​Паёми ояндасоз

Ҷавонон ба унвони нерўи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузурге дар ҷомеа бар дўш доранд. Пешрафти миллат бидуни саҳми ҷавонон тасаввурнопазир буда, ононро рўйи сурх ва қомати рости ҷомеа ба шумор овардаанд. Шукуфоӣ, зебоӣ ва созандагиву беҳбудии зиндагӣ аз ҷавонон ғайрату матонати зиёде тақозо мекунад. Дар ирои Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки :“Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад”.

Аз назари мо пешвои миллат барои дар зеҳни насли навраси имрўз ва ҷавонон устувор кардани ҳисси миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ иқдомҳои шоиста намудаанд, ки ин ҳол дар айни замон барои ба роҳи ободониву созандагӣ ҷалб шудани насли ҷавон мусоидат кард. Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози истиқлол то имрӯз чорабиниҳои зарурӣ амалӣ намудааст.

Ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеаро давом медиҳанд. Дар баробари ин, ҷавонон вазифадоранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона ба даст оварда бошанд.

Паёми имсола бароинасли ҷавон дастури ояндасоз дар солҳои минбаъда маҳсуб меёбад.

Шаҳрзоди Баҳор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ