32 қадами устувор дар роҳи ободиву созандагӣ

Имрӯзҳо кулли сокинони мамлакати азизамон дар арафаи таҷлили яке аз ҷашнҳои муҳим ва сарнавиштсози давлатӣ – Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳамасола ин иди бузурги давлатиро кулли сокинони меҳнатқарини кишварамон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд, ки аз эҳтирому гиромидошти он далолат медиҳад. Зеро маҳз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон шароити мусоидро ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, иқтисодиёт, энергетика ва ғайраҳоро фароҳам овард. Илова бар ин воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-уми қарни XX, ки миллати тоҷик онро аз сар гузаронид, арзишу аҳамияти ин иди бузурги давлатиро боз ҳам боло мебарад ва имрӯз аз ҳар як фарди бо нангу номуси мамлакатамон нигоҳдошти ҳувияти миллӣ, афзун намудани ҳисси ватандӯстӣ ва муҳимтар аз ҳама аз даст надодани зиракии сиёсиро тақозо мекунад. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар таърихи 23-декабри соли 2022 чунин ибрози ақида намуданд: “Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад”. Маҳз талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо тавонистем дар муддати кутоҳтарин аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун шавем ва ба ояндаи Тоҷикистон бо назари нек нигоҳ кунем.

Рӯзи 9-уми сентябри соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон 32-ум қадами устувори худро дар масири созандагиву бунёдкорӣ хоҳад гузошт, ки боиси хушнудии кулли сокинони мамлакати куҳанбунёдамон мебошад. Дар ин муддати начандон тӯлонии таърихӣ кишвари соҳибистиқлоли мо дар соҳаҳои ҳаётан муҳими давлатсозӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардид, ки барои боло рафтани шарту шароити зиндагии мардум муосоидат намуд ва ҷиҳати ба роҳ мондани равобити судманд бо ҷаҳони хориҷӣ бо дар назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ замина гузошт.

Имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ, ки монеаҳои ҷиддӣ барои рушди умум эҷод мекунанд, мешиносанд. Илова бар ин, имрўзҳо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ мавриди омўзиши ҳамаҷониба қарор дода, онро ба мамлакатҳои ҷангзада ҳамчун усули самаранок дар барқарорсозии сохтори конститутсионӣ ва таъмини сулҳу субот тавсия медиҳанд.

Итминони комил дорем, ки имрӯз низ сиёсати дохиливу хорҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаднок идома ёфта, баҳри боз ҳам боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳову страегӣ, пешбурди ташаббусҳои созанда ва таъмини амнияти давлату миллати соҳибфарҳангамон, мусоидат хоҳад намуд.

Иди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!!!

Холдоров О.Н., номзади илмҳои сиёсӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ