Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди нидиртарини халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар солҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат аҳамияти махсус дода шуда,чӣ қадар иншоотҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Хосатан соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб рафта, ҳар сол чун анъана санаи 1 сентябр аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Дарси сулҳ» ироа карда мешавад. Соли равон бошад баромади Президенти кишвар бахшида ба Рӯзи Дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ироа карда шуд.

Чи хеле ки аз тарафи Сарвари муаззами миллат қайд карда шуд Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва омода намудани кадрҳо барои иқтисоди миллӣ то имрӯз бисёр иқдомоти созанда ва ба оянда нигаронидашударо амалӣ гардонида, давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне кадрҳои баландихтисос обод мекунанд.

Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд.

Чуноне , ки дар баромади Пешвои миллат қайд карда шуддар 31 соли соҳибистиқлолӣ 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ бунёд ва таъсис дода шуда, танҳо дар соли 2021 ва шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат 247 муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 110 ҳазор хонанда ки далели возеҳи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад, ба истифода дода шудааст.

Инчунин гуфта шуд, уи 1-уми сентябри соли равон қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар наврасони кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтарон дар муассисаҳои таълимӣ ба дарс оғоз карданд, ки 272 ҳазори онҳо (133 ҳазор духтарон) бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд.

Ба онҳо зиёда аз 128 ҳазор нафар омӯзгорон дарс медиҳанд, ки беш аз 72 фоизашон бонувону занон мебошанд.

Чунин дастовардҳо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ ва заҳмати содиқонаи халқамон ба даст омадааст, зеро халки тоҷик бо илму адаб ҳамеша бартарият дошта тамоми малакаи худро барои пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим гузошта истодааст.

Абдуллоева Азиза - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ