​Ҷавоне дар ҷустуҷӯи илм

Фарҳод Ҳоҷиев донишҷӯи соли панҷуми факултети таърих ва ҳуқуқ аст. Номбурда аз шогирдони шоиставу арзандаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳсуб меёбад, ки давоми таҳсил ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, нуфузи донишгоҳро дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ баланд бардоштааст.

Танҳо худи ҳамин сол Фарҳод дар ду озмуни сатҳи ҷумҳурӣ иштирок ва ғолибият ба даст овард, ки боиси хушҳолии ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ гардид. Аз ҷумла, мавсуф дар олимпиадаи фаннии ҷумҳурӣ таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз” мақоми дуюмро соҳиб гардид, ки ба дастовардҳои донишгоҳ тавфиқи бештар зам намуд.

Дар олимпиадаи ҷумҳурияӣ, ки миёни 35 муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ доир гардид, наздик 400 нафар донишҷӯён байни ҳам рақобат намуданд. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ин олимпиада мақоми дуюмро касб намуд, ки ҷиҳати расидан ба ин комёбӣ саҳми донишҷӯёни лаёқатманде чун Фарҳод Ҳоҷиев муассир аст.

Дастоварди навбатии Фарҳод Ҳоҷиев ғолибияти ӯ дар давраи ҷумҳуриявии маҳфил-озмуни “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” мебошад. Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни донишҷӯёни макотиби таҳсилоти олии касбӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир шуд, ки дар он мақоми аввалро сазовор гардид.

Гузашта аз ин, Фарҳод Ҳоҷиев гирандаи якчанд намуди стипендия буда, дорандаи ифтихорномаи Ҷоми Академияи миллии илмҳо мебошад. Мақолаҳояш дар матбуоти даврӣ пайваста нашр мешаванд. Худи ӯ мегӯяд, ки мақсадаш дар роҳи илм ба дастовардҳои нодир мушарраф шудан аст. Аз ин лиҳоз, ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва талошҳост.

Шиораш дар зиндагӣ:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ