Пешвои миллат ва худшиносии миллӣ

Тоҷикистон дар замони истиқдолияти миллӣ бо сиёсати хирадмандони Пешвои миллат, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам ЭмомалӣРаҳмон тавонист пешрафтҳои назарасеро соҳиб гардад, ки дар тўли ҳафтод солиҳукуматдорииШўравӣба он соҳиб нагардида буд. Инпеш аз ҳама дар руҳи худшиносиву ватанпарастӣ тарбия ёфтани насли наврас мебошад, ки дар замон шўроӣнасли нав аз ин неъмат бархурдор набуданд. Бояд дар назар дошт, ки ҳар давлату миллат ҳамон вақт ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки соҳиби ҳофизаи таъризӣ ва эҳсосибаланди худшиносӣ дошта бошад. Таҳкими ҳисси худшиносӣ ва дарки ватанпарастиву худогоҳии миллӣ дар ин марҳила боз ҳам дар он зарур аст, ки мо танҳо бо ҳамин дарку шинохт метавонем ватанамонро аз ҳар гуна хатарҳои идеологӣ эмин нигаҳ дорем. Маълум аст, ки рўз аз рўз таҳоҷуми идеологияҳои мухталифҷомеаи ҷаҳониро ноором гузошта таъсири манфии худро дар қишрҳои гуногуни башарият гузошта истодааст. Ин гунаҷараён моро водор месозад, ки ба дарку маънии аслии мафҳумҳои худшиносиимиллӣхудогоҳӣ, ватанпарстӣ, дўст доштани марзу буми худ, эҳтиром ва бузургдоштиарзишҳои маънавию миллӣбирасем ва чунинарзишҳои ба хубӣ бишносем. Бояд дар назар дошт, ки шинохтихудшиносии миллӣ ва дарки арзишҳои маънавӣкорисаҳлу осон нест. Қабл аз он, ки нақши Пешвои миллатро дар таҳким ва густаришихудшиносии милли тоҷикон бишносем, зарур аст, ки перомунимафҳуми “Худшиносӣ” изҳори назар намоем.Ҳақ ба ҷониби пешвои миллиамон Президент Эмомалӣ Раҳмон аст, ки пайваста ва доиман оид ба баланд бардоштани рӯҳияи худшиносии миллати тоҷик дар ин давраи ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва вазъи на он қадар хуби сиёсии ҷаҳон ҳарф мезананд.

Худшиносӣ аз ҷониби олимону файласуфони ҷаҳони қадим ва муосир ба мактаби пуриқтидоре монанд шудааст, ки дар роҳи парвариши завқи маънавиятпарастӣ ва тарбияи шахси хирадманду оқил нақши барҷастае дорад. Бесабаб нест, ки пешвои таълимоти марксизм Карл Маркс худшиносиро аввалин шарти хирадмандӣ медонад.Ҳангоме, ки сухан аз ахлоқи поки инсонӣ меравад, дар мадди аввал яке аз пояҳои ин ахлоқ–худшиносӣ ба миён меояд. Дар воқеъ, ҳам агар фард, ки як узви ҷомеа аст, худро нашиносад, мавқеи худро муайян карда натавонад, чӣ гуна ў метавонад аз ахлоқи ҳамида бархурдор бошад.Худшиносӣ як амалиёти шахсӣ ва натиҷаи он аст, ки аз қарнҳову асрҳо инҷониб фикру андешаҳои файласуфон, уламои дин ва шоиру нависандагони бузургро ба худ машғул доштааст. Чунон ки файласуфи машҳури рус Бердяев Н. А навиштааст, «юнониён ибтидои фалсафаро дар худшиносӣ дида буданд»ва идомаи фикраш чунин аст: «Шахси ман як воқеияти таҳияшуда нест, ман худ шахси худро дар он ҳангоме ҳам, ки ба шинохтани худ машғул ҳастам, меофаринам».

Дар луғати ахлоқ «худшиносӣ» бо таъбири «самосознание» омадааст, аз ҷумла чунин шарҳ ёфтааст: «Худшиносӣ–дар фаъолияти иҷтимоӣ худро ҳамчун шахс шинохтани инсон ва дар ин ҷамъият шинохтани мавқеи худ аст. Дар натиҷаи худшиносӣ инсон қобилияти худназораткуниро ба даст меорад, имконияте пайдо мекунад, ки рафтори худро мустақилона идора ва назорат кунад, худашро худ тарбия намояд».

Дар шарҳу тафсили ин истилоҳ боз бисёр далелу бурҳон овардан мумкин аст. Лекин ҳаминашро мегўем, ки худшиносӣ як маҳдудияти синфӣ ё таърихӣ надорад. Худшиносӣ ҳам дар давраи феодалӣ, ҳам дар замони буржуазӣ, ҳам дар сохтори тоталитарӣ ва ҳам дар муҳити демократӣ як маънӣ дорад. Инсон бояд худашро худаш шиносад. Барои чунин шинохт ҳам аз муҳити иҷтимоӣ ва ҳам аз омилҳои шахсии худаш бояд истифода намояд. Имом Ғаззолӣ дар «Кимиёи саодат» худшиносиро яке аз унвонҳои аввалини чоргонаи асоси мусалмонӣ («пайдо кардани чаҳор унвони мусалмонӣ») медонад: «Оғози китоб дар пайдо кардани унвони мусалмонӣ ва он чаҳор аст. Унвони аввал шинохти хештан аст. Бидон, ки калиди маърифати Эзид маърифати нафси хеш аст. Пас туро ҳақиқати худ талаб бояд кард, то худ бифаҳмӣ чӣ чизӣ ва аз куҷо омадаӣ ва куҷо хоҳӣ рафт ва андар ин манзилгоҳ ба чӣ кор омадаӣ, туро ба чӣ кор офаридаанд ва саодати ту чист».

Чунин ба назар мерасад, ки инсон барои дарки моҳияти вуҷуди худ офарида шудааст, аз ин хотир барои ў фарогирии моҳиятивуҷуди худ ва гирду атроф, ҷомеа ва олам арзиши созанда дорад. Огаҳӣ пайдо кардан аз рўзгори пурихтилофи инсонӣ заминаи устуворе барои шинохти шахсияти ў маҳсуб мешавад. Вақте дар бораи худшиносии миллии тоҷикон, бунёди маънавии халқҳои ориёнажод ва сайри таърихии ин қавм дар паҳнои таърихандеша менамоем, беихтиёр навиштаҳои Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон оид ба решаҳои таърихии ин халқи куҳанбунёд пеши назар меояд. Ин шахсияти таърихии замони имрўз дар асари пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих»муаммои пайдоиши халқҳои Аҷамбунёдро дар чунин матлаб ифода кардааст, ки рўҳи иҷтимоии худшиносона дошта, андешаву равонихонандаи имрўзро ба таърихи азалии он наздик мебарад:«Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омадаанд ва дар кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёнижодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?»Ин суаолоти арзишманду мондагори Пешвои миллат ба ҳар як аз тоҷики ватандўсту худшинос аст, ки бояд ҳаррўз аз худ бипурсад ваба посух додани ин пурсишҳо бикўшад. Зеро маҳз худшиносӣ роҳи асосии расидан ба маърифати инсон ва ҷомеа мебошад. Шинохти аслу насаб аз шартҳои нахустин ва асосии худшиносӣ аст, ки барои амиқрафти дарки моҳияти маънавии инсон ва мақоми ў дар ҷомеаи мутамаддин заминаи мусоид ва муассир фароҳам меоварад. Арҷ гузоштан ба маънавият ва фарҳанги дурахшони гузаштаву имрўзаи миллат, эҳтироми хос ба таърихи пурғановати тоҷикон ва садоқати ҳамешагӣ ба ормонҳои ватангароӣ муҳимтарин унсурҳои хештаншиносӣ ба шумор мераванд.

Имрўз низ масъалаи худшиносии миллӣ бештар таваҷҷўҳи насли миллатро ба худ мекашад. Худшиносии шахсият ва худшиносии миллат барои мустақилияти фард ва истиқлоли давлат чун пояи мустаҳкам хидмат карда, аз вобастагӣ ба дигарон ва фармонравоӣ бар бегонагон эмин нигаҳ медоранд. Дар ҷомеаи имрўз техникаю илм пеш мераванд ва бо баробари афзудани аҳолии Замин дар сатҳи зиндагии мардум низ мушкилии гуногуне рў ба рў мегарданд. Баъзе афроде ёфт мешаванд, ки гурўҳҳои ғайриқонунӣ ташкил намуда, бо дарки хатои дини мубини ислом ҷавононро ба худ ҷалб мекунанд ва дар натиҷа даст ба ҷиноят зада, ҳаракату амалиёти террористӣ анҷом медиҳанд.Агар ҷавононро аз хурдӣ бо мафҳуми «худшиносӣ» ошно намуда, дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намоед, мақсади аслии худшиносиро, ки камоли маънавию ахлоқист, амиқ дарк менамоянд.Дар ин мавридПешвои миллат боз ҳам такрор менамоянд, ки: «Бидуни худшиносӣба арсаи таърих пой гузорем, бо чашми пўшида ва гўшиношунав қадам хоҳем зад».

Бояд таъкид кард, киимрўз яке аз масъалаҳои муҳим рўй оварданва дарку маърифати худшиносии миллӣаз ҷониби занон мебошад.Гоҳо тангии рўзгор, мушкилии зиндагии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ–сиёсӣ, мутаассифона, пешорўи аксари занонқарор мегирад, кидар натиҷа ба роҳи хато ва ҷиноят даст мезананд. Таҳлилҳо дар ҷомеа собит намуданд, ки ҷиноят байни занон сол то сол меафзояд ва эҳтимол сабаб шароити душвори иқтисодии хонадон ва маҷбуран сафарбар шудани мардон ба муҳоҷирати меҳнатист. Дар маврид низ Пешвои миллат яке аз аввалин чораандешон ҳастанд, ки бо фаромони худ"Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" намояндагони ҳукуматро водор карданд, киба иштироки зан дар корҳои ҷамъиятӣ, давлатӣ ва солимии оила таваҷҷўҳ намоянд. Барои ҷомеаи муосири мо занони бомаърифату худогоҳ бештар лозиманд. Дар ҳадисе омадааст, ки «худро бояд дуруст шинохт», яъне, натанҳо мардон, балки занон низ мебояд ба амри худшиносии миллӣ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намоянд.Зеро маҳз аз зани солиму соҳибтафаккур фарзанди солиму хештаншинос ба дунё меояд.

Мо ҳамеша мушоҳида мекунем, ки Президенти давлатамон Эмомалӣ Раҳмон доимо ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ сертаваҷҷуҳанд ва мардуми кишварро ба дарки истилоҳи «бедориву ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирӣ» ҷалб мекунанд. Аз ин ҷост, ки имрўзҳо ин масъала ҳар фарди ҷомеаро водор менамояд, то дар ин мавзўъ амиқан андешаҳояшро баён намояд. Имрўзҳо Президенти мамлакат дар маърўзаҳо, аз ҷумла Паёми ҳарсола доир ба тарбияи ҷавонон дар рўҳи худшиносии миллӣ суханрониҳо кардаанд. Чунончӣ:“Раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд”. Ҳар як фарзанди босадоқати мамлакат мебояд ин гуфтаҳоро шиори рўзмарраи худ намуда, нагузорад, то нохалафеба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Шукронаи даврони истиқлол намуда, кўшиш ба харҷ бояд дод, то барои рушди иқтисоди кишвар ва устувории пояи ваҳдат саҳми арзанда гузорем. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмардона сайқал бахшидани андешаи миллиро тақозо дорад, ки худогоҳӣ, худшиносӣ ва маҳорату маърифати беназирро таҳким мебахшад.

Хадамоти таърихӣ ва мондагориЭмомалӣ Раҳмонродартаҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣбояд ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бидонад. Зеро ин шахсияти таърихӣбарои муаррифии халқу миллати худ ҳамчуннаслиориёӣ нақши бузурге гузошт. Бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ ба монанди Имом Абўҳанифа,Исмоили Сомонӣ, Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ИбниСино, Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нустатуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шотемур аз хидматҳои Пешвои миилат аст, ки дар бедории ҳисси худогоҳии миллиамон нақши босазо гузошт. Ин ибтикори беҳамтои Пешвои миллат ба ҳукми анъана даромад, ки барои таҳкимихудшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.Таҷлили ҷашнҳое қадимии тоҷиконНаврўз, Сада, Меҳргон ва дигар анъанаҳоиқадимаи мохидамату ибтикорироҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонаст.Инибтикоротдар эҳёва густаришиунсурҳои фарҳанги милливу динӣдарҷаҳони имрўз нақши муассир гузоштанд. Аз ин рў,дар марҳилаи навини таърихӣ ба миллати мо азамату тавони тозаиоламгирии фарҳангӣато кард.

Табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест, балки барои ноил шудан ба мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, донишу биниши иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва маърифати мукаммал зарур аст. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмандонаву аҳлона ва зиракона сайқал бахшидани андешаи миллӣ, ки таҳкимбахши ҳуввияту худшиносӣ аст, маҳорату маърифати беназирро талаб менамояд.

Самадова Д.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ