Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба самти афзалиятноки илму маориф

Маориф дар ҳама давру замон неруи пешбаранда, маҳаки соҳибфарҳангӣ ва соҳибмаърифатии ҷомеаи тамаддунофар мебошад.

Маорифпарварӣ равияи сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву адабӣ ва илмию амалӣ мебошад, ки зиёиёнро аз ғафлати шахшудамонда ва принсипҳои замони гузашта бедор намуда, онҳоро ба замони муосир, давраи тантанаи илму амал ва адолат даъват менамояд.

Маълум аст, ки соҳаи маориф соҳаи афзалиятноктарини ҷомеа, ташаббускори навгониву навоварӣ, кашфиёту ихтироъкорӣ, андешаҳои наву афкори созандаи ҷомеаи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Анъанаи гузаштагон, яъне маорифпарвариро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода, ба ин соҳаи басо муҳим ҳамеша таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд ва пайваста барои пешрафти соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ғамхорӣ менамоянд.

Пешвои миллат пайваста дар паёмҳои худ соҳаи маорифро мавриди назар қарор дода дастур ва супоришҳои худро барои пешравии ин самт пешниҳод менамоянд: “Таҳким бахшидан ба иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устуворгардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маорифмебошад. Аз ин рӯ, мо ба соҳаи илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем”.

Инсоният ба василаи татбиқи роҳҳову усулҳои санҷидашудаи илмӣ барои дарки муҳимтарин ва мушкилтарин асрори олами моддӣ талош менамояд. Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки ҳама гуна кашфиёт ва ихтирооти судманд ва натиҷаҳои навоваронаи муҳаққиқони маъруфи олам барои иқтисодиёти кишварҳо манфиатҳои фаровони молӣ оварда истодааст. Дар мамлакатҳое, ки низому илму маорифи онҳо ба тавсеаи улуми табиатшиносӣ ва дақиқ равона шудааст, дар арсаи ҷаҳонӣ ба пешрафтҳо ва дастовардҳои бебаҳси илмӣ ноил гардидаанд. Аз ин рӯ, ҳамеша дигаргуниҳои куллӣ дар ҷомеа, муайян намудани самти ояндаи рушд ва инкишофи бар дӯши илму маорифбуда яке аз масъулияти асосии ҳамин сохторҳо ба шумор меравад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат, Ҳукумати мамлакат ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар имрӯзҳо садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, таъмир ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимии мавҷуда идома ёфта истодааст. Дар замони истиқлоли давлатӣ шаклҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ гардида, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳуриамон 9 мактаби президентӣ бо фарогирии қариб 8 ҳазор хонанда, 75 гимназия барои зиёда аз 53 ҳазор толибилм ва 71 литсей барои 36 ҳазор талабагон таъсис ва ба истифода дода шудааст, ки аз ғамхориҳои Пешвои миллат дар самти маориф ва илм ба ҳисоб меравад.

Дар Паём эълон намудани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” боиси таваҷљуҳи маорифчиён, кормандони илм ва тамоми сокинони мамлакат гардид. Пешвои миллат иброз доштанд, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллиамон, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат баланд бардоштани сатҳу сифати илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ зарур мебошад.

Барои иҷроиши дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ нақши асосиро озмоишгоҳҳои илмиву таълимӣ мебозанд. Яъне, дар асоси таҷрибаи ҷаҳонии муосир маълумкарда шудааст, ки барои пеш бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотии илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ аз таҷрибаҳо васеъ истифода мебаранд. Имрӯзҳо бахшида ба эълон намудани Бистсолаи илмҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ ҷиҳозонидани озмоишгоҳҳоитаълимӣ ва илмиро тақвият дода истоданд. Идомаи ин раванд хонандагон ва донишҷӯёнро бо илмҳои табиатшиносӣ бештар ошно мегардонад ва, билохира, ба баланд бардоштани маданияти илмӣ-табиии ҷомеа ва ба сари вақт расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръат оварда мерасонад.

Паҳлуи дигари масъала оид ба пеш бурдан ва баланд бардоштани сатҳу сифати илмҳои табиӣ-дақиқ бо мутахассисони баланди соҳа таъмин намудани муассисаҳои таълимии кишвар, яъне, бо устодон ва олимони пуртаҷриба ба ҳисоб меравад, ки инро дар Паём қайд намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо солҳои 2020 – 2040-ро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда, тамоми сохторҳои илму маориф ва, умуман, муассисаҳои иҷтимоиро вазифадор намудем, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва мафкураи техникии насли наврасро қавӣ гардонанд.

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби ҷавонон ва наврасон ба ихтирокорию навоварӣ доимо дар назари раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети физикаю техника мебошад.

Бахшида ба “Солҳои 2020-2040 - Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзї дар соҳаи илму маориф”дар мавзӯи «Муаммоҳои физикаи муосир дар раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-амалӣ ба нақша гирифташуда,зиёда аз 110 мақолаҳои илмӣ дар ҳафт бахш омода карда шудааст.

Ҳамасола бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва ҷашнҳои таърихї дар Донишгоҳ конференсияи илмӣ-анъанавии апрелӣ гузаронида мешавад, ки дар кори конференсия устодон, магистрантону доишҷӯёни факултети физикаю техника фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳар сол дар Донишгоҳ, аз ҷумла, дар факултети физикаю техника озмуни ихтироъкорони ҷавон ва олимпиадаҳои фанҳои физикаву астрономия гузаронида шуда, донишҷӯёни ғолибро ба озмунҳои донишгоҳиву ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамоянд, ки ҳамаи ин бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат мебошад.

Иқдомҳои неки Сарвари мамлакат дар соҳаи илму маориф имрӯзҳо барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим таъсири мусбат расонида истодааст. Вобаста ба ғамхориҳои Пешвои миллат дар соҳаи илму маориф устодон, олимон ва, умуман, ҳамаи маорифчиён кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷавонону наврасони тоҷик аз илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баҳраманд бошанд ва шуҳрати илми тоҷик ва алломаҳои он, ба монанди Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигаронро дар арсаи ҷаҳонї баланд бардоранд.

Умаров Н.Н. муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети физикаю техника, номзади илмҳои физ.мат.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ