Ҷавонон – шукӯҳи Тоҷикистон

Истиқлол ҳамчун дастоварди нодир дар таърихи давлатдории навини халқи тоҷик ҷиҳати таҳкими нақши ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овард. Аз файзи соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тавсеаи имконот ва таъмини шароити мусоиду арзанда барои насли ояндасоз – ҷавонони мамлакат силсилаи иқдому тадбирҳои созанда амалӣ гардид.

Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” дар соли 1992 аз зумраи чунин ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад, ки дар меҳвари он таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни давлатҳои ИДМ аввалин мамлакате ба шумор меравад, ки Қонуни худро “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” - ро таҳия ва қабул намудааст.

Таҷдиди дубораи Қонуни мазкур дар таърихи 15-уми июли соли 2004 дар шакли “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва тағйироту иловаҳои минбаъдаи он далели равшан аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон як самти муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Маҳз бо қабули ҳамин санад ташаккули яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон, яъне сиёсати давлатии ҷавонон оғоз гардида, дар заминаи он барои тарбияи ҷавонони комил, ватандӯсту ватанпарвар, содиқу бофарҳанг ва бонангу номус шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти талаботи замони муосир барои тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар, ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат шуруъ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои худро истифода карда, барои таълиму тарбия ва обутоби онҳо аз лиҳози маънавию ҷисмонӣ ҳамаи шароитро фароҳам оварда истодааст.

Имрӯз низ истифодаи самаранок ва татбиқи ташаббусҳои ҷадиду нерӯи муосир яке аз афзалиятҳои стратегии давлат ва ҷомеа мебошад, ки манбаи онҳо, пеш аз ҳама, ҷавононанд.

Иқдоми дигари судманду хирадмандона, ки бо мақсади таҳкими нақши ҷавонон ва дастгирии ташаббусҳои ин нерӯи муассири ҷомеа ба роҳ монда шуд, таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон маҳсуб меёбад.

Дар бораи таъсиси мақомоти давлатии кор бо ҷавонон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 1997 зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар мужда расонида буданд:

- Ман имрӯз фармонро дар бораи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонон имзо кардам. Умедворем, ки ин сохтори давлатӣ аз ӯҳдаи идора кардани фаъолияти ҷавонон мебарояд. То ин дам татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро Раёсати кор бо ҷавонони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба ӯҳда дошт. Раёсат ҳамчун сохтори дохилии дастгоҳи вазорат салоҳиятҳои таъмини идораи комплексии сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро набуд.

Воқеан таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муҳимро бозид ва ҷавонон дар сатҳи давлат соҳиби сохтори давлатии худ гардиданд.

Фаъолияти пурсамари мақомоти давлатии кор бо ҷавонон тавонист дар ҳаёти ҷавонони кишвар ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таккони ҷиддӣ бахшад. Давоми фаъолияти самарабахши Кумита дар самти татбиқ ва инкишофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” як қатор корҳои муҳим ба анҷом расиданд.

Ин ташаббус бори дигар собит намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузошта шуда, масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти олии сиёсии мамлакат қарор дорад.

Маълум аст, ки Ҳукумати кишвар шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо назардошти нақши ҷавонон дар раванди бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста иқдом мекунад. Дар ин замина, бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998, таҳти рақами 628 санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид.

Таҷлили мутантани ҳамасолаи Рӯзи ҷавонон дар кишвар бозгӯи он аст, ки пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон яке аз ҳадафҳои муҳими Барномаи Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро созандагони Ватан номида, аз ин табақаи ҷомеа давомдиҳандагони анъанаҳои неки миллат ном гирифтаанд.

Лиҳозо, таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва ғамхорӣ ба ҷавонон меҳвару ҷавҳари сиёсати роҳбарияти олии мамлакатро дарбар мегирад.

Асри ХХI ҳамчун даврони пешрафти бесобиқаи илму технология водор месозад, ки барои тарбияи истеъдодҳо аз ҳисоби насли наврасу ҷавони кишвар, яъне ба воя расонидани кадрҳои замони нав аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҷиҳати таълиму тарбияи шоиста ва камолоти маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои аҳолиаш ҷавон буда, синни миёнаи сокинони он 24 сол мебошад ва 35 фоизи аҳолиро ҷавонони синни аз 14 то 30-сола ташкил медиҳанд.

Сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон дар соҳаҳои зерин ба амал бароварда мешавад ва ин самтҳо дар қонун ба таври возеҳ ифодаи худро ёфтаанд:

-риояи ҳуқуқи ҷавонон ва таъмини он;

– мусоидат ба фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкории ҷавонон, ташаккули фондҳои дастгирии иҷтимоӣ ва соҳибкории ҷавонон;

-дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон ва ҷавонони соҳибистеъдод;

-кӯмаки моддию молиявӣ ба ҷавонон ва хизматрасонии иҷтимоии онҳо;

-мусоидат ба ҳалли масъалаи манзил ва беҳтар кардани шароити зиндагии ҷавонон;

- тарбияи ҷавонон, аз ҷумла тарбия дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстй, эҳтиром ба рамзҳои давлатй, масъулияти шаҳрвандй, таъмини иштироки онҳо дар рушди фархднги миллӣ ва забони давлатӣ;

-кафолати таҳсили ройгони ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва махсуси давлатӣ;

-кафолати таъминоти шахсони ятиму бепарастор, бо ҷои кор таъмин кардани онҳо;

-дастгирии давлатии таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти касбӣ;

-мусоидат ба шуғли мутахассисони ҷавон;

- пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, нашъамандӣ, майзадагӣ, экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон ва ғайра.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки масъалаҳои дастгирии иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар аксари кишварҳои дунё ба шумор меравад. Ҳанӯз соли 1995 Барномаи ҷаҳонии марбут ба ҷавонон қабул гардида буд, ки дастгирии ҷавононро дар сатҳи байналмилалӣ фаро мегирад. Ин барнома даҳ самти фаъолияти марбут ба ҷавонон: шуғли аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, мубориза бар хушунату зӯроварӣ ва истифодаи маводи мухаддир, иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳалли масоили онро дарбар мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намудани давлат бесабаб нест. Зеро ҷавонон қуввае мебошанд, ки ояндаро меофаранд ва ҳамин нерӯи созандагии онҳо дар ҳолате ба дурустӣ ошкор мешавад, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ таъминоти пурраро соҳиб гарданд. Дар моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» самтҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муқаррар шуда, аҳамияти бештар зоҳир намудан ба масъалаҳои дастгирии иҷтимоӣ таъкид шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки заминаҳои қонунии ҳифзи иҷтимоии ҷавонон дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон хеле мукаммал гардидаанд.

Дастгирӣ ёфтани ҷавонон дар сатҳи давлатӣ, таъсиси стипендияҳои номии Президенти кишвар барои донишҷӯён ва толибилмон, хазинаи махсуси сарвари давлат барои таҳсили донишҷӯёни лаёқатманд дар хориҷи кишвар, афзудани теъдоди квотаҳои президентӣ, таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ташкили як қатор озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” аз тадбирҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, ки мақсад аз он пурқувват гардонидани мақоми ҷавонон дар самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки таҳти сарпарастии Пешвои миллат давоми ду сол инҷониб ҷараён дорад, ҷиҳати дарёфти ҷавонони лаёқатманд, соҳибистеъдод ва бомаърифат аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат нақши муассир мегузорад. Имсол озмуни мазкур 269 нафар довталаб, ки аксарият намояндагони насли ҷавон буданд, муттаҳид намуда, беҳтаринҳоро муайян намуд. Аз ҷониби дигар, насли ҷавони моро ба китобхониву китобдӯстӣ ҳидоят сохта, шавқу рағбати ҷавононро ба ватандӯстӣ, ободониву созандагӣ ва эҷодкориву навоварӣ ташаккул медиҳад.

Чунин тадбирҳо, ки ҳадаф аз он дастгирии ҷавонони арзандаву лаёқатманд мебошад, аз сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат сарчашма мегирад.

Давлату Ҳукумат ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ва имкониятҳои арзанда барои ҷавонон ба масоили рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Агар ба маълумотҳои оморӣ назар намоем, маълум мешавад, ки замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият дошт, ки дар онҳо ҳамагӣ аз рӯи 82 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд. Ҳоло дар мамлакат 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 300 ихтисос мутахассис омода месозад. Шумораи умумии донишҷӯёни мактабҳои олӣ зиёда аз 156 ҳазор нафар буда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунанд.

Имрӯзҳо беш аз 257 ҳазор нафар ҷавонон, ки 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар шароити имрӯза барои ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ будан масъалаҳои таҳсил, одобу ахлоқи ҳамида, донистани ҳуқуқ ва озодиҳои хеш, маърифату зиракии сиёсӣ, омӯзиши забонҳои модариву хориҷӣ ва касбу ҳунарҳои замонавӣ аҳамияти калидӣ пайдо менамоянд.

Бо дарназардошти ин, давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватанпарастиву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон дар меҳвари Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад. Ҳамасола дар Паём ба ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир шуда, дар самти дастгирӣ ва таъмини шароити мусоид ташаббусҳои созанда роҳандозӣ мешавад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати шинос шудан бо вазъи зиндагӣ ва фаъолияти ҷавонони кишвар чандин мулоқоти озоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат доир гардид.

Мулоқотҳои пайвастаи Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони кишвар собит месозанд, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиб ва маҳорати пешвоёнаи ҷавонон боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат як самти фаъолияташон маҳсуб меёбад. Боиси хушнудист, ки ҳар як мулоқоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон ба манзур сохтани як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад.

Аз ҷумла, 2 феврали соли 1993 вохӯрии роҳбарияти кишвар бо ҷавонон, 4 сентябри соли 1993 ифтитоҳи чорабиниҳои Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба муносибати дуюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, 17 марти соли 1994 нахустанҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, 23 майи соли 1997 вохӯрӣ бо намояндагони ҷавони ҷумҳурӣ, 16 майи соли 1998 вохӯрии Президент бо ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ, 21 майи соли 2005 вохӯрии навбатии Президенти кишвар бо ҷавонони ҷумҳурӣ, 23-юми майи соли 2013 мулоқоти Президент бо ҷавонони мамлакат ва 27 майи соли 2016 ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон доир гардид, ки ҳадаф аз он мусоидат ба ҳалли мушкилоти намояндагони насли ҷавон, таҳкими фаъолнокии ин табақаи ҷомеа маҳсуб меёбад ва ба таваҷҷуҳи хосаи сарвари давлат ба ҷавонони кишвар ишорат мекунад.

Дар нахустанҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17 марти соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ - иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳайё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буданд: «Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем».

Аз мулоқотҳои судманди роҳбари давлат пайваста доир ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, аз қабили таъсиси мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, зиёд намудани шумораи гирандагони Стипендияи президентӣ барои хонандагони мактабҳои маълумоти миёна, Квотаҳои президентӣ барои донишҷӯдухтарон ва донишҷӯписарони шаҳру ноҳияҳои дурдаст ҳангоми таҳсил дар макотиби олии кишвар, Фонди махсуси Президент оид ба таҳсили донишҷӯёни мамлакат дар хориҷи кишвар, таъсиси грантҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, марказҳои ҷавонон ва дигар тадбирҳои нек мужда мерасад.

Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми дигари созандаи Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, ки ба беҳтар шудани ҳаёти ҷавонон такони ҷиддӣ бахшид. Аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ намудани Шӯро намунаи олии эҳтиром ва эътимоди мақоми олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад. Чунин тарзи кор имкон медиҳад, ки пешниҳодоти ҷавонон ҳарчи бештар дастгирӣ ёбанд, мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасӣ гардида, роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд.

Пешвои муаззами миллат зимни ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки аз вохӯриву суҳбатҳо ва таҳлили андешарониҳои ҷавонон хуб эҳсос менамоянд, ки онҳо нисбат ба ҷавонони охири асри гузашта ба масъалаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ назари ниҳоят фарох доранд.

Дар кори Шӯро аз ҷониби Сарвари давлат ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат барои беҳтар гардонидани шароиту имкониятҳои ҷавонон, вусъати бунёди майдону толорҳои варзишӣ бо мақсади солимгардонии ҷомеа ва оммавигардонии варзиш, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ, тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим, таъмини пешрафти сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори замонавӣ барои он, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ, ҷудо кардани маблағҳои грантӣ ба ҷавонон барои пешбурди соҳибкории хурду миёна, таъсиси марказҳои нави касбомӯзӣ, тарбияи хизматчиёни давлатии ҷавону фаъол ва ташаббускор бо мақсади ба корҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани онҳо, пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ дар миёни ҷавонон, бахусус ҷавонони деҳот ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо, инчунин мусоидат ба пешгирии роҳи бегонапарастӣ ва гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ҳифзи солимии намояндагони ин қишр низ таҳти таваҷҷуҳ ва аҳамияти хос қарор дорад.

Бо назардошти аҳамият ва муҳимияти солимии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва таъмини иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ чораҳои муассир меандешад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш ва ҳалли мушкилоти соҳаи варзиш барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ низ қабул гардид.

Мутаззакир бояд шуд, ки таъсиси “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” аз ташаббусҳои созандаву оқилона мебошад, ки дар самти баланд бардоштани маърифати варзишӣ, тарғиби солимгардонӣ, тарбияи ҷисмонии аҳолӣ, ҷалби доираи васеи сокинон, хоса ҷавонон ба соҳаи варзиш нақши муассир дорад.

Бино ба маълумоти оморӣ то соли 2020 180 нафар варзишгари ҷавон, ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст, ки ҳаҷми умумии ҷоизапулӣ наздик 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ташаббусу тадбирҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷиҳати дастгириву ғамхории намояндагони ин қишри созандаро наметавон дар қолаби як мақола пурра ва ба таври муфассалу возеҳ шарҳ дод. Аммо дар матлаби мазкур муҳимтарин иқдоми давлат мавриди зикр қарор гирифтааст.

Хулоса, бо назардошти дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ҷавонон бояд дар навбати аввал бо дарки масъулияти баланди хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ барои ба вуҷуд овардани арзишҳои олии фикрӣ, ҳосили пурсамари илмиву эҷодӣ ва ҳамқадам гардидан ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонии илму маърифат кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар баробари дастоварду муваффақиятҳо дар шароити кунунӣ метавон аз як қатор мушкилоту муаммоҳои марбут ба ҷавонон ном гирифт. Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ аз мушкилоту зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва масоили мубрами ҷомеа ва давлат маҳсуб мешавад, ки ҷиҳати мубориза бо он бояд на танҳо мақомоти давлатӣ, балки намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан ҷавонон низ бояд фаъол бошанд.

Ҷавонон шукуҳи давлатанд, агар ба ҷавонон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир шавад, ба қуллаҳои баланди донишу маърифат, ахлоқ ва варзишу чолокӣ хоҳанд расид. Барои ҳамин ҳам мушкилоти тарбияи ахлоқии ҷавонон ба анҷом расонидани чандин корҳои зеринро аз ҷониби мақомоти давлатӣ, соҳаҳои маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҷомеа, хусусан ҷавонон талаб менамояд:

Якум, вобаста ба тарбияи ахлоқии ҷавонон омӯзиш ва шарҳу возеҳи асарҳои арзишманд дар макотиби миёна, олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ ба ҷавонон лаззати маънавӣ мебахшад. Зиндагинома ва корномаҳои воқеии таърихӣ насли ҷавонро ба дӯст доштани Ватан, Модар, эҳтироми волидайн, ҳифзи марзу бум ва ободониву созандагӣ роҳнамоӣ мекунад.

Дуюм, тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон ба мактаб, муаллим, китобу барномаҳои таълиму тарбия ва шинохту дарки масъулияти падару модар, ҷомеа ва амсоли ин вобаста аст. Барои ҳамин зарурати такмили мунтазами фаъолияти таълимӣ дар макотиб, беҳдошти сифат ва мазмуни таълим яке аз масъалаҳои муҳим боқӣ мемонад.

Сеюм, имрӯз вобаста ба осори тарбиявии гузаштагонамон мо бояд ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ тарбия намоем, ки дар онҳо симои миллат, суннатҳои давлатдории миллӣ ва расму оинҳои аҷдодӣ ҳарчӣ бештар ташаккул ёбанд.

Чорум, ба масъалаи истифодаи босамар ва дар доираи меъёрҳои ахлоқӣ истифода бурдани воситаҳои муосири техникӣ, махсусан Интернет таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шавад.

Фаридун Ҳодибоев

номзади илмҳои фалсафа, дотсент,

сардори маркази иттилоот ва таҳлили ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ