Беҳтарин арзиши Паём ватандўстӣ

“Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан ҳам ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал дониста мешавад, зеро ҳар давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, поянда нигоҳ доштани забони давлатӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки шаҳрвандони бо ору номусӣ кишвари азизамон Тоҷикистон вадар навбати дигар аъзоёни Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад.

Ҳамасола ироа гардидани Паём аз ҷониби Сарвари маҳбубуамон Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиива шаҳрвандони кишвари азизамон Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, он инъикоскунандаи муваффақияти имрӯза ва дурнамои рушди ояндаи кишвармаҳсуб меёбад. Сарвари давлат зимни ироаи Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъада муайян намуда, бо мисолҳои возеҳ оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва молия, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ, оини ҳамсоядорӣ ҳарф заданд. Таъкид шуд, ки новобаста ба зуҳур ва паҳн шудани бемории сироятии КОВИД -19 халқи шарифи кишвар бо меҳнати ҳалолу бурдборонаи худ дар афзуннамоии дастовардҳо ба муваффақиятиҳои калон ноил гардиданд. Пешвои муаззами миллат барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори миллӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва ба ин васила расидан ба зиндагии шоиста дастуру ҳидоятҳои созанда доданд. Пайғоми хуш дар ин росто аз падохти андози ягонаи замин озод кардани тамоми кишоварзони мамлакат мебошад, ки ин ба баланд шудани сатҳи иҷтимоиёти мардум заминаи мустаҳкам мегузорад.

Нуктаи дигари нишотовари Паём он аст, ки бо мақсади ҷалби ҷавонон барои омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” эълон карда шуд. Ин тадбир самараи нек ба бор хоҳад овард ва дар ояндаи наздик илм ва инноватсия пеш рафта, кадрҳои болаёқат ба камол мерасанд. Ҳамчунин Сарвари давлат аз вазъи тайғирёбандаи ҷаҳони имррӯза ва хусусиятҳои устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки ҷомеаи башариятро ба ташвиш овардааст суханрони намуда, шаҳрвандони кишвар, тамоми сохтору мақомотҳои кишварро водор сохтанд, ки ба таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа дода, ҳушёрии зираки сиёсиро аз даст надиҳем.

Бо мақсади боз ҳам идома додани корҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм Сарвари давлат дар Паёми худ ба Прокуратураи генералӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави “Статегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизмбарои солҳои 2021-2025”- супориш дода шуд. Ҳамчунин сарвари давлат, дар охири Паёми худ, ки барои соли 2021 таҳия ва пешниҳоди вакилони мардуми ва халқи Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, баён намуданд.

Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Ҷураев Манучеҳр- муаллими кафедраи сиёсатшиносӣ

Самандар Тоҳириён- мутахассиси пешбари шӯбаи тарбия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ