​Хуросон ва Мовароуннаҳр – кишварҳои таърихии тоҷикон

Таърихнигории миллии имрӯзаи мо пеш аз ҳама аз таърихнигории дар замони Шӯравӣ шакл гирифта сарчашма мегирад, ки дар он оид ба таъсисёбии давлатҳои Тоҳириён (821-873), Саффориён (873-900), Сомониён (874-999) ва ғайра сухан меравад. Лекин дар асл оё чунин ном дошт давлатҳои таърихии мо? Мақсад аз навиштани мақолаи мазкур маҳз дар он мебошад, ки номи таърихии кишвари тоҷикон на Таҳириён, Саффориён, Сомониён ва ғайра ном дошт, балки ин номҳои сулолаҳо буданд, ки намояндагони онҳо дар кишваре ҳукмрони кардаанд, ки он Хуросон ва Мовароуннаҳр ном дошт. Масалан, Сомониён дар аввал дар Мовароуннаҳр ҳукумат ронда, пас аз дар соли 900 шикаст додани Амри Саффорӣ (879-900) дигар кишвари таърихии тоҷикон – Хуросон низ ба ҳокимияти Сомониён шомил гардид. Яъне, ду кишвари паҳновари тоҷикон зери ҳокимияти сулолаи тоҷикии Сомониён муттаҳид карда шуд, ки минбаъд дар сарчашмаҳо амирони сомониро ҳамчун амири Хуросон ном мебурдагӣ шуданд. Дар мақолаи мазкур дар асоси сарчашмаҳо ва адабиёти таърихӣ кӯшиш карда мешавад, ки фикри дар боло навишташуда, яъне номи Хуросон ва Мовароуннаҳр доштани кишвари таърихии тоҷикон, асоснок карда шавад.

Академик Б. Ғафуров дар «Тоҷикон»-и худ низ оид ба таъсисёбии давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва ғайра сухан меронад. Аз ҷумла ӯ ҳангоми баррасии масъалаи сохти давлатӣ ва ташкили дастгоҳи идораи замони Сомониён, Исмоили Сомониро (893-907) асосгузори давлати Сомониён ном мебарад. Дар баробари ин Б. Ғафуров, ки дар таълифи асараш аз сарчашмаҳои таърихӣ истифода намудааст, саҳми Исмоили Сомониро дар рушди кишвар қайд намуда, менависад: «...ба як марказ муттаҳид намудани Хуросон ва Мовароуннаҳр, таъмин намудани Истиқлолияти ҳақиқии мамлакат ва сомон кардани муносибати он бо бодиянишинон – ин ҳама ба тараққиёти зироат, пешаварӣ ва тиҷорати Мовароуннаҳр ва Хуросон заминаҳои зарурӣ фароҳам оварданд».Яъне, дар ин фикри боадолатонаи худ Б. Ғафуров низ на оид ба ҳудуди кишвари Сомониён, балки оид ба Хуросон ва Мовароуннаҳр, ки ин ду кишвари тоҷикон зери ҳокимияти сулолаи Сомониён муттаҳид гардида буд, ибрози ақида намудааст.

Дар баробари гуфтаҳои боло бояд инро низ қайд намуд, ки дар ҷилди дуюми асари бунёдии «Таърихи халқи тоҷик», ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таълиф шудааст, фасл таҳти унвони «Роҳ ба самти Истиқлолияти Хуросон ва Мовароуннаҳр» ҷой дода шудааст. Гарчанде дар ҷараёни таҳқиқот оиди аз тарафи халифаҳои аббосӣ амири Хуросон ва Мовароуннаҳр таъин шудани ин ё он намояндагони сулолаҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён сухан меравад, лекин боз чун анъана номи сулолаҳо ҳамчун номи давлатҳо баён карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки аз давраи ҳукмронии сулолаи Тоҳириён кишвари мо амалан аз ҳокимияти халифаи Бағдод мустақил гардид, лекин дар баробари ин сулолаҳои дар Хуросону Мовароуннаҳр ба сари қудрат омада ҳокимияти рӯҳонии халифаҳои Бағдодро эътироф менамуданд. Ҳокимияти амирони Хуросону Мовароуннаҳр, новобаста аз мансубияти этникиашон, бо эътирофи халифаи Бағдод ва ирсоли маншур ва ливо ба номи амири ба сари қудрат омада аз ҷиҳати рӯҳонӣ расмият пайдо менамуд. Савол пайдо мешавад, ки халифаи Бағдод ҳангоми навиштани маншур барои идораи ҳудудҳо ба номи амири ба сари қудрат омада чӣ менавишт? Муаррихони асримиёнагӣ дар асарҳои худ ин амиронро амирони сулолаҳояшон, ё ин ки амирони Хуросон ва Мовароуннаҳр муаррифӣ намудаанд? Оё номи сулоларо ҳамчун номи давлат қаламдод кардаанд? Барои равшани андохтан ба ин масъала мо ба сарчашмаҳои таърихӣ муроҷиат намудем.

Табарӣ, масъалаи ҳокими Хуросон таъин шудани Тоҳир ибни Ҳусайнро баррасӣ намудааст. Худи ҳамин муаллиф менигорад, ки пас аз марги Тоҳир ибни Ҳусайн писараш Талҳа ҳафт сол вилоятдори Хуросон будааст. Муаррихи тоҷик Абӯсаиди Гардезӣ дар асари худ «Зайну-л-ахбор» боби алоҳида таҳти унвони «Андар ахбори умарои Хуросон» дорад, ки дар он оид ба ҳокимони Хуросон аз давраи забти кишвар аз тарафи арабҳо то охири ҳукмронии Амри Саффорӣ маълумот овардааст. Дар ин боб муаллиф оид ба таъин гардидани амирони Хуросон аз тарафи халифаҳои аббосӣ сухан меронад. Гардезӣ давраи ҳукмронии сулолаи Сомониёнро дар боби алоҳида - «Вилоят ва насаби Сомониён» ҷой додааст, ки бо ин соҳиби Истиқлолияти комил гардидани кишварамонро қайд кардааст. Дар ин боб муаррих оид ба фиристода шудани аҳду ливои Хуросон аз тарафи халифаҳои Бағдод ба Исмоили Сомонӣ ва писараш Аҳмади Сомонӣ маълумот додааст. Гарчанде муаррих ёдовар шудани ирсоли аҳду ливои Хуросон ба дигар амирони сомониро зарур нашуморидааст, онҳоро низ ҳамчун амирони Хуросон қаламдод кардааст.

Табарӣ оид ба вафот ёфтани Исмоилӣ Сомонӣ ва ба ҷои ӯ ба сари қудрат омадани писараш Аҳмад чунин навиштааст: «Дар ин сол дар моҳи сафар чаҳордаҳ рӯз рафта аз он моҳ [25 ноябри 907] Абӯиброҳим Исмоил ибни Аҳмад – омили Хуросону Мовароуннаҳр даргузашт ва писараш Аҳмад ибни Исмоил ҷонишини падараш шуд ва корҳои вайро ӯҳда кард».

Гардезӣ ба сари ҳокимияти Хуросон омадани Маҳмуди Ғазнавӣ ва аз тарафи халифаи Бағдод эътироф шудани ҳокимияти ӯро баррасӣ намуда, менависад: «Чун амир Маҳмуд, раҳмату-л-Лоҳ, аз фатҳи Марв фориғ шуд ва амири Хуросон гашт ва ба Балх омад ва њанўз ба Балх буд, ки расули ал-одир Биллоҳ аз Бағдод ба наздики ў омад бо аҳди Хуросон ва ливо ва хилъати фохир ва тољ».

Бояд таъкид намуд, ки дар таърихнигории мо баъд аз барҳам хӯрдани ҳокимияти сулолаи Сомониён дар Хуросону Мавароуннаҳр ва ба сари қудрат омадани сулолаҳои туркӣ, ҳамчун таъсисёбии давлатҳои бегона муаррифӣ карда мешаванд. Гарчанде эътироф карда мешавад, ки дар корҳои идоракунии кишвар сулолаҳои ба сари қудрат омада пеш аз ҳама ба намояндагони ашрофи маҳаллӣ – тоҷикон ва форсҳо такя менамуданд. Яъне, нақши тоҷикон дар корҳои идоракунии давлатӣ бориз буд. Эътироф карда мешавад, ки сулолаҳои туркии ҳокимиятро дар Хуросону Мовароуннаҳр ғасб намуда, анъанаи давлатдории маҳаллиро идома доданд. Инчунин саҳми шоиру нависандагоне, ки дар дарборҳои сулолаҳои туркӣ фаъолияти эҷодӣ намудаанд, дар ҳаёти фарҳангии кишвар эътироф карда мешаванд.

Чи тавре ки шоҳиди муҳорибаи Дандонакон Байҳақӣ маълумот медиҳад, дар ин ҷанг ғуломони турк ба ҷониби душман – Салҷуқиён гузаштанд, арабҳо, курдҳо ва ҳиндуҳо гурехтанд ва танҳо тоҷикон то охир дар паҳлӯи Масъуди Ғазнавӣ (1030-1042) истода ҷангиданд. Муллоҷон С. ин ҳодисаро барҳақ чунин шарҳ додааст: «тавре дида мешавад аз миёни турку арабу курду њинду танњо лашкариёни тољик ба Амир Масъуд садоќат нишон дода, то охирин нафас ҷангиданд, чун дар симои туркмонњои салљуќї мардуми бегонаву ба русуми дарбору ойину суннаи тоҷикӣ (эронї)-и ин марз бегона медиданд; баръакси Ғазнавиён, ки ба суннани бумии Хуросон њамнаво буданд».

Муаррихи араб Ибни Халдун дар асараш «Муқаддимаи Ибни Халдун» фасли алоҳида таҳти унвони «Дар интиқоли давлат аз бодиянишинӣ ба шаҳрнишинӣ» дорад. Дар фасли зикршуда муаррих оид ба таъсис додани давлат аз ҷониби бодиянишинон, характери диловарӣ доштани онҳо ва пас аз ишғоли давлатҳои муттамаддин ба русуми онҳо тақлид кардани онҳо, фикри худро баён намудааст. Чунончӣ, ӯ менависад: «Ва худовандону зимомдорони давлат ҳамвора дар марҳалаи шаҳрнишинӣ ва одоту русуми он аз давлати пешини хеш тақлид мекунанд, зеро вазъу аҳволи эшонро мебинанд ва бештари онҳоро аз онон мегиранд». Ибни Халдун арабҳои бодиянишинро ба мисол овардааст, ки пас аз ишғоли ҳудудҳои Руми Шарқӣ ва Эрон анъанаҳои давлатдории онҳоро қабул намудаанд.

Фикри Ибни Халдун барҳақ аст, зеро дар Хилофат, ки он аз ҷониби арабҳои бодиянишин таъсис ёфта буд, аз давраи ба сари қудрат омадани сулолаи Аббосиён (750-1258) таъсири хуросониён дар идоракунии давлат хеле боло меравад. Аз соли 945 бошад сулолаи эронии Бувайҳиён халифаҳоро бо хости худ таъин ва маъзул менамуданд. Чунин ҷараёни таърих дар кишвари мо – Хуросон низ ҳамин тавр буд. Сулолаҳои туркие, ки ба сари қудрат меомаданд, кӯшиш менамуданд, ки ба анъанаи давлатдории маҳаллӣ худро мутобиқ намоянд. Исботи ин гуфтаҳо суханони зерини Туғралбеки Салҷуқӣ ба яке аз роҳбарони рӯҳонии Нишопур – Қози Саъид мебошад: «Ва мо мардумони нав ва ғарибем, расмҳои тозикон надонем. Қозӣ ба пайғом насиҳатҳо аз ман боз нагирад». Бояд қайд намуд, ки ин суханонро Туғралбек соли 1038 пас аз ишғол намудани Нишопур, ки Қози Саъид барои салом наздаш омада буд, ироа намудааст.

Салҷуқиён, ки сарвари қабилаҳои оғуз буданд ва бо онҳо ҳокимиятро дар Хуросон аз Ғазнавиён ғасб намуда, забткориҳояшонро идома дода буданд, бо баробари ба сари қудрат омадан тарзи давлатдории маҳаллиро қабул намуданд. Ба султонҳои салҷуқӣ рафта-рафта аҳолии тоҷик ва форс назар ба оғузҳое, ки баромади худи эшон аз онҳо буд, наздиктар гардид, ки ҳатто соли 1153 оғузҳои Балх бар зидди султон Санҷар (1118-1157) шӯриш бардошта, ӯро асир гирифта буданд.

Дар ибтидои асри XIII ҳудуди паҳновар, аз ҷумла Хуросон ва Мовароуннаҳр зери ҳокимияти сулолаи туркии Хоразмшоҳиён муттаҳид карда шуда буд. Ин давлати паҳновар аз тарафи муғулҳо забт гардид. Рашид ад-Дин ҳангоми тасвири ба Муғулистон баргаштани Чингизхон дар соли 1221, қайд намудааст, ки ӯ пас аз ишғоли кишвари тоҷикон тасмим гирифтааст, ки ба Муғулистон баргардад. Бояд қайд намуд, ки дар ин вақт муғулҳо Мовароуннаҳр ва Хуросонро ишғол карда буданд ва Чингизхон маҳз тавассути ҳудуди Мовароуннаҳр баромада рафтааст. Аз ин бармеояд, ки Рашид ад-Дин ҳаддал ақал ҳудуди Мовароуннаҳрро, новобаста ба оне ки дар он дар гузаштаи наздик сулолаи Хоразмшоҳиён ҳукмронӣ мекарданд, кишвари тоҷикон номидааст.

Сафири испанӣ – Руи Гонсалес де Клавихо, ҳангоми тасвири дарёи Аму, ки он Хуросонро аз Мовароуннаҳр ҷудо менамуд ва аз тарафи Темур аввал дар Мовароуннаҳр ва баъд дар Хуросон ғасб гардидани ҳокимият, чунин менигорад: «Амир Темур шоҳигарии Самарқандро, ки дар ин тарафи дарё буд, ба худ тобеъ карда, хост ба он тарафи дарё гузарад ва шоҳигарии Хуросонро низ мусаххар намояд». Чи тавре, ки мебинем, Руи Гонсалес оид ба давлати Темуриён ҳарфе нанавиштааст, балки ӯ Мовароуннаҳрро шоҳигарии Самарқанд, ки он пойтахти Мовароуннаҳр буд ва Хуросонро низ шоҳигарӣ ном бурдааст.

Бояд дар таърихнигории ватанӣ масъалаи тақсим шуда рафтани ҳудудҳои Хуросон ва Мовароуннаҳр ба таври ҷиддӣ таҳқиқ карда шавад. Ин раванд аз соли 1510, яъне муборизаи мусаллаҳонаи Муҳаммад Шайбонихон, ки дар ин давра ҳокимияти сиёсиро дар тамоми ҳудудҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон ба даст гирифта буд ва шоҳи Эрон – Исмоили Сафавӣ оғоз шудааст. Минбаъд, ҷараёни порашавии ҳудудҳои Хуросону Мовароуннаҳр дар натиҷаи аз Эрон мустақилшавии Афғонистон (1747), муборизаҳои мусаллаҳонаи он бо Эрон ва аморати Бухоро, аз Бухоро мустақилшавии Хонигарии Қӯқанд ва Хонигарии Хева, забткориҳои Россия дар Осиёи Миёна ва тақсимоти миллӣ-ҳудудии соли 1924 ва 1929 идома ёфтааст. Бо порашавии ҳудуди кишвари таърихӣ тоҷикон низ байни чанд давлатҳои минтақа пора шуда рафтаанд. Дар илми таърихнигории муосири тоҷик таҳқиқоти махсус бо ишораи тағйирёбии ҳудудҳои кишварамон зарур мебошад.

Мо метавонем таърихи ватаниамонро бо таърихи кишварҳои хориҷӣ низ муқоиса намоем. Масалан, дар Фаронса чандин сулолаҳо, аз ҷумла Капетингҳо (987-1328), Валуа (1328-1589), Бурбонҳо (1589-1792 ва 1814-1848), Банапартҳо (1804-1815 ва 1848-1852) ҳукмронӣ кардаанд. Дар Англия сулолаҳои Нормандӣ (1066-1154), Плантагенетҳо (1154-1399), Ланкастерҳо (1399-1485) Йоркҳо (1485-1767) ва ғайра ҳукмронӣ кардаанд. Аз таърихи Аврупо бисёр чунин мисол овардан мумкин аст, ки дар таърихнигории ҳеҷ як аз онҳо бо номи сулолаҳои ҳамдигарро ивазкарда давлатро ном намебаранд.

Дар чунин кишвари бузург, ба монанди Чин аз соли 1644 то соли 1911, яъне дар давоми 267 сол сулолаи манҷурии Тсин ҳукмронӣ кардааст. Лекин давлат чи хеле ки Чин ном дошт, ҳамин хел тағйири ном накардааст ва чиниҳо ин марҳалаи таърихро низ ҳамчун таърихи кишвари худ меҳисобанд. Сулолаи Рюрикҳо, ки аз халқҳои скандинавӣ – варягҳо буданд, аз соли 862 (Руси Киеви) то соли 1598 (Россия) дар Россия ҳукмрони кардаанд. Лекин давраи ҳукмронии сулолаи Рюрикҳо давлат номи Рюрикия ё ин ки Варягияро нагирифтааст.

Дар мақолаи зерин кӯшиш карда шуд, ки дар асоси сарчашмаҳои мӯътабар кишвари тоҷикон будани Хуросон ва Мовароуннаҳрро, ки дар асл ин фикри нав ҳам нест, балки воқеияти таърихист, асоснок карда шавад. Дар охир бояд қайд намуд, ки мақолаи мазкур кӯшиши ночиз оид ба муаррифии кишварҳои таърихии тоҷикон мебошад. Муаллифи мақола умедвор аст, ки дар ояндаи наздик муҳаққиқони ватанӣ масъалаи баррасишударо дар асоси боз ҳам маводҳои фаровон таҳқиқ менамоянд.

Ҳусенов Фаррух Раҳимович, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ