​Ашӯров Ҷавоҳир: Натиҷаву дастовардҳо ба осонӣ муяссар намешавад...

Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷӯёну магистрантон ва докторантони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкати фаъолона дошта, мақомҳои ифтихориро соҳиб гаштанд. Аз ҷумла, Ашӯров Ҷавоҳир, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик аз рӯйи номинаи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик мақоми дуюмро сазовор гашт. Мухтасаран, таассуроти намбурдаро манзур менамоем.

Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст. Эмомалӣ Раҳмон

Боиси хушнудист, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дувум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст " доир мегардад. Чуноне ки дар низомномаи озмун омадааст, озмун аз давраҳои донишгоҳиву шаҳрӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ иборат аст. Соли аввал аст, ки дар ин озмун иштирок намудам. Дар даври шаҳри ва вилоятӣ сазовори ҷойи 3-юм гардидам. Дар марҳилаи ниҳоии ин озмун, ки аз 7 то 15-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи 2-юм гардидам. Озмун хеле дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор гардид. Воқеан масири тай кардани ин роҳ зебост, гоҳ умедвориву гоҳ навмедӣ, вале дар ҳарду сурат ҳам то даври ҷумҳуриявӣ иштирок намудан ин худ ғолибият аст. Ғизои маънавие, ки тавассути ин озмун гирифтем, солҳо мебоист то онро биомӯзем. Ман дар ин озмун тибқи муқаррароти Низомнома ва бештар аз он 110 ғазал, 150 рубоӣ ва дубайтӣ, 160-байт порча аз достон 100 байт қасида ва 150-байт дигар навъҳои шеърӣ ба мисоли (тарҷеъбанду таркиббанд, муссалласу мухаммас, муссаддасу мустазод) аз бар намуда, 30 китоби бадеӣ мутолиа намудам.

Дар озмуни мазкур ман муддати панҷ моҳ омодагӣ дидам. Албатта, ин ҳама натиҷаву дастовардҳо ба осонӣ ба кас муяссар намешавад.

Дар ин ҷо, мехоҳам махсус аз пуштибонӣ ва ғамхориҳои пайвастаи ректори МДТ "ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров", роҳбари ғамхор ва инсони фарҳангдӯст, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ёдоварӣ намоям. Роҳбарияти донишгоҳ дар тамоми муддати баргузории давраи ниҳоии озмун аз ҳоли мо бохабар буданд ва ҳамаи шароитро бароямон муҳайё намуданд, ки аз номи худ ва дустонам ба он кас изхори сипос менамоям.

Зери рохбарии устоди тавонову таҷрибадори ин озмун н.и.филологӣ, дотсент Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев ба ин озмун омодагӣ дидам, ки барои ҳамаи раҳнамоиҳо ва талошҳояшон сидқан сипосгузорӣ мекунам. Қобили зикр аст, ки устод пайваста бо ман кор мекарданд ва ҳар рӯз аз рафти омодагиҳои ман пурсон мешуданд. Заҳмату талош ва сахтгириву рӯҳия доданҳои устод буд, ки маро водор ба омӯхтану аз бар намудани осори классикӣ гардонид.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ