​Сайёҳӣ - омили асосии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон

Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон- яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар, ки солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Воқеан ҳам, дар давлатҳои пешрафтаи сайёҳӣ, ки маҳз ҳамин соҳа даромади асосии буҷеташонро таъмин месозад, инфрасохтори туризм ба дараҷае рушд кардааст, ки ҳатто ҳар гуна хоҳиши сайёҳони сернозунузро метавонад комилан қонеъ созад.

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ заминаҳои устувор гузошт. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда соли гузашта дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шуд.

Ҳудуди Тоҷикистонро бо назардошти имкониятҳо ва объектҳои туристиашон шартан ба 6 минтақаҳои туристӣ (сайёҳӣ) тақсим намудан мумкин аст:

1.Суғд - Истаравшан, Хуҷанд, Обанбори Қайроқум, Исфара, Конибодом, Зафаробод, Мастчоҳ ва ғайра ;

2.Водии Зарафшон - Панҷакент, Айнӣ, Мастчоҳи кӯҳӣ, Яғноб ;

3.Водии Ҳисор - Дараи Варзоб, Ҳисор, Ромит, ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Турсунзода ;

4.Водии Рашт - Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара ;

5.Водии Вахш - Қурғонтеппа, Норак, ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён, Ёвон ;

6.Минтақаи Кӯлоб - Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Шӯробод, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ;

7.Минтақаи Бадахшон - Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб.

Тақсимбандии мазкур шартӣ буда, ҳар кадоме аз инҷо метавонанд вобаста ба объектҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табии мавҷудбуда занҷираи ягонаи хатсайри туристиро ташкил диҳанд.

Саразм. Ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ёдгории қадимаи Саразм дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст.

Майдони аввалаи ёдгории таърихӣ қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст.

Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудааст, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи зайл мебошад: давраи I – cолҳои 3500-3200 то асри мо; давраи II- солҳои 3200-2900 то асри мо; III – cолҳои 2900-2700 то асри мо; давраи IV –солҳои 2700-2900 то асри мо.

Ҳисор. Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Ҳисор аз қадимулайём бо обу ҳавои латифу мусоид, кӯҳҳои пурфайз, дарёҳои сероб, заминҳои зархез ва дороии ёдгориҳои ҳама давр диқати сайёҳонро ба худ ҷалб менамуд. Одамон ҳануз 40-50 ҳазор сол қабл дар ин мавзеи бобаракат маскун шуда, ба зироаткорию чорводорӣ ва ҳунармандӣ машғул буданд. Дар водии Ҳисор бостоншиносон бо маданияти моддии қадимтарини одамон вомехуранд. Дар давраи неолит (қарни санг) водии Ҳисор хеле сераҳолӣ будааст, ки ба ин бошишгоҳҳо маснуоти шикорию рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд. Маданияти қарни неолитро олимон шартан маданияти Ҳисор ном бурдаанд, ки ёдгориҳои моддиашро бори аввал академик А. П. Окладников дар теппаи Ғозиён кашф намудааст. Ҳангоми ҳафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг ёфт шудааст.

Шаҳри Ҳисор дар асри ХII- то мелод ҳамчун маркази минтақаи заминдорӣ бунёд мегардад. Дар давраҳои минбада махсусан дар асрҳои VII-V-и то мелод ҳудуди шаҳрак то ба 85-90 га-ро дар бар мегирифт.

ҲУЛБУК. Дар асоси сарчашмаҳои ҷуғрофӣ-таърихии юнонӣ, чиннӣ ва арабу-форсӣ инчунин ғановату гуногуншаклии бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳулбук – пойтахти Хутталон шаҳрест бо таърихи бисёр қадима. Дар ҳама давру замонҳои мавҷудияти хеш, шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хутталон ба ҳисоб мерафт. Маданияти шаҳрсозии Ҳулбук аз рӯи тарҳи возеҳи меъморӣ ва муҳандисӣ бо сохторҳои муракаби коммуникативӣ, системаи гармидиҳии зерифаршӣ, аз ҳудуди қаср берун намудани обҳои барфу борон ва обҳои истифодашуда танҳо баъди софкорӣ,таъмини обҳои ошомиданӣ ва хоҷагидорӣ ва аз ҳама муҳим бо риояи талаботҳои шаҳрсозии асримиёнагӣ, яъне бо қасри шоҳон, шаҳристон ва рабази (маҳалҳои аҳолинишини ба шаҳр пайваст) наздишаҳрӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳафриётҳои бостоншиносӣ, ки дар ҳудудҳои қасри шоҳони Хуттал ва ҳудуҳои шаҳристон гузаронида шудаанд нобиғаҳои меъмории тоҷикӣ, мавқеъи интихоби ҷой бо нигоҳдошти манзараҳои табии, мавқеъи стратегӣ — мудофиавиро ошкор намуданд.

Чилдухтарон. Чилдухтарон – номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одаммонеанд, ки ба худ сирру асрори хосае доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд. Дар асл бошад, ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба кўҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Кӯҳҳои Чилдухтарон байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомании занони тоҷик ривоят мекунанд. Дар замонҳои хеле қадим тўдаи аҷнабиёни ғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум оварда, мардону занон, писарону духтаронро ба худ ғулом карда, ба мамолики дурдаст бурда мефурўхтаанд. Хусусан, духтарони хушлиқоро зуран асир мегирифтанд. Дастаи ғоратгарони малъун ба сарзамини Мӯъминобод ҳуҷум мекунанд, ҳар ҷонзоди зиндае, ки аз пеши ин гургони гурусна мебаромад, пора-порааш мекарданд. Деҳаҳои минтақаи Дуобро ба хок яксон карданд, мардуми бонангу номуси Дуоб ба муҳофизати занону духтарон, муйсафедону кампирони барҷомонда бархоста, ба муқобили душманони ғоратгар диловарона меҷангиданд. Бо корнамию ҷоннисориҳояшон чандин маротиба ҳамлаи хунхоронаи душманонро зада гардонданд. Аммо дар охир аҷнабиҳои хунхор тамоми қувваҳои худро аз минтақаҳои Яхсу, Вахё, мулкҳои лакаю туркнишин ҷамъ оварда, ба қувваи даҳчанд ба Дуоб ҳуҷум оварданд. Ин дафъа барои ҳимояи марзу буми хеш тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқои товусхироми ин сарзамин бархостанд. Задухурд чанд шабонарўз давом кард. Оқибат душман бо қувваи калони худ бартарӣ нишон дод, аҳолии беяроқу бепушту паноҳ ба сўи кўҳҳои сарбафалак рў оварданд. Як қисми душманонро аҳолӣ фиреб карда, худ ба сўи кўҳи Пирӣ, Дашти Ҷум паноҳ мебаранд. Қисмати бечораю бенавояш, хусусан кампирону муйсафедон ва беморон аз дами шамшери хунхорон наҷот наёфтанд. Як гуруҳ духтарон низ, ки қувваи асосии душманро пайиҳам шикаст медоданд, ба фишори шадиди душманони хунхору малъун тоб наоварда, сўи кўҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани духтарон буд. Воқеан онҳо ба мақсади хеш наздик мешуданд. Духтарон чун мебинанд, ки аз дасти ин тўдаи гургони гурусна шаъну шараф ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, ба Худо рў оварда, илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба ин девсиратон рў ба рў насозад. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷобат мекунад. Бо амри ин Офарандаи ҳама мавҷудоти олам духтарон ҳар яке дар ҷои истодаашон ба санг мубаддал мегарданд ва чун рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ то ҳанўз дар қиёманд.

Афзудани теъдоди сайёҳон ва меҳмонон ба кишвари мо ба манфиати иқтисодиёти миллӣ мебошад. Сокинони кишвар бояд дарк кунанд : ин табиати зебо, ки Худованд ба мо ато кардааст, бояд ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодӣ истифода бурда шавад. Барои ҷалби сайёҳон бояд тарзи дурусти пешниҳод кардани хидматҳои ҷавобгӯ ба талаботи замонро ба роҳ монем, инфрасохтори сайёҳиро рушд диҳем ва ба ҷаҳониён Тоҷикистони зебою афсонавӣ, дорои арзишҳои волои таъриҳӣ, фарҳангӣ ва табииро пешниҳод намоем. Рушди ин соҳа ба пешрафти кишвар ва муаррифи бештару беҳтари миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Манзура Ҷабборова - донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ