Паёми Пешвои миллат ‑ рӯшангари фардои миллат!

Паёме, ки дар рӯзи дониш аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли зиё ирсол гардид, боз як заминаи нав барои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии моро тақозо менамояд. Бешупҳа, гуфтан ҷоиз аст, ки аз паём то паём марҳилаҳои нави инкишофро аҳли ҷомеаи навини тоҷикистонӣ дар амалия пай мебаранд. Имсол низ дар давлати соҳибистиқлоли мо дигаргуниҳо назаррас дар ҳамаи самҳои фаъолияти соҳаҳои гуногун ба назар мерасанд. Ин дар ҳолест, ки вазъи сайёра бар асари талоши абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бисёр ҳассосу ноором аст. Пешвои миллат дар Паёми худ масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, аҳли зиёро хушдор намуданд, ки зиракиву хушёрии сиёсиро аз даст надода, онро барои насли ояндаи миллат низ масъулияти баландро ҳис намоянд. “Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таҳаммулгароӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва тарғибу ташвиқи андешаву афкори сулҳпарварона барои аҳли башар ниҳоят муҳим ва ҳатто ҳаётӣ мебошад” – зикр доштанд Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар Паёми худ Пешвои миллат аз арзишҳои ҳаёти инсонӣ низ сухан ронда, даъват ба амал оварданд, ки аҳли аъзоёни ҷомеа арзишҳои инсонгароиро дар марҳилаи нави инкишофи ҷаҳон нигоҳ доранд. Бо назардошти он, ки вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки мо дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам бештар мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир устуворона ҳифз намоем.

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат инчунин роҷеъ ба даст овардани истиқлол сухан ронда таъкид доштанд, ки давлати соҳибистиқлоли мо илму донишро пояи асосии рушди ҷомеа ва амнияти давлат эълон кардааст, аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» дарҷ шудааст, ки хароб гардидани сифати таълим ва неруи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад. Аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, ки рисолати худро содиқона иҷро намоем.

Агар аз дастовардҳои соҳаи маориф ёдрас шавем пас, танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст ва тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст. Илова бар ин, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 25 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди беш аз як миллион нусха аз чоп баромадааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ рӯ ба афзоиш дорад. Соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва фосилавӣ қариб 5000 нафар хонандагони мактабҳои Тоҷикистон иштирок карда, сазовори 124 медал, аз ҷумла 13 медали тилло, 21 нуқра ва 90 медали биринҷӣ гардидаанд. Ичунин натиҷаҳои назаррасро дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 240 ҳазор нафар иштирокчӣ 215 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» қариб 25 ҳазор нафар хонандагон фаъолона иштирок доштанд, ки аз афзудани таваҷҷуҳи насли наврас ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ гувоҳӣ медиҳад.

Аз Паёми Ҷаноби Олӣ ба аҳли зиё маълум гардид, ки соли ҷорӣ барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад.

Шароити кунунии пешрафти илму техника талаб мекунад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки оғози соли нави хониш ва мулоқоти Роҳбари давлат бо аҳли маориф дар бинои навбунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки чанд лаҳза қабл ба истифода дода шуд, баргузор гардид. Ба истифода додани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон акнун имкон медиҳад, ки дар оянда мушкилоти нобаробарии ҷуғрофии таълимот бо табибон зина ба зина бартараф гардад.

Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа номзади илмҳои фалсафа Ҳотамова М.Ғ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ