​Намунаи олии ғамхорӣ!

Меҳрубониву дилсӯзӣ ба аҳли ҷомеа нишонаи олии ақлу хирад ва фазилати инсонист, ки бузургиву қудрати фарҳанги ӯро таҷассумменамояд. Зеро, ғамхори каси дигар будан аз тинати поки инсон оғоз ёфта ба қалби саршори муҳаббату садоқат такя менамояд. Чунин тавоноиву бузургии қалби поки инсониро ҷараёни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо дарси Сулҳ дар Рӯзи Дониш инъикос сохт. Аз самимияту маҳбубияти Ҷаноби Олӣ мароми сӯҳбати орому беғаразона, муносибати ғамхоронаи падарона, таваҷҷӯҳ ба вазъи зиндагони оилавӣ ва ҳоказо то панду насиҳати падарона лаҳзаҳои тантанаи ақлу заковат, хирад, дурандешиву дурбинӣ, ғамхорӣ ба миллату Ватан ва амсоли он буду фараҳафзоии ҳамагонро тақвият дод.

Ҳангоми тамошои ҷараёни мулоқоти зикрёфта, ҳар як тамошобинро эҳсосоте фаро мегирифт, ки ҳамагон орзуи иштироки бевоситаро дар ин чорабинӣ доштанд. Зеро, муҳтавои пурмаълумоти баромади Пешвои миллат пешравиҳои давраиИстиқлоли давлатиро инъикос менамуд, ки мояи ифтихор аз Ватани худ мебошад.

Давоми мулоқот хиради азалии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти хуб донистани таърихи миллат, расму оин ва анъанаҳои миллӣ, хулқу атвори мардум ва ғайра ҳувайдо гардид. Сӯҳбати озод дар фазои мусоиди кушод ба устодону донишҷӯёни ҳузурдошта имкон дод, ки тамоми нияту орзу, дархосту таклифҳои худ озодона баён намоянд. Бо истифодаи фурсати муносиби вохӯрӣ бо Сарвари тоҷикони ҷаҳон ҳамаи хушиҳои қалби худ ошкор намуданд ва посухи падаронаи Пешвои ғамхорро соҳиб гаштанд.

Алалхусус, огаҳию пурсишиПешвои маҳбубамон аз вазъи иҷтимоӣ – иқтисодии донишҷӯён хеле самимона ва саршори меҳрубониҳо буд. Инъикос намуд, ки сарвари давлат аз ҳамаи ҷузъҳои ҳаёти ҷомеаи заҳматқарину Тоҷикистони соҳибистиқлол бохабаранд ва ҷилави ҳаллу фасли мушкилотҳои мавҷударо дар даст доранд, онҳоро устуворона пешгирӣ менамоянд. Тамоми ҷузъиёти ҷомеаро медонанду низоми идораи онҳоро дар ихтиёр доранд, ки суботи сиёсии кишвари соҳибистиқлоламонро ифода менамояд.

Дар радифи муносибатҳои падарона, самимияту ғамхории Пешвои муаззам ҳар фарди солимандеш мебояд меҳру муҳаббати худ ба Ватан афзояд. Кӯшад, ки бо қалби пок, донишу касбияти баланд ба мардуми Ватани худ содиқона хизмат намояд. Зеро, тавоноию қудрат аз сарҷамъиву ваҳдат маншаъ мегирад!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ