​Меваҳои пурбори истиқлол!

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 32 сола шудаасту аллакай аз ниҳоли кӯчаки ларзон ба дарахти бузурги устувор мубаддал гаштааст ва дар оянда нашъунамою рушд ёфта азимҷуссагиро соҳиб мешавад. Меваҳои Истиқлол аз давраи бӯҳронии солҳои 90 – уми садаи гузашта оғоз ёфта,бо тантанаи Ваҳдати миллӣ ба сӯи ояндаи пок гузариш пайдо намуд. Муайян намудани заҳмату талошҳои пайвастаи дастаҷамъонаи роҳбарияти оливу ҷомеаи тамаддунофару фарҳангсолор боис гардид, ки ҳадафҳои стратегии мамлакат – раҳоёбӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ сари вақт амалӣ гарданд.

Дарахти пурбори Истиқлоли давлатӣ таҳти ғамхории абармарди бемисл, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи саноатикунонии босуръати кишвар рӯй гирифтааст ва итминони қавӣ дорам, ки дар ояндаи наздик муваффақу комёб мегардад. Зеро, ҷомеаи заҳматқарину ваҳдатсарои кишвар бо эътимоди комил ба роҳбарияти олӣ сарҷамъу якдилона пайвастаанд ва мақсаду мароми ягона доранд. Маҳз, дастаҷамъию ваҳдати миллӣ заминаи устувори ҷараёни созандаю бунёдкориҳо гаштааст, ки натиҷаашро дар шукуфоии тамоми гӯшаҳои Ватан дидан мумкин аст.

Бунёди садҳо корхонаҳои саноатӣ,муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳои магистралӣ, фазои орому босуботи соҳибкорӣ ва амсоли онҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат аллакай сарчашмаи зиндагии осудаю умед ба фардои нек шудаанд. Меваҳои сершумори дарахти пурбори Истиқлоли давлатииҶумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми заҳматпешаи кишвар бо дастгирии комили сиёсати одилонаю хирадмандонаи роҳбарияти асили мамлакат аллакай соҳиби дастовардҳои назаррас гардидаанд. Месазад, ки аз ин комёбиҳо ифтихор намуда бо сарбаландиву некбинӣ баҳри ободу сарсабз, шукуфоии Ватани маҳбубамон ғайрату кӯшиши дастаҷамъонаро дучанд намоем.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ба пеш!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ