​Фурӯғи офтоби хирад ва маърифат

Андешаҳо дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Фалсафаи хирадгароӣ ва фарҳанги маърифатпарварӣ ҳамчун ҷузъи муҳими оини давлатдории миллии мо аз дергоҳи таърих мавқеъ ва мақоми меҳварӣ касб намуда, таърих садҳо шаҳодатеро дар хотираи хеш маҳфуз доштааст, ки ҳар давлатмард ва раҳнамои сиёсие, ки аз ин тадбири наҷибинизоми кишвардорӣ кор гирифтааст, номи ӯ дар лавҳи ҳастӣ бо хутути заррин нақш баста, ба ҷовидонаҳо пайвастааст. Сиёсати фарҳангсолорона, андешапарварона ва фурӯғи ғояҳои миллӣ, афкори хирадварзӣ ва маърифатфарӯзии хонадони Сомониён ҳазорсолаҳост, ки вирди забонҳо буда, ба унвони намоди барҷастаи давлатдорӣ барои оламиён хидмат карда меояд.

Дар низоми сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба мақоми китоб ҳамчун ҷузъи барҷастаи фарҳанги хирадгароӣ, маърифатафрӯзӣ дар тарбият, савод ва маънавиёти ҷомеа, интишори осори суханварон ва донишмандони гузаштаву имрӯза ба низом ва тарҳандозии дархури замон ба роҳ андохта шуда, аз мақоми шоистае бархурдор гардид. Пешвои миллат бо эътимод ба ин матлаб ки “Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст» ва “китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврас” мебошад, нашри осор, бунёди нашрияҳои нав ва таҷдиди суннату фарҳанги китобхониро таҳти таваҷҷӯҳ ва парастории ҳамешагии худ қарор доданд. Ҳамин арзиш ва ҷойгоҳи китобхонӣ дар тафаккури миллӣ буд, ки дар тақвими санаҳои таърихиву миллии тоҷикон 4 сентябр ҳамчун Рӯзи китоб арзи ҳастӣ намуд, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2007 эълом доштанд.

Ҷиҳати табаҳҳури лозими ҷомеа бо осори классикони адабиёти тоҷик ба нашри силсилаи панҷоҳҷилдаи “Ахтарони адаб” асос гузошта шуд, ки он шомили мероси мӯътабари адабиёти классикии форсу тоҷик хоҳад буд. Дарозои даҳ соли охир тавассути нашриёти “Адиб” “Осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ», нӯҳ ҷилд «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Рубоиёт»-и Умари Хайём, қасоиди Хоқонии Шарвонӣ, “Маснавии маънавӣ”, “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ, маснавиҳо ва девони Аттор Нишобурӣ, Девонҳои Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Сайидои Насафӣ, Соиби Табрезӣ, Бедили Деҳлавӣ ва баргузидаи ғазалиёти шоирони дигар ва дар умум наздидки панҷоҳ ҷилд аз ин силсила ва чандин асарҳои олиқадр аз шумори осори диниву маърифатӣ ва ахлоқӣ ба дасти хонанда расидаанд.

Дар канори ин бевосита бо дастур ва ҳидояти Пешвои миллат рӯи чоп омадани силсилаи осоре аз қабили “Таърихи ҷомеи тоҷикон” дар шаш ҷилд, Фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ, осоре дар силсилаи “Тоҷнома”, ки дар доираи он беш аз 20 ҷилд осори адабиву таърихӣ ва сарчашмаҳои муҳим бевосита дар замина Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯи чоп омаданд, “Донишномаи Сомониён” дар се ҷилд, “Донишномаи Рӯдакӣ”, дар ду ҷилд, “Донишномаи фарҳанги мардумии тоҷик”, “Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон” дар як ҷилд, “Энсклопедияи миллии тоҷик” дар шаш ҷилд ваосори мутааддид китоб дар силсилаи “Китобхонаимактаб” ва садҳо кутуби дигар осори мутааддид аз илму адаби гузаштагон, ки бештарини онҳо бори аввал ба ҳуруфи имрӯза чоп шудаанд, аз татбиқи муваффақонаи ин ибтикороти густардаи фарҳангӣ паём мерасонанд. Баробари ин, дар доираи барномаҳои эълони соли 2009 ҳамчун соли бузургдошти Имоми Аъзам бо ибтикори Пешвои миллат ба нашр расидани китоби муқаддаси Қуръон бо забони тоҷикӣ ва ба тамоми хонаводаҳои мардуми кишвар дастрас шудани он воқеан ибтикор ва корномаи беназири сарвари давлати мо буд, ки дар амри таҳкими шуури маънавию динӣ, худшиносиву худогоҳӣ нақши муассир гузошт. Баробари ин, дар Паёми солонаи хеш Пешвои миллат дар ин замина ибтикори тозаеро рӯи даст гирифтанд, ки он дар идомаи чунин тадбироти муҳиму наҷиб нашр ва ба тамоми хонандони тоҷикон дастрас намудани китоби бузург ваба таъбири худи Пешвои миллат “Сарчашмаи худшиносии миллӣ”-и мардуми тоҷик- “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба шумор меравад.Вобаста ба ин, дар Паёми хеш Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд”. Ҳоло, ки ин ҳадяи маънавии Пешвои миллат шурӯъ аз мардуми вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба саросари кишвар мерасад, воқеан дар сиришту андеша ва тафаккури ҳар фарди ватандӯст ва худогоҳи тоҷик таккони ҷиддӣ хоҳад бахшид, зеро барҳақ китоби “Тоҷикон” сарчашмаи бузурги худшиносии миллии тамоми мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон буда, мутолеаи он метавонад равшангари роҳи худогоҳии мардуми кишвари мо ва чароғафрӯзи ҷодаи худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ дар тамоми хонадони мардуми кишвар бошад.

Тааммул дар маҷмӯи ин ибтикороти наҷиби ба андешаи таблиғи фарҳанги китобдориву китобхонӣ такякунанда ба ҳақиқат ин нуктарор муҷассам мегардонад, ки дар партави ин корномаҳои бузургт ва ташаббусҳои зиёди дигар пеш аз ҳама шинохти фалсафаи хирадварзӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба хирадгароӣ, маърифатандӯзиву маърифатпарварӣ, эҳёи суннатҳои нодири китобхонии хоси тоҷикона нуҳуфтааст. Таърихи миллати тоҷик шаҳодати фаровонеро дар зеҳну хотираи хеш маҳфуз дорад, ки аз дуртарин айём ниёкони мо маҳфилҳоеро ба сурати “Рӯдакихонӣ”, “Гулистон”-у “Бӯстонхонӣ”, “Ҳофизхонӣ”, “ Мавлавихонӣ” ва баъдан “Бедилхонӣ” эҷод намудавуаз ин роҳ дар ташаккули тафаккури маънавии мардум нақши муассир мегузоштаанд. Бо нияти он ки фарзандони хеш ба камол расидаву афроди хирадманди маънавиятпарвар шаванд, ҳатто дар кӯдакӣ зери болини онҳо китобҳои бузургони моро мегузоштаанд. Ин андешаи муқаддас доштани китоб ва шинохти мақому ҷойгоҳи он дар ташаккули тафаккур ва андешаи миллӣ бо идомаи ҳазорсолаҳо дар таърихи мардуми тоҷик имрӯз бо сурат ва сирати комилан наву тозае арзи ҳастӣ намуда, дар сиёсати маънавиятасоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсуси касб карда, аз ҷониби мардуми кишвар низ истиқболи тамом касб намуд.

Ҳамин тавр, бо ҳадафи ҷалби густурдаи мардум ба китобхонӣ ва ташаккули маънавиёти ҷомеа сар аз соли 2019 бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” эълон гардид ва аллакай ду соли он натиҷагирӣ ва ҷамъбаст шуд. Баргузории озмуни мазкур дар давраҳои мухталифи шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ башорат аз он овард, ки воқеан имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолеаи китоб таваҷҷуҳ намуда,новобаста аз синну сол дар амри хондану аз бар намудани осори фаровони адабиву илмӣ ва аз ин роҳ мусоидат дар ташаккули маънавиёт ва тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишиносии хеш нақши муассир гузоштанд. Хоса, ширкат ва ҳузури фаъоли кӯдакону наврасон дар ин озмун гувоҳ аз он дод, ки насли имрӯзи кишвар зербинои кохи муҳташами маънавиёт ва маърифату дониш, хиради хешро аз имрӯз тавассути андӯхтаву омӯхтаҳои хеш аз осори ниёкону адибони имрӯзи кишвар ва ҷаҳон истеҳком бахшида, дар шинохти ҷаҳони муосир бо диду назари нав роҳ мекушоянд. Ҳузури густарда ва фаъоли намояндагони касбу кори гуногун ва наслҳои мухталиф дар озмун бори дигар ҳақиқати ин андешаҳои судманди Пешвои миллатро дар робита ба фарҳанги мутолеа ва китобхониву китобдории тоҷикон дар масири таърих собит намуд, ки барҳақ фармудаанд: …Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсӯҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо ки/тобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд”.

Бар ин асос ва бо натиҷагири аз самараҳои матлуби соли аввали баргузории озмуни мазкур дар Паёми солонаихеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат дастур доданд, ки “ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”ҳар сол баргузор гардида, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад”. Маҳсули ин андеша ва тадбири наҷиб буд, ки давоми соли дувум теъдоди ширкаткунандагони озмун бамаротиб аз ҳисоби кӯдакону наврасон, донишҷӯёну магистрантон, намояндагони касбу кори гуногун афзуда, имкониятҳои иштирок васеъ гардид. Мушоҳидаҳои мо ба ҳайси узви ҳайати доварони даври вилоятии озмун дар ду соли охир нишон медиҳанд, ки дар навбати аввал афзудани шумораи иштирокчиён дар даврҳои ноҳиявиву шаҳрӣ ва вилоятӣ аз таваҷҷуҳи бештари қишрҳои мухталфи ҷомеа ба китобхонӣ, эҷодкорӣ афзуда, андешаву афкори онон, хоса наврасону ҷавонон дар пояи мутолеаи китоб рушд мекунад. Истиқлоли назари ҷавонон дар шинохти ғояҳои осори бадеӣ, маърифати матолиби суханварон ва кӯшиши таҳаққуқи он дар рафтору кирдори хеш метавонад аз самараҳои матлуби баргузории ин озмун ҳикоят кунад, ки пеш аз ҳама ин падидаи аҳсан ба таъсири мутолеи китоб дар завқу салиқа ва андешаи инсон такя мекунад. Ворид шудани номантсияи шоирӣ ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки имсол бори аввал дар заминаи он бо тарҳу шеваи нав ҷараён гирифт, бегумон роҳеро барои кашфи истеъдодҳои наву ҷавон боз намуд. Дар раванди баргузории озмун эҳсос мешавад, ки майлу рағбати кӯдакону наврасон ба шеър гуфтану ҳисси навиштани андешаҳои худ дар қолиби анвоъи хурди осори насрӣ афзудааст ва онро дар навбати аввал ҳам метавон ҳосили ҳамин мутолеаву шавқи китобхонӣ ба шумор овард. Ҳарчанд ин нигоштаҳо соддаву ҳанӯз нокомиланд ва ниёзи бештар ба таҷдиду таҳрир доранд, аммо ҳамин амр муҳим аст, ки мутолеаи китоб ҳамин ҳисси сурудан ва эҷодро дар вуҷудашон таҳаррук бахшидааст. Бегумон баргузории озмун барои наврасону ҷавонон метавонад як мактаби такмилу таҷриба ва маърифату андӯхт гардад, то ба василаи раҳнамоиву ҳидояти устодони бузург дар роҳ тавфиқ ёрашон гардаду диду назар ва андешаву мулоҳизаҳо, ҳисси бардошту маърифати хешро бо такмилаҳои бештару муассиртар бинависанд. Аз ин лиҳоз, “Фурӯғи субҳи дороӣ” дар мақоми як мактаби бузурги андешаву афкор, истеъдоди ҷавонон хидмат намуда, дар оянда барои зуҳури чеҳраҳои нав дар ҳар роҳу равиш ва самту тамоюлҳои адабиву эҷодӣ хидмат мекунад.

Таваҷҷуҳи бештари наврасону ҷавонон ба мутолеаи осори адабиёти ҷаҳон бо забонҳои хориҷӣ бешак яке аз падидаҳои шоистаи озмун ба шумор меравад. Мояи хушҳолӣ ва омили масарратбахш он аст, ки ҳоло мизони ошноии наврасону ҷавонону ба адабиёти ҷаҳон хеле боло рафтааст ва онҳо мустақилона ҳатто бо нодиртарин осори нависандагону шоирони имрӯзи ҷаҳонӣ, ки ҳатто дар феҳрист ном бурда нашудааст, ошноянд ва дар бораи ҳар яке бо забонҳои русиву инглисӣ маълумот медиҳанд.Таҳлили қиёси образҳои осори адабиёти ҷаҳон бо чеҳраҳои офаридаи адибони тоҷик аз ташаккули диду биниши равандҳои адабиётшиносии татбиқӣ дар насли наврас ва ҷавонон паём мерасонанд. Ҳоло мо дар ҷараёни таълими адабиётшиносии муқоисавӣ ё татбиқӣ дар донишгоҳ бештари вақт ба сабаби дараҷаи нокофии ошноии донишҷӯён ба адабиёти ҷаҳон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавем, вале ҳамакнун самараҳои озмун моро ба ин натиҷа мерасонад, ки роҳе равшану пайдо дар ин арса моро интизор аст ва аз ин чеҳраҳои нав дар оянда муҳаққиқону мунтақидони хуби адабиёти татбиқӣ бо тасаллути комиле, ки дар шинохти адабиёти ҷаҳлонт доранд, дар кишвари моомода мешаванд.

Самараҳои матлуби ин озмуне, ки ҷомеаи моро ба хирадгароӣ, маърифатафрӯзӣ, маънавиятомӯзӣ ҳидоят мекунад, хеле зиёданд ва пайваста бо гузашти солҳо меафзояд. Бояд таъкид дошт, ки бар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳамасола дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар китобхонаҳои нав ба нав бунёд гардида, хазинаҳои он бо осори бузургони адабиёти гузашаву имрӯзаи мо ғанӣ мешавад. Афзун бар ин, ба ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса ва мақомот дастур дода шуд, ки барои таъсис додани китобхонаҳо дар ниҳодҳои хеш тадбирҳои амалӣ андешанд. Ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат дар ин арса имкон фароҳам оварда истодааст, ки барои таъсисёбии китобхонаҳои соҳавӣ ва умумӣ дар мақомот ва ташкилоту идораҳо иқдомоти шоиста аз сар гирифта шуда, аз ин роҳ барои ҷалби доираи васеи кормандони соҳоти мухталиф, табақаҳои иҷтимоӣ ва афроди синну соли гунонун мусоидат карда шавад.

Ин тадбирҳои наҷиб заминаҳои муҳиме барои ҷалби беҳтари хонандагон ба китобхонӣ ва афзудани шумораи иштирокдорони озмун таъсиргузор аст, чун дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар хонандагон бо китобу осор таъминанд ва метавонад дар фурсатҳои муносиб осори ба худ заруриро мутолае намоянд. Ҳамин амр боис мешавад, ки сол аз сол шумораи китобдӯстону аҳли мутолеа бештар гардида, ҳузури мунаввари як инқилоби маънавӣ дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистони азизи мо ба чашм мерасад. Таъсири матлуби ин тадбири муҳими маънавӣ моро умедвор бар он месозад, ки дар ҳошияи баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” чароғи маърифати насли имрӯзу фардои мо боз ҳам мунаввар гардида, ҷавонони мубтакир, донишвару хирадманд ва хирадгаро бо ибтикор ва андешаҳои фардосоз ҳамчун офарандагони ояндаи равшани кишвар, пайравони ҳақиқӣ ва татбиқгарони ин сиёсати маънавиятсоз ба камол мерасанд. Хосатан, мо интизори онем, ки шукӯҳу фурӯғи бештари ин озмун дар соли ҷашни мубораки 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро интизор аст.

Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филологӣ, муовини директори инситути

илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ