Марди накӯном намирад...
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз реҳлати дотсенти кафедраи Геометрияи тасвирӣ, нақшакашӣ ва методикаи таълим Турсунов Сайфулло андуҳгин буда, ба пайвандон, ҳамкорону шогирдон ва наздикони устод изҳори ҳамдардӣ менамояд.
Турсунов Сайфулло хатмкардаи шуъбаи нақша, расм ва меҳнати факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, соли 1981 фаъолияти омӯзгории худро дар кафедраи “Асосҳои истеҳсолот” оғоз кардааст.
Пайроҳаи зиндагии устод барои насли ҷавон намунаи ибрат буда, фаъолияти илмиву педагогии эшон арзиши гуфтану навиштанро дорад.
Мавсуф аз вазифаи муаллим то сатҳи ҷонишини декан расида, давоми фаъолият дар самти таъмини пешрафт ҳамеша дониш ва маҳорати худро равона намудаанд.
Рисолаи номзадии Турсунов Сайфулло дар мавзуи “Фаъолияти таълимии технология ҳамчун олими касбомӯзии хонандагони мактаби олӣ” дар Академияи таҳсилоти АТТ соли 2013 дифоъ шудааст.
Устод муаллифи беш аз 47 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ, 4 маводи таълимӣ-методӣ, 2 роҳнамои таълим маҳсуб меёбанд.
Ёди устод Турсунов Сайфулло ба хайр ва манзили охираташон обод бошад!
Маркази иттилоот ва таҳлил