​Маориф - пойдевори рушду тараққиёти ҷомеа

Истиқлолият падидаи муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро он ба ҳар яки мо озодии комилро ҳадя намуд. Санаи 9 – уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид. Маҳз Истиқлолият кишвари моро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард.

Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар мамлакат сулҳу субот пойдор гардид. Яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, ба ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ суханро аз сулҳ оғоз карда, таъкид доштанд, ки «таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад».

Ҳукумати мамлакат дар сиёсати стратегии худ аз рўзҳои аввали сулҳу оромӣ ва устувор гардидани ваҳдати миллӣ ба соҳаи илму маориф афзалияти бештар дод ва ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, бунёду навсозӣ, сохтмону таъмири муассисаҳои таълимӣ шурўъ намуд. Дар ин муддат якчанд қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа қабул гардида, барои татбиқи стратегия, консепсия ва барномаҳои нави давлатӣ миллиардҳо сомонӣ сарф карда шуд. Дар натиҷа соҳаи маориф аз бўҳрони вазнин наҷот ёфта, роҳи ислоҳоту навсозиро пеш гирифт.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «бо дарназардошти он ки рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳот аз афзоиши маблағгузорӣ вобастагӣ дорад, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро сол ба сол зиёд карда истодааст. Соли ҷорӣ барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд».

Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат аз ислоҳот ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, ба таҳсилоти ҷаҳонӣ наздик кардани барномаҳои таълимӣ, навсозии сифати таълим ва омода кардани кадрҳои босалоҳияте, ки ҷавобгўи талаботи бозори дохиливу хориҷӣ бошанд, ба шумор меравад. Аз ин рў, Ҳукумати мамлакат барои пешрафти илму маориф, ки ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб меравад, ин равандро пайваста идома медиҳад.

Саркорбобоева М.М.- сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ