​Андешаҳо перомуни Паёми президенти кишвар

Якум. Дар ҳақиқат дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нисбати масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ масъалаҳои меҳварӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Соли 2020 маълум аст, ки пандемияи Коронавирус ба соҳаҳои хоҷагии халқ таъсири манфӣ расонид. Дар роҳи табобати беморон кормандони соҳаи тиб ба қасами худ содиқ монда, хизмат кардан два беморонро табобат намуданд. Аз минбари баланд ба кулли кормандони тибб Сарвари давлат арзи сипос гуфтанд, ки ин як нишонаи қадршиносӣ аз кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад.

Пешвои миллат дар фикри тандурустӣ ва саломатии мардум мебошанд. Аз ин хотир, гуфтанд, ки гарчанд ки барои намозхонӣ дари масҷидҳо кушода шуд, аммо чораҳои эҳтиётӣ бояд ки риоя кара шавад. Ҳадаф аз ин танҳо эҳтиёт кардани мардум мебошад.

Дуюм. Дар ин Паём боло бардоштани нафақаи маъюбони модарзод ба ҳаҷми 30% эълон гашт, ки дар ҳақиқат барои ин табақаи ниёзманд кўмаки хуб мебошад. Ба маблағи иловашуда як камбудии рўзгорашонро буд карда мемонанд. Аз ин рў, ин иқдоми хуби Пешвои миллат аст. Хуб мешуд, ки чунин тоифаи мардум аз ҷониби соҳибкорон, аз тарафи шахсони саховатманд дастгирӣ карда шаванд ва масъалаҳои марбут ба табобаташон саривақт ҳалли худро ёбад. Гумон мекунам, ки 30% боло бардоштани нафақаи маъюбони модарзод барои нафъи онҳо аст. Ин ҳам як дастгирии иҷтимоӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Сеюм. Президенти Тоҷикистон дар Паём гуфтанд, ки кишвари мо имконияти бо кор таъмин кардани мардумро дар дохили кишвар дорад. Аммо ҳаминро бояд қайд кард, ки аксари муҳоҷирони меҳнатие, ки ба хориҷа ба кор марафтанд, дар кишвар қути лоямут меёбанд, ки пули кор мекардаашон ба зиндагӣ нўг ба нўг мерасад. Мардум аз ноилоҷӣ илоҷ гуфта дар Тоҷикистон кор карда гаштаанд. Аммо дар хориҷа кор кунад, маблағи бештар ба даст меорад. Пулҳои интиқолкардааш барои пешбарии зиндагии оилааш, барои низоми бонкии Тоҷикистон ва куллан барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ бештар фоида меорад. Доир ба хориҷа бештар бок ор таъмин кардани муҳоҷирон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо дар Паём гуфта мешуд, хеле хуб мегардид.

Чорум. Борҳо мешунавем, ки дар Тоҷикистон ҳамаи элементҳои системаи даврии Менделеев мавҷуд аст. Аммо дар коркарди корҳо ё мутахаасис надорем, ё маблағамон нест ва ё сабабҳои дигар. Дар паёми худ Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки дар мамлакатамон беш аз 600 кор ва 800 зуҳурот кашф ва омўхта шудааст. Аммо аз инҳо танҳо 27% истихроҷу коркард мешавад.

Супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳияи барномаи давлатии рушди геология то соли 2030 мувофиқи мақсад аст. Ҳамчунин барои таъмин кардани ин корҳо бо мутахассисони маҳаллӣ ва конканҳову коншиносон зарур аст.

Кишварҳои Араб танҳо бо нефт ин қадар бою бадавлат гаштаанд, фурсати он фаро расидаст, ки бо миқдори зиёди конҳо Тоҷикистон низ ободу гулгул шукуфон гардад.

Панҷум. Пагоҳ чӣ мешавад, ғайр аз Худо ягон кас намедонад. Суханронии Президент доир ба вазнин омадани соли 2021 хеле воҳманок буд. Худо хоҳад, кор то он дараҷае, ки қаҳтсоливу хушкӣ меояд намерасад. Сардори давлат бо назардошти пешгўиҳои иқтисодӣ ва омўзиши равишҳои иҷтимоӣ ин суханонро гуфтанд.

Ба ҳар ҳол суханони Президент доир ба мушкил гаштани таъминот бо ғизо касро хавотир мекунад. Беҳтар мешуд, ки ин суханон аз даҳони Президент садо намедод. Баъди шунидани ин гуфтаҳо ба таври автоматӣ нархи маводи хўрокаро тоҷирон дар бозорҳо баланд мебардоранд, ки ин ба фоидаи мардуми оддӣ нест.

Аддози ягонаи замин барои як сол аз байн бардошта шуд, гумон мекунам, ки ин барои арзон гаштани нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва фаровон гаштани ҳосили деҳқон мусоидат хоҳад кард.

Пайрав Сулаймонов – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ