​Озмун таҳаввули бузурги фикриро ба ҷомеаи мо эҳдо намуд

Сарфарозиддин Иморуддинов, магистранти соли аввали Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҳамзамон омӯзгори МДТ Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи ”Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик” мақоми аввалро касб намуд. Сарфарозиддин таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев ҷиҳати иштирок дар Озмуни мазкур тайёрӣ дида, беш аз 293 ғазал, 800 рубоӣ, 220 мисраъ қасида, 520 байт достон ва 1500 байт аз дигар навъи шеърӣ, аз қабили қитъа, маснавӣ, соқинома, мухаммас ҳифз намуда, ба ҳайати ҳакамон манзур намуд. Ба ақидаи номбурда, Озмуни мавриди зикр, баёнкунандаи ҷойгоҳ ва манзалати китоб дар тарозои таърих буда, барои миллат ва ҷомеаи тоҷику тоҷикистонӣ инқилоби бузурги фикриро эҳдо намуд.

Дар ин замина, таваҷҷуҳ намоед, ба фишурдаи андешаҳои Сарфарозиддин ИМОРУДДИНОВ:

Дар лавҳу қалам шоҳиди осор китоб аст,

Сарманзилу мақсуди гуҳарбор китоб аст.

Беҳтарин пайвандгари дӯстӣ, ойинаи таърих, гоме ба сӯйи мақсуд ва ҳарчи дастоварду пешравие, ки ҷомеаи башарӣ ба он расидааст аз китоб аст. Китоб аст, ки инсонҳро аз хоб бедор менамояд ва бо як диди зебо ба ҷаҳон нигарстанро меомӯзонад. Ин аст, ки сол аз сол ба ин ганҷинаи бебаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудаистодааст. Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз беҳтарин посдорандаи мероси гаронбаҳои гузашта ва имрӯзи мардуми мо ба шумор меравад. Ин озмуни бонуфуз, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдвти миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тайи ду сол аст баргузор мегардад, бори дигар собит намуд, ки миллати мо ҳанӯз ҳам бо вуҷуди пешравии илму техникаи замони муосир ҷойгоҳ ва манзалати китобро дар ҳаёти хеш воло медонанд ва ойини китобхониву китобдории хешро гум накардааст. Ин озмун инқилоби бузурги фикриро ба ҷомеаи мо эҳдо намуд. Таҳлил, муқоиса, таъсирпазирӣ, баёни фикр ҳамаи инҳоро зимни саволу ҷавоби иштироккунандагон бо ҳайати ҳакамон метавонистем дид.

Имсола озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" хеле дар сатҳи баланд багузор гардид, махсусан даври ниҳоии он бо як шукӯҳу шаҳомати хоса гузаронида шуд.

6-уми декабри соли ҷорӣ дастаи вилояти Суғд, ки иборат аз кӯдакону наврасон, хонандагон, донишҷӯён, магистрантону докторантон ва намояндагони касбу кори гуногун иборат буданд бо роҳбарии раиси МТИВ Ашӯрматов Ф, сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Раҷабов Б ва дигар устодону роҳбарон раҳсипори пойтахт гардидем.

Озмун аз 7 то 15-уми декабр дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардида, санаи 18.12.2020 ғолибони имсолаи ин озмуни бошукӯҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Аслан ҳар нафаре, ки китобро ба даст мегирад ва пайваста дар пайи омӯзиш мебошад, пирӯз аст. Банда низ яке аз иштироккунандагони озмуни мазкур будам ва дар даври ниҳоии озмун сазовори ҷойи аввал гардидам. Минатдории хешро ба кулли баргузоркунандагони ин озмуни бонуфӯзи ҷумҳуриявӣ расониданиам. Бигзор ин озмун миллати моро ба сӯйи ҷомеаи мутаммадин ва дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ягонаи китобхону китобдор муаррифӣ намояд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ