Илму маориф самти афзалиятнок дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ

Мувофиқи тағйироти Конститутсия дар соли 2003 ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиистон ҳамчун роҳбари давлат ва мақомоти иҷроия оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар назди узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад, ки он Паём номида мешавад. Паёми Президенти кишвар соли сипаришавандаро ҷамъбаст намуда, муваффақиятҳо ва норасоиҳои онро таҳлил менамояд ва доир ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ, гардиши молу маҳсулот, даромади аҳолӣ ва пасандоз; ҳаётииҷтимоӣ, таъмини некуаҳволии мардум, наврасон, толибилмон, мактабу маориф, варзиш, ҷавонону занон; ҳаёти фарҳангӣ, таҷлили ҷашнвораҳо, маънавиёти ҷомеа ва ғайра ҳамчун ҳадафҳои барномавӣ маълумот дода мешавад.

Паёми Пешвои миллат аз санаи26 январи соли 2021 бисту дуюмин Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ маҳсуб меёбад. Дар ин Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон самтҳои муҳими сиёсати дохилиро дар соли 2020 кишвар мавриди таҳлил қарор дода шуда, масъалаи бемории умумиҷаҳонӣ КОВИД-19, паёмадҳои он, таъсири он ба иқтисодиёти кишвар, бартараф шудани ин хавф маълумот дода шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. Бинобар ин барои пешгирии ин пандемия ва бартараф сохтани ондар мамлакат 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд.

Бояд тазаккур дод, тамоми масъалаҳои муҳим, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа шударо имкони мариди баррасӣ қарор додан надорем. Дар он Пешвои миллат ба соҳаи иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, масъалаи илму маориф ва тандурустиро дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор доштанро таъкид намуданд.

Қайд гардид, ки дар соли 2020 157 муассисаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд, ки дастоварди муҳим дар соҳаи маорифи кишвар дар ин сол аст. Пешвои миллат ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз давраи ташкили Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷӯҳ намуда, қайд намуданд, ки аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Дар баробариин барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим Сарвари давлат эътибори махсус зоҳир намуда, барои он зарур мешуморанд, ки шароити мусоид фароҳам оварда шавад ва дар баробари омӯзгорон падару модарон низмасъулият дошта бошанд. Дар ин ҷода нақши мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ мегарданд. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми кишварро вазифадор намуданд, ки таҷрибаи мактабҳои типи нав дар роҳи таълиму тадрис барои муассисаҳои таълимии кишвар васеъ тадбиқ карда шавад.

Дар ин бора қайд гардид, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд. Бинобар ин ба Вазорати маориф ва илм, Вазорати молия, Академияи миллии илмҳо, дигар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, раисони шаҳру ноҳия дар маҷмӯъ вазифадор карда шуданд, ки дар ин роҳ ба иштибоҳ, салҳангкорӣ роҳ надиҳанд, барои муҷаҳҳаз намудани кабинетҳои фаннӣ аҳамият диҳанд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади боз ҳам ҷоннок намудани ин масъала ва ҷалби ҷавонон, наврасон дар роҳи омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ озмуни ҷумҳуриявии таҳти унвони«Илм – фурӯғи маърифат» ташкил карда шавад.

Озмунҳои қаблии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» собит намуд, ки байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд намудан лозим аст. Пешвои миллат қайд менамоянд, ки умедворам, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.

Бинобар ин, зарур аст, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад. Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Барои боз ҳам бунёди муассисаҳои томактабӣ дар мамлакат шароити мусоид фароҳам оварданро Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуда, зарурат ва аҳамият доданро дар ин бобат махсус қайд намуданд. Таъкид гардид, ки соли 2020 ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Ба вазорат ва кумитаҳои дахлдори соҳавӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, ба ин масъала бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Дар Тоҷикистон то замони соҳибистиқлолӣ13 муассисаҳои олии касбӣ бо теъдоди 69000 донишҷӯ фаъолият дошта бошад, ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст. Бинобар ин, таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа додан аҳамияти махсус дода шавад.

Чун дар Паёмҳои қаблӣ оид ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ Сарвари давлат аҳамияти махсус дода, махсусан омӯзиши ҳатмии забонҳои англисӣ ва русиро бо талаботи таълими қатъӣ зарур шумориданд.

Ҳоло таъки гардид, ки 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо дар хориҷи кишвар ба таълим фаро гирифта шудаанд. Барои донишҷӯёни хориҷӣ низ Сарвари давлат таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда,бо стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» донишҷӯёнро дастгирӣ менамоянд.

Ҳамчунин, охири соли гузашта барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд.

Бо мақсади дастгирӣва тақвиятивазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.

Тибқи маълумот ҳар сол аз институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда мешаванд, вале ин ҳоло ин миқдорро кам шуморида, барои бештар сафарбар намудани муҳаққиқони ҷавон Сарвари давлат таваҷҷӯҳ намуданд. Дар баробари ин аз ҷониби Сарвари давлат ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия намуда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Муҳаққиқон ва ба таҳқиқу омӯзиши самтҳои гуногуни илм дар Академияи миллии илмҳои мамлакат таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар аҳамият дода шуда, агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи ин муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст.

Дар маҷмӯъ, ҳамасола дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маорифи кишварро яке аз самтҳои муҳим ва калидии дигар соҳаҳои кишвар шуморида, барои дастгирии ин соҳа дар Паём вазифаҳо ва аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад.

Маҳкамов С.С., муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ