Пешвои миллат ва дастовардҳои созандаи 30 соли Истиқлолият

Ироаи Паёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ҳукми анъана даромада, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро фаро мегирад. Соҳаи илму маориф дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта он рӯз ба рӯз тараққӣ карда истодааст. Яке аз самтҳое, ки сифати таҳсилотро дар мамлакат беҳтар менамояд, ин бунёди муассисаҳои таълимӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити хуби таҳсилот мебошад.Бо ин мақсад соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд, ки ин як муваффақияти бузург ба шумор меравад. Дар давоми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ таъкид намуданд, барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем. Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд.Илова бар ин зикр шуд, ки Вазорати маориф ва илм ташаббусу таҷрибаи ин мактабҳоро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар васеъ татбиқ намояд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд. Њукумати мамлакат дар тамоми соҳаҳо корро ҷоннок намуда, дар ин равнад ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ