​Раҳнамои ҷавонон

Ҳамасола соли хониши навро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззамимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз менамоем, ки имсол дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чун анъана дар Рӯзи дониш 1.09.2023 иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамаи хонандагону донишҷӯён ва ба аҳли илму маориф ва волидон самимона табрик гуфтанд.

Бино ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, маориф аз асосҳои муътақиди рушду тараққиёти ҳар як давлату миллат мебошад, зеро рушду нумӯи ҷомеа, таъмини амнияти ҷомеаву давлат ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, татбиқи дастовардҳои техника ва технологияи муосир бевосита ба рушди соҳаи маориф, ташкили раванди бо низом ва бо сифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷуён, хулоса ба сатҳи саводи миллат вобаста мебошад.

Ҳамагон шоҳидем, ки дар солҳои соҳибистиқлолият дар радифи дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ҳамчунин дар маорифи кишвар бозсозии амиқ оғоз гардида, то имруз дар ин раванд пайгирона амалӣ мегардад. Бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути баланд бардоштани сатҳи салоҳиятнокии касбияти омӯзгорон, омода намудани шароити фароҳами муосири таълим дар муассисаҳои таълимӣ, яъне бо воситаҳои таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо, инчунин, бо заҳмати устодон ва бо дастгирии волидон имконпазираст.

Бо иқдоми Пешвои миллат бо ҳадафи беҳтар гардонидани сифати таълим дар Паёми гузашта ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон худ солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки ин эътироф ва эътимод ба аҳли ҷомеаи маориф буд. Инчунин, ташкил ва гузаронидаи озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ» низ маҳз барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонони мамлакат аст. Ин ҳадафҳо ҳар як омўзгорро водор месозад, ки сифати сатҳу салоҳияти касбии хешро баланд кунад, қобилияти эҷодии худро тавқият бахшад. Зеро, танҳо бо мутолиа кардани китоб инсон дониши худро афзун менамоя, сайқал медиҳад.

Инсон ҳамавакт мекўшад, ки зиндагии осудаҳолона, хубу гуворо, ҳаёти пурсафову бо маърифатона дошта бошад. Хоса касоне, ки аз зиндагии бомаърифат огоҳанд, ҳанўз аз ҷавонӣ тасмим мегиранд, ки фардояшонро бо нури зиёву хирад оро бидиҳанд. Ҳаёти осудаҳолонаи мо бевосита ба сарвари мо вобастагӣ дорад, ки мо аз Пешвои хеш ифтихор дорем. Дар суханронии худ собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев беҳуда эътироф накардааст, ки «Баъд аз он ки ман ба истеъфо рафтам, дар бораи имрўзу фардои Ватан ва халқи ҷафокашидаи хеш бисёр андеша мекардам. Вале, вақте ки дар симои Эмомалӣ Раҳмон як инсони наҷиб ва сиёсатмадори хирадмандро кашф намудам, бовариам ба фардои неки Тоҷикистон комил шуд, зеро халқи Тоҷикистон тақдири худро ба дастони эътимодбахш супурдааст».

Минҷумла, ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ба сатҳи арзанда расондан аз саъю кўшиши ҳар як шаҳрванд аст. Мо кормандони маориф аз ин иқдом ва аз ин ғамхориҳои Пешвои миллат миннатдор ҳастем. Аз тамоми имконияту дастгириҳо истифода бурда, дар ҷодаи таълиму тарбия, донишу заковати инсондўстӣ ва меҳанпарастии хешро қавитар гардонем. Зеро, ҷавонон созандаи ояндаи миллат ва давлат аст.«Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.»

Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Ҷўраева Н.Н.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ