Хоксору аз ҳама воло туӣ (ба ифтихори 80-солагии профессор Саидов Ҳайдарҷон Раҳматович)

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Ин мисраъҳоро метавон ба омӯзгори асил, профессор Саидов Ҳайдарҷон нисбат дод. Зеро пайроҳаи зиндагии ин марди хирад намунаи ибрат ва пайравӣ аст.

Воқеан Саидов Ҳайдарҷон ҳамчун равшангариқалбҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагии шогирдон нақшу саҳми арзанда гузошта, барои пешрафти ҷомеа хидмати шоиста анҷом медиҳанд.

Дар бораи чунин ашхоси соҳибмаърифату донишманд сухан гуфтан душвор аст. Профессор Саидов Ҳайдарҷон Раҳматович аз зумраи фидоиёни касби пуршарафи омӯзгорӣ, афрӯзандагони чароғи дурахшони илму дониш, тарбиятгари садҳо шогирдоне мебошанд, ки некӣ карданро пешаи худ намуда, бо заҳмату машаққат ва риёзатҳои шабонарўзии хеш ба мақомҳои баланди илмиву таълимӣ, ташкилотчигиву роҳбарӣ расида, бо осору пайкор, кирдору рафтори неки худ имрўзҳо на танҳо дар қалби шогирдону пайравону пайвандон, балки бо осору пайкори шоиста мавқеи худро дар саҳфаҳои таърихи илму маорифи кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шоистагӣ ишғол намудаанд ва ба туфайли хислатҳои беҳтарини инсонгароиву хоксориашон дар ҷомеаи мақоми хешро касб намудаанд.

Мавсуф 25-уми декабри соли 1940 дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаанд. Соли 1958 пас аз хатми мактаби миёна ба факултети физикаи ДДТ ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1963 бомуваффақият хатм менамоянд.

Рушди илмҳои табиӣ ва, махсусан, физика дар солҳои 60-70-уми садаи ХХ аксар ҷавононро на танҳо барои омўзишу таҳқиқи илми дақиқ ташвиқ мекард, балки парвоз то Сурайёву кашфи асрори афлок маҷзубашон карда буд.

Муҳаққиқи ҷавон, вале пуркор соли 1966 пас аз хатми аспирантура дар ПФТ-и ба номи С.Умарови АУ ҶШС Тоҷикистон дар ҳайси сарлаборант, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ то соли 1972 фаъолият менамоянд. Пасаз дифои муваффақонаи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика олими ҷавон ба зодгоҳашон баргашта, фаъолияти минбаъдаи илмӣ, омӯзгорӣ, роҳбарии худро дар ДДОЛ ба номи С.М. Киров (ҳозира МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”) зич пайвастанд. Дар тӯли фаъолияти меҳнатии наздик 50 сол дар зинаҳои мухталифи ин боргоҳи илму ҳунар, даргоҳи муқаддас сарбаландонаву содиқона заҳмат кашида, дар пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ, таълиму тарбияи шогирдонисершумор саҳми арзанда гузошта, чун яке аз ахтарон, равшангарони илму маориф ҷилвагарӣ намуданд. Солҳои 1972-1974 дотсенти кафедраи физикаи умумӣ, солҳои 1974-1978 муовини ректор оид ба корҳои илм, солҳои 1978-1993 муовини ректор оид ба корҳои таълим, солҳои 1993-1997 дотсенти кафедраи физикаи назариявӣ, соли 1994 профессор, солҳои 1997-1999 декани факултети физикаю техника, солҳои 1999-2001 мудири кафедраи физикаи умумӣ ва соли 2001 профессори кафедраи физикаи назариявӣ буданд.

Дар ин муддат барои пешрафти Донишгоҳ, факултет дар тайёр намудани мутахассисони илми дақиқ, ки ҷомеа сахт ба онҳо ниёз дошт, заҳмат кашида,чандин мушкилотро паси сар намуданд.

Профессор Саидов то ҳол ба корҳои илмиву омӯзгорӣ, ҷамоатчигӣ фаъолона машғул ҳастанд, вақти пурқиммати хешро дар иҳотаи шогирдон ва устодон, дар фазои навоварӣ ва навҷӯӣ барои пешбурди илмҳои дақиқ масраф мекунанд. Устод фаъолияти худро дар роҳи баланд бардоштани сатҳи донишу саводнокӣ, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён, магистрантону докторантҳо густариш бахшида, масъулияти наслҳои имрӯзу ояндаро барои ҳифзи истиқлолият ва фарҳанги миллӣ фузун мегардонанд. Бояд қайд кард, ки шогирдони сершумори устод, аз ҷумла, каминаи камтарин аз пайи ӯ рафта, ҳамчун омӯзгор, сарвар дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд.

Рушду такомул ёфтани фаъолияти инсонӣ маҳз аз таъсиру дастгирии омӯзгор маншаъ гирифта, барои мукаммал гардидани инсони судманд нақши ў муҳим аст. Аз ин нигоҳ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ мефармоянд, ки бе мадади устод шогирд ба ҷое намерасад:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ мавлоно нашуд муллои Рум

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Ҳайдарҷон Раҳматович дар тарбия ва ҷобаҷогузории шогирдон, тарғиби усулҳои нави таълим, коркардибарномаҳои таълимӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, бо собиқадорони ҷангу меҳнат хизмати арзанда доранд.Обрӯю эътибори устод дар байни маорифчиён ва ҷомеа аз меҳнати ҳалол, дониши баланд, хоксорӣ, рафтору гуфтори некашон ва педагоги асил буданашон маншаъ мегирад. Маҳорати баланди омӯзгорӣ ва дониши амиқи фанҳои дақиқ, таҳияи зиёди асарҳо, мақолаҳои илмӣ, методӣ ва корҳои таҳқиқотӣ, меҳнатдӯстиву фидоии касби хеш буданашон ва азму иродаи мустаҳками инсонӣ доштанашон боис гардидааст, ки устоди арҷманди мо фаъолияти пурсамарашонро аз вазифаи омӯзгори қаторӣ оғоз намуда, то ба унвонҳои баланди ифтихорӣ, мартабаҳои баланду боло сарфароз гардидаанд. Саидов Ҳайдарҷон Раҳматович наздик 20 сол дар раёсати Донишгоҳ дар ҳайси муовини ректор, солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои роҳбарии факултети физикаю техника адои вазифа намуда, барои хизматҳои бенуқсони содиқонаашон дар соҳаи маориф бо Ифтихорномаҳои Ҳукумати вилояту шаҳр, бо унвони фахрии Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1984), Корманди шоистаи ҶТ (1999)ва монанди инҳо қадр карда шудаанд.

Дар баробари фаъолияти роҳбарӣ ва вазифаҳои ҷамъиятӣ профессор устод Саидов ҳеҷ гоҳ таҳқиқу омўзишро тарк накардаанд. Зери раҳбарии бевоситаи профессор Ҳ.Саидов якчанд нафар рисолаи илмӣ дифоъ намудаанд. Мавсуфякчанд китобу наздик 150 мақолаи илмиву дастури таълимиро роҷеъ ба масоили физикаи назариявӣ ба табъ расонидаанд.

Имрӯз устоди азиз Саидов Ҳайдарҷон ҷашни милод доранд. Номбурдаро табрик гуфта, сиҳатмандӣ, саодати бепоён, офияти пайваста ва неъматҳои зебои даврони пириро таманно мекунем.

Бигзор, вуруди ин саҳифаи зарҳали умр имсолу солҳои баъдӣ файзу баракоти беандоза ва шукӯҳу иқболи ҷовидониро муждагонӣ овараду фаррухрӯзӣ, саодатёрӣ ҳадяи беҳтарини умри устод бимонад.

Ҷомеаи меҳнатии факултети физика ва техникаи

МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ