​Дарси сулҳ ва масъалаҳои меҳварии он

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки истиқболи Рӯзи Дониш ва оғози соли хониш ҳамасола бо Дарси сулҳ ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Профессори фахрии донишгоҳҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо мегирад. Чунин муносибати некбинонаву хирадмандона ба аҳли зиё, таълимгирандагони боргоҳи илму маърифат ва касбу ҳунардар дилу дидаи ҳар як фарди Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намуда, ҳифзи якпорчагии ин гавҳари ноёбро тарбият месозад. Зеро моҳият ва мафҳуми Ватану ватандорӣ, Истиқлолияту худшиносӣ, Ваҳдату ягонагӣ дар умқи қалбу шуури ҳар як сокини кишвар дар чунин гаҳвораҳои тамаддун маъво меёбад ва аз Дарси сулҳи Роҳбари давлат ибтидо мегирад:

Масъалаҳои меҳварии Дарси сулҳ дар соли 2023:

  • Нигаронӣ аз вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ва даъват ба муттаҳидиву аз даст надодани зиракии сиёсӣ;
  • Эълон намудани озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»;
  • Ғамхории ҳукумат ва ташаббусҳои роҳбари давлат: таълифи китобҳои дарсӣ, бунёду таъмири биноҳои таълимӣ, зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф;
  • Рушди таҳсилоти томактабӣ ва муаммоҳои ин соҳа;
  • Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи ҷавонону наврасон;
  • Омодасозии лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот»;
  • Саҳми аҳли маорифи кишвар ба ташвиқи сулҳу ваҳдат ва рушди босуботи давлат;
  • Омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла англисиву русӣ;
  • Вазифадоршавии муассисаҳои таълимӣ барои баррасии сатҳи дониш ва натиҷаи нишондодаи хонандагон дар имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ;
  • Таъмини робитаи илм бо истеҳсолот, таваҷҷуҳ ба ихтироот;
  • Ислоҳот ба зинаи таҳсилоти баъдидипломии тиббӣ;
  • Мушкилоти соҳаи тиб ва роҳҳои самараноки бартарафсозии он;
  • Даъвати ҷавонон ба маърифату донишандӯзӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол;
  • Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд;
  • Паёми шодбошӣ ва ҳидоят ба меҳанпарастиву ватандӯстӣ.

Боиси хушнудист, ки таваҷҷуҳи Сарвари ҳукумат ба аҳли илму маърифат ва гаҳвораи тамаддун чун пояи асосии рушди устувори давлат равона аст. Зеро мактабу маориф, илму ирфон, маърифат ва дониш дар ҳама давру замон мақоми шоистаро дошта, дар пешрафти ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Он маъвоест, ки ба ҳар фард ташаккули чашми бино, дасти гиро, забони гӯё, ақли расоро ривоҷу равнақ бахшида, ба фатҳи қуллаҳои мурод раҳнамун месозад. Ва ин нуқтаҳо дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст: «Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар як ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистони мо ба ҳисоб меравад». Дар ин радиф бо итминони комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистон бо чунин сиёсати маорифпарваронаву ваҳдатшиори Роҳбари тадбирписанди хеш қадамҳои устувор бар ояндаи пурифтихор дорад.

Дарси сулҳи ибратпазири Пешвои миллат ба эҳсоси масъулият, дарки зарурати ҳифзи Ватан, пуштибонии дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими сулҳ ва ба сӯи кору пайкорҳои созандаву фатҳу нусратҳои тобанда ҳидоят менамояд.

Зилола Комилова сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ