рисолаҳои бунёдӣ, ба дасти хонанда расидани осори хаттии гузашта, ба вижа манобеи гуногуни таърихӣ шаҳодати рушди марҳалаи комилан нав дар таърихнигории ватанӣ мебошад.
Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху фарҳанги гузаштаи аҷдодӣ ҳисоб меёбад. Президенти мамлакат на танҳо тавассути Паёму суханронӣ ва дастуру супоришҳо, таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, арҷгузории худро нисбат ба хидмату дастовардҳои нухбагони таъриху фарҳанг ва илму адаби миллат, ҳифз ва эҳёи суннатҳои миллӣ нишон медиҳад, ҳамчунинбо таълифи мақолаву асарҳои илмӣназари худро ба масоили гуногуни таърихӣ иброз намуда, дар таҳқиқи таърихи миллат нақши арзандаву сазовор мегузорад.
Арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик яке аз рукнҳои муҳимтарини худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб рафта, ифтихор аз он пайвандгари наслҳои гузашта ва имрӯзу ояндаи миллат ба ҳисоб меравад. Бозтоби илмии лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсози тоҷикон дар асарҳои Асозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассуми равшан дорад. Арзиши таърихии асарҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, аз он нуқтаи назар муҳим аст, ки он паҳлуҳои мухталифи худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳёи хотираи таърихии тоҷиконро дар оинаи таърих инъикос намудааст. Нуқтаи дигаре, ки боиси таҳсин аст, инъикоси воқеии раванди сулҳи тоҷикон ва наҷоти ватану миллат аз парокандагӣ мебошад.
Ҷаҳонишавӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, дар либосу ҷомаи нав ба ҷилва омадааст, ки баъзан арзишҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷикро ба марзҳову кишварҳои ҳамҷавор ва халқиятҳои дигар нисбат медиҳанд яке аз омилҳои асосии рӯ овардани Пешвои миллат ба масоили таърихӣ мебошад.
Мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба тамаддун ва таърихи ориёӣ”, 2Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам”, “Имоми Аъзам – рӯзгор, осор ва афкор”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ”, “Бист қадами созанда”, “Забони миллат - ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои истиқлол” таъсири хуб дорад.
Пешвои миллат ояндаи миллатро маҳз дар таълиму тарбияи баланди ҷавонон мебинанд. Омӯзиши таърихи ниёгонро аз рукнҳои муҳими расидан ба ин матлаб ҳисобида, таъкид сохтаанд, ки: “Як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Воқеан, мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру нуқтасанҷ дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро бароямон мекушояд”.
Пешвои миллат бо китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ба рисолати таърихии мардуми тоҷик бори аввал дар илми таърихнигорӣ баҳои сазовор дода, ҳамзамон аз арзишҳои ахлоқии таърихӣ ёд мекунад, ки барои насли имрӯз дарку маърифати он ҳатмист.
Китоби дигари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” низ дорои арзиши баланди илмиву таърихӣ ва аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад. Китоби мазкур ифодагари таърихи пурғановати тоҷик мебошад. Муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолият, ҳамчунин фидокориву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаву далери миллати хеш тадқиқоти ҷолиб бурда, дар ниҳоди хонанда, хосса ҷавонони Ватан, эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандориро такмил медиҳад.
Омӯзиши асарҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми кишвар, бахусус наврасону ҷавонон мояи ифтихор, намунаи ибрат, дарси худшиносиву меҳанпарастӣ аст.
Абдукаримов Ҷ.А., номзади илмҳои таърих,
дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров