Либоси миллӣ рукни муҳими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ

Либоси миллӣ баёнгари фарҳанги миллат ёдгоре аз таърих ва аҷдодонамон мебошад. Зеби духтарону занони тоҷик атласу адрас ва чакану тоқӣ аст. Зеро бо ин либосҳо мо метавонем халқи тоҷикро ки таърихи ҳазорсола дорад муаррифӣ намоем. Баробари пешрафти замон ва ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо аксари духтарону бонувони мо аз фарҳанги худ дур гардида ба бегонапарастӣ ва хуруфот руй оварданд. Ин раванд махсусан дар байни духтарон авҷ гирифтааст, ки он хатари ҷиддӣ ба бор оварда метавонад. Чаро имрӯз бонувон ба ҷои либосҳои миллӣ либосҳои аврупоӣ ва ё сиёҳро ба бар мекунанду бехабар аз он ҳастанд, ки бо ин амалашон барои поймол кардани фарҳанги миллӣ мусоидат менамоянд.

Баҳри пешгириии бегонапарастӣ ва хуруфот давлату ҳукумати кишвар як қатор ташаббусҳои нишонрасроқабул намудааст. Аз ҷумла санаи 20 июни соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”қабул гардид, ки дар он оварда шудааст.”воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст”

Ҳамчунин бо мақсади риояи тарзи либоспӯшӣ ва ташвиқи либосҳои миллӣ соли 2018 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»-ронашрваба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод намудааст. Соли ҷорӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастурамали мазкур ҷаласаи корӣ баргузор намуда ба он иловаҳо ворид намуд.Оид ба намудҳои либосҳои тавсиявӣ дар бахши ёздаҳуми ин Дастурамали тавсиявӣ оварда шудааст, ки «барои духтарон ва занон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртаҳои нафисутунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчуниндар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастагии бадан намоён мешаванд, либосҳое, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия дода намешавад».

Дастурамал хусусияти тавсиявӣ дошта бо мақсади ба танзим даровардани либоспӯшии миллӣ пешниҳод гардидааст. Бояд қайд намуд, ки баҳри дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлат, ки нигоҳдоронда ва тарғибгари фарҳанги миллӣ аст дар тамоми корхонаву муассисаҳои давлатӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ вохӯриҳо бо намояндагони кумитаи занони маҳаллӣ, шаҳру деҳот ва вилоят гузаронида мешавад. Ҳамчунин занону духтарон пайваста дар флешмобҳои “Тоҷикона мепӯшем” “ Аз либоси миллиамон ифтихор мекунем” ва якчанд чорабиниҳои гуногун ки таҷассумгари ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад иштирок менамояд. Ин тадбирҳои номбурда аз шумори ками ташаббусҳои ба роҳмондаи кишвар маҳсуб меёбад, ки қайд гардид.

Аммо новобаста аз ин духтарон ва бонувоне ҳастанд, ки то ҳол ба ин та всияҳоро риоя намекунанд. Баҳри фаҳмидани фикру андешаҳои бонувон аз якчанд нафар бонуовони касбу корашон гуногун сӯҳбат намудемю

Суман Ҳомидова яке аз сокинони шаҳри Хуҷанд чунин ақида дорад, ки барои садди роҳи ин равандро гирифтан бояд ба самти тарҳу дӯхти либосҳои миллӣ зиёдтар аҳамият дода шавад: “ Ман фикр мекунам, ки агар тарроҳон бо истифода аз матоъҳои миллӣ намунаҳои гуногуни либосро таҳия намоянд ва имкони дастрасиро ба либосҳои миллӣ зиёдтар шавад, пас занону духтарон бештар ба пӯшидани либоси миллӣ мепардозанд. Зеро либоси миллӣ зеби духтарону бонувон аст.”

Исҳоқӣ Маҳфуза омӯзгори МТМУ № 15 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чунин назар дорад; “Риоя кардану аз бар намудани либосҳои миллӣ бояд барои ҳар як шаҳрванди тоҷик боиси ифтихормандиву шараф бошад. Зеро Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки либоси миллӣ зебандаи бонувони кишвар аст. Дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем». Баҳри иҷрои ин супоришҳо ва ташаббусҳои фарҳангпарастонаи Сарвари давлат моро мебояд бештар дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем. Дар навбати худ бо тарғиби либосҳои миллӣ мо муаллимон метавонем садди роҳи бегонапарстӣ шавем”

Наргис Каримова мутахасисси пешбари бахши фарҳанги МИҲД ш.Истиқлол чунин мегӯяд: “Либоси миллӣ-нишони фарҳанги мост. Аслан имрӯз бисёре аз духтарон ба тарзу либоспӯшии кишварҳои аврупо ва туркӣ тақлид менамоянд. Ман фикр мекунам, қонуни қабулгардида хеле саривақт , аст зеро агар либосҳои бегона ба кишвар камтар ворид гардад, пас занони мо либосҳои миллиро ба бар мекунанд.

Меҳрангез Сатторова корманди ДДХ чунин мешуморад, ки барои беҳтар намудани ҳолати либоспӯшии занону духтарон бояд тариқи ВАО ва сомонаҳо бештар барномаҳое, пахш гардад, ки тарғибгари либосҳои миллӣ бошад.

Бояд қайд, намуд, ки ба хотири тарбияи арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, ба кишвар бахусус баланд бардоштани нақши либоси миллӣ байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон занону мардон, муаррифии либосҳои миллӣ чандин фестивал ва ҳамоишҳо аз қабили “Сад ранги чакан” “ Ҷилваи рангҳо” “Сад ранги чакан” “Тоҷикона мепӯшем” “Либоси миллӣ” ва дигар барномаҳо доир мегарданд.

Мо бонувони кишвар ифтихор аз он мекунем, ки соҳиби давлату миллат соҳиби таъриху фарҳанги бисёрсолава анъанаву маросимҳои хоси миллӣ дорем. Ифтихорманд аз он ҳастем, ки зерисарварии роҳбари оқилу доно ва фарҳангпарвар зиндагӣ ва фаъолият мебарем.



Мирзоева Мавзуна Аҳмадовна - муаллимаи кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии факултети филологияи тоҷик

МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ