​Боз як хуршед моро тарк гуфт...

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нисбати даргузашти Марҳабохон Юсупова, котиби илмии Шӯрои олимони донишгоҳ сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикон сабри ҷамил ва ба марҳума манзили охирати обод хоҳон аст.
Реҳлати як зани хирадманду фарҳехта, бонуи кордону масъулиятшинос, корманди ташаббускору пурэнерҷӣ барои донишгоҳ талафоти калон аст.
Марҳабохон Юсупова аз зумраи бонувони хоксору самимӣ, кадри лаёқатманд, ҳамкори дилсӯзу дастгир буданд, ки бо хислатҳои наҷибу ҳамида ба муҳаббату эҳтироми атрофиён сазовор шудаанд.
Номбурда баъд аз хатми донишгоҳ тамоми умр дар хидмати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дониш, малака ва тавоноии хешро пайваста ҷиҳати пешрафти донишгоҳи азизамон сарф мекарданд.
Номбурда шурӯъ аз соли 2000-ум то имрӯз дар зинаҳои гуногун дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият доштанд. Маҳз фитрати азалӣ, саводи баланд, тинати пок ва масъулиятшиносии Марҳабохон Юсупова буд, ки он кас аз вазифаи ҳуҷҷатнигори шӯъбаи аспирантураи донишгоҳ то ба дараҷаи котиби илмии Шӯрои олимони донишгоҳ расиданд.
Муомилаи хуш, чеҳраи кушод ва табассуми малеҳи марҳума барои ҳар ҳамсӯҳбат таассуроти нек боқӣ мегузошт.
Сад дареғ, ки риштаи ҳаёти боз як инсони нек канда шуд. Мегӯянд, ки марг гулчин аст. Воқеан имрӯз аз боғи ҳаёти мо гулеро барчинд, ки ба атроф фақат зебоӣ ва тароват мебахшид.

Пайроҳаи зиндагӣ, кору пайкор ва аъмоли Марҳабохон Юсупова намунаи ибрат ва омӯзиш аст.
Ғамгинӣ ва дарди ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро бо сухан тасвир намудан душвор аст. Имрӯз аз хурд то калон ҳама дар фироқи марги ин зани фарзона хун мегирянд.
Худо кунад, ки руҳи Марҳабохон Юсупова шод ва маконашон Фирдавси Барин бод.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ