​Паёми шодибахш аз як давраи хос дар ҳаёти аҳли башар

Ҳоло, ки мо бо такя ба хиради азалии Пешвои муаззами миллат ба марҳилаи пирӯзии комил бар вируси қотил расидем, бори дигар исбот шуд, киҷасорати бемисл ва иродаи устувори Сарвари давлат дар рафъи ҳар мушкилоте бо тобишҳои наву дурахшон дар зеҳну шуурамон ҷилвагар мешаванд. Соли 2020 бо ҳама чолишҳои тарснокаш ба ҳукми таърих рафт. Аз тақвими зиндагии мо гузашт, вале бо таҳаввулоте, ки дар пай дошт, ба унвони ёд хоҳад шуд.

Ҳарчанд сокинони мамлакат дар ин давраи ҳассос то ҷое зери таъсири ҳангомаҳои тарснок қарор гирифтанд, вале дарҳол аз ҷара-ёнҳои иштибоҳӣ рӯй тофта, ба ин даъвати зерини Пешвои муаззами миллат гӯш доданд: «Агар мо ба таҳлукаву воҳима афтем, яъне аз вазъи имрӯза ба тарсу ноумедӣ гирифтор шуда, кор накунем ва маҳсулот истеҳсол накунем, зиёни чунин амали мо аз хатару зарари коронавирус бамаротиб бештар хоҳад шуд». Воқеан, Президенти маҳбуби кишвар дар айни хуруҷи коронавирус ба назди мардум рафтанд. Бо деҳқонону кишоварзони минтақаҳои гуногун, аз ҷумла вилояти Хат-лон, дидору мулоқотҳои рӯ ба рӯ анҷом дода, дар садри вусъат бах-шидани киштукор қарор гирифтанд. Баъдан, дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба мардум итминон доданд: «Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёме, ки ба Мақоми олии қонқнгузори кишвар иттилоъ доданд, аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии COVID - 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд. Илова бар ин, дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 - ум ду фоиз зиёд мебошад.

Исбот гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мураккабтарин ҳолат дар ғами халққарор доштанд.

Шаҳрзоди Баҳор - устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ