Масъалаи ифтихори миллӣ дар достони «Пайғоми ориён»-и Аҳмадҷони Раҳматзод

Шоири соҳибназари тоҷик Аҳмадҷони Раҳматзод беш аз панҷоҳ сол аст, ки ба майдони шеъри тоҷикӣ бо равиши хоса ворид шудаву бо хомаи пуррамзу розаш муҳимтарин ормонҳои инсонӣ ва миллиро басо самимиву воқеӣ ба тасвир овардааст. Ашъори ноби шоир ифодагари нигоҳи тоза ба меҳану таъриху фарҳанг, адабиёту маънавиёт, расму таомулҳои аҷдодист. Ҳарчанд бо рамзу роз шеър гуфтаву рӯзгори гузаштаву имрӯзро ба ҳам созиш додааст, ҳадафи эҷод ва андешаву дардҳои ботинашро метавон аз навиштаҳояш бидуни душворӣ дарк кард. Забони ашъораш салису равон, тасвирҳо рушану хотирнишин,ифодаҳо ҷолибу муассир ҳастанд. Мавзуи шеърҳояш маҷмуи масъалаҳои миллист, ки дар он ҳам ба таъриху фарҳанг, илму адаби куҳан ва ҳам ба дастоварди муосирон ишора шуда ва мағз-мағзашро ифтихору эҳтиром аз аслу насаб ва таърихи гузаштаи пурғановати халқи тоҷик ташкил мекунад.Шоири соҳибқалам дар баробари дастёбӣ ба эҷоди анвои хурди суннативу ҷадид, таҷрибае дар офаридани достонҳо карда ва тавфиқ низ ёфтааст.

Маълум мешавад, ки ифодаи масоили ифтихори миллиро бештар дар ашъори бузурҳаҷм таҷриба кардаву имконоти хубе фароҳам омада, ки ормонҳои хешро хеле ҷасуронаву муассир ба қалам диҳад ва бе ҳеҷ шакку тардид дастёб низ гардидааст. Достонҳои шоир фарогири давраҳои мухталифи рӯзгори миллати тоҷик буда, ба марҳилаҳои муайяни таърихӣ аз замони қадим то садаи ХХ руҷуъ шудааст. Аз унвони достони «Пайғоми ориён» маълум аст, ки шоир мехоҳад пайке аз гузаштаи пурифтихор ва корномаи фарзандони ҷонфидои миллат ба ҳамзамонон расонад ва ба ин васила эҳсоси ватандӯстиву худшиносии онҳоро бештар ба таҳаррук орад. «Пайғоми Ориён» аз номаҳои чеҳраҳои шинохтае фароҳам омадааст, ки ҳар яке дар авроқи таърих ва тақдири миллат нақши мондагор гузоштаанд. Ба Каюмарс рабт доштани номаи нахустин бесабаб нест, зеро тибқи асотири куҳан ӯ нахустинсон аст, ки ба рағми бадӣ мубориза бурда, дар идомаи насли одамӣ ҷасорат намудааст. Шоир пеш аз оғози нома нигоштааст, ки «Дар маҳалли Пуличуқури шаҳри Хуҷанд Мазори Каюмарси Одам мавҷуд аст...».

Шоир бо он розӣ нест, ки муҳаққиқон таърихи Хуҷандро «бисту панҷ садсола» медонанд. Ба андешаи ӯ Хуҷанд дар баробари қадимтарин кишварҳои ориёӣ пайдо шуда, таърихаш бо таърихи зуҳури олам баробар, муқаддамтар аз пайдоиши одам аст:

Надонистанд, оваҳ,

ту бад-ин дунёи пурафсона ҳамсиннӣ.

Ту бо ман ҳамтаборӣ, ҳамбари Сайрию ҳамнола...

Надонистанд, оваҳ, мабдаи умри дусад даврон

Ту ҳастӣ дар миёни ҷумла кишварҳои ориён...

Устод Раҳматзод пайдоиши Хуҷандшаҳрро баробари оғози таърих медонад ва итминон дорад, ки то ҳол он аз ҷониби донишмандон пурраву дақиқ омӯхта нашудааст.

Хуҷанд, эй ҳамсабақ дар мактаби таърих!

Ту ҳоло чандсола?!

Ҳеҷ кас ҷуз ман намедонад!

Аҷаб, дар айни даврони нумӯи ту!

Китоби ҳастиятро ҳеҷ кас сидқан намехонад!

Ҷавонӣ?

Ё пири сад-дусад садсоларо дида?!

...Ба ҷуз оинаи дарё

Касе рӯшан намедонад...

Худшиносии миллӣ, ифтихор аз аслу насаби хеш ва ҷустуҷӯҳои амиқи таърихӣ тавассути суолгузорӣ, андешаҳои баҳсбарангез, руҷуъ ба асотири куҳан ва таърихи гузаштаи дури миллат ифода ёфтаанд. Муҳимтар аз ҳама шоир дар заминаи ҳофизаи таърихӣ, борҳо талаву тороҷ гардидани мулки аҷдодиро сабаби асосии вазъи замони муосир медонад ва дар заминаи ҷустуҷӯи сабабҳои ба миён омадани воқеияти ҳол ба хонанда муроҷиатан усули ислоҳи онро дар бахши дигари достон «Номаи Ориёнфар» баён медорад.

«Номаи суғдӣ» ифодагари андешаҳои миллии шоиранд. Ӯ худро аз табори каёниён ва «як қавми баргузидае аз насли ориён» меҳисобад. Ҳаводиси хунини таърих, борҳо ба қатлу ғорат рӯ ба рӯ омадани миллати ситамдида, сӯхтани китобҳову порае аз ҷузъи таърихи миллат, бо худ бурдани ганҷинаҳои маънавиву моддӣ аз ҷониби ғосибон, гурезагии мардуму парокандагии миллат дар тӯли таърих бо бадеияти хос тавъам ба қалам омада, матлаби асосӣ бозтоби сабақи таърих ва инкишофи худогоҳиву худшиносии хонанда мебошад.

Бояд зикр кард, ки ҷанбаи фалсафии достон низ қавӣ буда, ба масоили натанҳо ҳастии инсон, балки пайдоиши замину замон ва макони ориёиҳо таваҷҷуҳ шудааст. Хонанда пайи ҳар тасвир, ҳар манзараи рӯзгор метавонад назари шоирро ба масъалаи фалсафии ҳастии инсон мушоҳида кунад, ки асоси он ба камолоту ахлоқи инсон рабт мегирад.

Дар достон ба се давраи муҳимми рӯзгори мардуми форсу тоҷик руҷуъ шуда, корномаи намоёнтарин чеҳраҳо, ки дар рушду нумӯи маънавиёти ҷомеа таъсир гузоштаанд, ба тасвир омадаанд. Чи навъе ки қайд шуд, дар оғоз ифтихори шоир аз дастовардҳои мардум дар давраи қадим зикр шуда, дар қисми дуюми достон се номаи дигар оварда шудааст, ки корномаҳои амир Исмоили Сомонӣ, Темурмалики диловар ва Шайх Камоли Хуҷандӣ мавриди таваҷҷуҳи шоир қарор гирифтаанд.

Аз забони Исмоили Сомонӣ дар «Номаи мунтасири Сомонӣ»- номаи чорумсухан рафта зикр шудааст, ки руҳи Амири Сомонӣ то кунун осуда нест ва қасди интиқом аз душманон дорад. Дар ин аҳд ӯ танҳо нест, балки мардумисарбаланди Хуҷанду Кандҳама дар армон ва омодаи мубориза бо душман ва барқароркунии адолатҳастанд. Ӯ Бухороро «армондиёр» мегӯяд, мулки муаззаме, ки бегонагон соҳибиву хона карданд. Сипас, аз роҳҳои беҳтар кардани адолати иҷтимоӣ сухан рафта, таъкид шудааст, ки бояд аз гузашта сабақ гирифт, то имрӯзу ояндаро дурусттару беҳтар огоҳонаву эҳтиёткорона бисозем:

Сабақ аз суқути амирони мо гир,

Ки ҳар як ғулом оқибат шуд амире,

Ки ҳар зархарида бишуд саркашида...

Вазирон бимурданд пас аз асирӣ,

Дил аз хун кафида, ба рӯ оби дида...

Воқеан сабақи таърих муҳимтарин дарси рӯзгор аст, ки адиб маҳз ба ҳамин хотир онро ба таҳқиқ кашидаву омӯхтану донистан ва сари ҳар масъалаи муҳимми миллӣ фикр карданро аз заруртарин меъёрҳои худшиносии миллӣ медонад. Ҳар нафаре, ки босадоқат дар ҳифзи марзу буми Ватан қаҳрамониву шуҷоат нишон дод ва умри худро барои таъмини рӯзгори шоиста, дурӣ аз асириву залилӣ бохту қурбон шуд, номи ӯ дар авроқи таърих бо хатҳои зарҳалӣ сабт мешавад ва адибони ҳар давру замон ҳадафмандона аз пайкорҳои ӯ сухан карда, бештар ҳисси ифтихори хешро бо андешаҳои тозаву мазмунҳои баланд изҳор медоранд. Маълум аст, ки яке аз чунин шахсиятҳои ҷонфидо, ки номи шарифаш бо эҳтироми хоса, ашъори шуарои моро натанҳо зеб медиҳад, балки василаи муҳиммест дар дарки як марҳилаивазнини таърихи халқи ҷафодидаи тоҷик Темурмалики ҷасуру диловар аст.«Номаи Темурмалик» ифодагари натанҳо неруву қудрату ҷасорату матонати Темурмалики мубориз, балки хислатҳои манфуру ноҷавонмардонаи бархе ҷоҳилон, ки бо хиёнату разолату қабоҳати хеш боиси шикасти ҷавони шуҷои диёр гардиданд. Шоир андеша дорад, ки то он даме, ки хиёнат ҳасту разолату туҳмату қабоҳат дар ҳукуматҳо ҷой доранд, мардумро рӯзгори хушу босаодат, муҳаббату шавкат нест, балки азобу кулфат ҳаст. Аз ин ру, бояд сараввал хиёнатро аз байн бурд, то садоқат гул кунад ва рӯзгори мардум ба мисоли баҳишти адн гардад. Устод Раҳматзод воқеияти ҳолро овардааст, зеро таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ҳамин хиёнат ба ҳамдигар ва бахусус, ба ватану миллат тамоми хубиҳоро ба зиштӣ мубаддал мекунад, рӯзгори мардумро талху сард мегардонад. Саргузашти Темурмалики диловар василаест, барои ифодаи андешаҳои ахлоқии шоир, нишон додани сабаби нобасомониҳову азобу кулфати ҷомеаи натанҳо куҳан балки муосир. Ин усули бисёр маъмули тасвир дар насри бадеии нимаи дуюми садаи ХХ ба миён омада, хосатан дар давраи истиқлоли миллӣ рӯ ба рушд ниҳод. Одатан адибон бо василаи назар андохтан ба ҳаводиси таърихи куҳан ва корномаҳои ҷавонмардони шуҷоъ, эҳсоси худшиносии хонандаро бедор мекунанд. Хусусияти хосаи достони Аҳмадҷони Раҳматзод дар он зоҳир мешавад, ки дар баробари бозтоби сабақҳои таърих ҳокимони вақтро ба адолатпешагиву садоқатмандӣ ба мардум даъват менамояд. Воқеан шахсияти Темурмалик, матонату ҷасорат, зиндагӣ ва кору пайкорҳояш пандомӯз буд ва ҳамин садоқати ӯ ба Ватан номашро дар авроқи таърих абадӣ сабт намуда, боиси ифтихори мо тоҷикон гардид.

Шоир дар номаҳои дигар аз забони устод Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров сухан мекунад, ки воқеан барои пойдорӣ ва муаррифии миллати тоҷик ба ҷаҳониён нақши барозанда доранд. Мавсуф аз тамоми ҷафоҳои замон нисбат ба Айнии бузург ва бар рағми тамоми бедодгариҳои душманон зӯру тавонманд гардидан, хидматҳои беназираш дар ҷодаи муаррифии миллат,бедориву худшиносии мардум, ташаккули илму адабиёти тоҷик сухан кардааст:

Замон будам ба ҳастии «Намуна» ҷони миллатро,

Ба дӯши дил кашидам бо тавонам бори зиллатро.

Кунун дунё шиносад номаи морову номи халқ,

Манеҳ аз тори сар тоҷи каёнро-фарри нусратро!

«Номаи Бобоҷон Ғафуров» бо он ҷиҳат аз номаҳои дигар тафовут дорад, ки он дар ҳошияи китоби «Тоҷикон» навишта шуда ва худи муаллиф низ ин нуктаро зикр кардааст. Аз ин ҷост, ки аз давраи бостон ва ашхоси устуравии зардуштиву «Аржанг»-и Монӣ, хунёгариҳои Борбади марвазӣ, шукуҳу шаҳомати давлати Сосонӣ, то ба асрҳои миёна, бахусус, ҳукмронии Исмоили Сомонӣ, осори бебаҳои Фирдавсиву Бӯаливу Аттору Саъдӣ, лашкаркашиву бедодгарӣ, талаву тороҷгариҳои душманон сухан карда, то садаи ХХ мерасад ва аз заҳматҳои шоистаи ин нобиғаи айём аз номи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ифтихор мегӯяд:

Маро аз хок то афлок

бурдию ба дунёе шиносондӣ,

Ба тахти давлати гумкардаи аҷдод биншондӣ.

...Бақои боқии ин мулки дунёӣ ту будастӣ,

Чу мӯҳри ҳукми фардоӣ ту будастӣ!!!

Воқеан, як хусусияти ашъори шоир таваҷҷуҳубардошт аз сабақҳои таърих ва дар заминаи руҷуъ ба воқеаҳо ва чеҳраҳои мунири таърих таъсир расонидан ба ташаккули худшиносиву худогоҳии ҳамзамонон ва бахусус ҷавонон аст, ки аз меъёрҳои муҳимми ахлоқи миллист. Шоир дар заминаи таваҷҷуҳ ба воқеаҳои таърихӣ андешаҳои бадеии худро ифода карда, бо мисолҳои мушаххаси ибратбахш, ба корномаву қаҳрамониҳои фарзандони барӯманди тоҷик ишораҳои ҷолиби шоирона дорад ва ба ин васила хонандаро барои арҷ гузоштан ба дастовардҳои ғаноманди гузаштагон роҳнамоӣ мекунад.

«Номаи Сирдарё» номаи охирин ва ҷамъбастист, ки оғозу анҷоми достонро ба ҳам мепайвандад. Дар номаи нахуст ба қадимии дарё ишора шуда буд, дар ноами охир низ аз номи дарёи Сир гӯё сухан рафта, ҳамчун шоҳиди воқеаҳои зиёди таърих, дар заминаи тасвири обу мавҷҳои он муҳимтарин масъалаҳои ахлоқиву иҷтимоии замонро ба тасвир гирифта, ҷо-ҷо аз бузургиву қудрати он низ сухан кардааст. Ҷолибии ин бахш дар он аст, ки шоир дар анҷоми достон боз ба тавсифи шукуҳу шаҳомати Хуҷанд бозмегардад, вале ин дафъа аз забони дарё сухан мекунад:

Эй шаҳри нур, эй Хуҷанд,

эй тифли қобилам!

Марди бузург гаштаӣ дар пеши соҳилам...

Шоир мавҷҳои дарёро ба хати ҷабини инсон ташбеҳ дода, онро хати қисмат меҳисобад, хате, ки бо гузашти замон аз рӯзгори нобасомон, аз ҷабри золимон, аз саргузашти пурфоҷиаи инсонба миён омадааст.

Ҳамин тавр дар достони «Пайғоми ориён» як баста масъалаҳои муҳимми миллӣ, ки бо таърихи миллат пайванд доранд ба таҳқиқи бадеӣ гирифта шуда, дар заминаи онҳо масоили сиёсиву ахлоқии замон матраҳ шудаанд. Қаҳрамонони достон нафароне ҳастанд, ки рӯзгори ибратбахшу намунавиро паси сар карда, номи неки хешро дар авроқи таъриху адабу фарҳангимиллат абадӣсабт кардаанд. Ин чеҳраҳои мондагори таърих бо меҳнату заҳматҳои пайваста, дар рушди самтҳои муайяни кишвар саҳми шоиста доштанд ва рӯзгору кору пайкорашон боиси омӯзишу пайравист. Воқеан чунин шеърҳо барои имрӯзиён ва фардоиён дар шинохти натанҳо дастовардҳои номварони фарехта муҳим мебошад, балки ифодагари маънавияти баланду ахлоқи ҳамидаи онҳост. Хонанда дар баробари маърифати достон, лаззату кайфияти руҳиву маънавӣ ва ифтихори миллӣ ҳосил намуда, ҳамзамон аз азму матонат, иродаву ахлоқи писандидаи онҳо огоҳӣ пайдо менамояд.


Мутриба Мавлонова

номзади илмҳои филология,

мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики

МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ