​Посдории анъанаҳо!

Оғози соли нави таҳсил бо дарси Сулҳ ва таҷлили Рӯзи Дониш натанҳо барои муҳассилину устодон, балки барои ҳамаи узвҳои ҷомеа воқеаи фараҳбахш ва тантанавӣ мебошад. Зеро, ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар муассисаҳои таълимӣ тарбият гирифтанду мегиранд ва ё хоҳанд гирифт. Аз ин лиҳоз, рушду суботи соҳаи маорифи мамлакат ҳамеша зери таваҷҷӯҳ ва эътибори хоса роҳбарияти олии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Дар ҷараёни таҷлили Рӯзи Дониш чандин падидаҳои нек ба мушоҳида мерасанд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба вуҷӯъ пайваставу ба ҳукми анъана даромадаанд. Пайдоиш ва ташаккулу такомули анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ бевосита бо шахсияти абармарди бемисли таърихӣ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмоналоқаманданд ва ба сифати мисол метавон баъзе аз анъанаҳоро зикр кард.

Ғамхорӣ ба қишри осебпазири ҷомеа – ятимону бесаробонон бо тӯҳфаҳои молию пулӣ, аз қабили сару либос, лавозимоти хониш ва ғайра аз анъанаҳои некзамир аст, ки ҳамасола дар оғози соли таҳсил амалӣ карда мешаванд. Дар қиёси мамлакатҳои дигари ҷаҳон метавон бо итминони комил изҳор намуд, ки муносибати таваҷҷӯҳи хоса ба ятимону бепарсторон танҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сатҳи баланду бемислро касб намудааст.

Мардуми заҳматпешаи оддӣ аз чунин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат рӯҳбаланд гашта эътимоди онҳо ба суботи давлатдории тоҷикони тамаддунофару фарҳангсолор боз ҳам фузун мегардад. Зеро, меъёрҳои дини мубини Ислом ва арзишҳои миллии тоҷикон муқаррар намудаанд, ки таваҷҷӯҳ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа ифодаи фазилатҳои олии инсонӣ аст ва суботупойдории давлатро инъикос карда кафолати ояндаи дурахшони онро ифода менамояд.

Итминони комил дорам, ки чунин анъанаҳои неку дурандешона дар ояндатаҳкиму тақвият меёбанд. Таъсиси квотаҳои Президентӣ, ҷалби духтарони маҳалҳои дурдасти кишвар ба таҳсил дар макотиби олӣ, баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва даҳҳо тадбирҳои дигар баҳри таълиму тарбияи ҷавонони худогоҳу худшинос, содиқу ватандӯст мавқеи устувор доранд, ки пойдории давлатдории соҳиҳибистиқлолро таъмин менамоянд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ