​Паёми ҳамасола – нерӯи созандаву пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистон

Ҳамчун анъана оғози соли нави таҳсилро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагон муборак гуфта, таъкид намуданд, ки таҷлили Рӯзи дониш ба баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Дар суханронии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон давлати сулҳҷӯ ва адолатпарвар буда, ҳама гуна низоъҳову мушкилотро бо роҳи осоишта, бо риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳал менамояд.

Хусусан, ҳодисаву воқеаҳои вақтҳои охир, аз ҷумла бархӯрди манфиатҳо, мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, торафт возеҳ гардидани нишонаҳои «ҷанги сард» ва гузариши он ба «марҳалаи гарм» дар минтақаҳои гуногуни дунё, инчунин, тағйирёбии босуръати иқлими сайёра имрӯз ҳаёти инсониятро зери хатари ҷиддӣ қарор додаанд, ки мо мардуми тоҷик таҷрибаи ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардаем, ки сулҳу ваҳдат, амнияти оромӣ ва ҳамзисти осоиштаро хуб дарк ва қадр менамоем.

Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муассисаи таълимии ҳама сатҳҳо сухан ронда, омӯзиши технологияҳои муосирро зарур донист.

Мақсади асосии ҳукумати кишвар ин баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, тарбияи арзандаи насли ояндасози кишвар мебошад, ки аҳли ҷомеаи маориф ва илмро зарур аст, ки ташаббусу таҷрибаи ин мактабҳоро доир ба баландбардоштани сатҳу сифатитаълим аз илму донишҳои муосир истифода намояд.

Мо омӯзгорон барои бунёди ҷомеаи пешрафтаи кишварамон, дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби худ бояд дар ташаккули илму маориф саҳми худро гузорем. Ҳамзамон барои ташкили таълим дар асоси арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши касбии шахс, гузаронидани дарсҳо бо истифода аз технологияҳои муосир зарур аст.

Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика Абдуллоева М.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ