​Зебохон Муллобоева: Озмун бисёр шаффофу хотирмон гузашт...

Зебохон Муллобоева, магистранти соли аввали ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз руйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик иштирок намуд. Ӯ таассурот ва бардоштҳои хешро баъд аз баромад намдуан ба даври ниҳоии озмуни фавқуззикр ба тариқи зайл баён намуд:

Фурӯғи коинот аз офтоб аст,

Фурӯғи одамият аз китоб аст.

Бо ибтикори сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду соли охир дар тамоми манотиқи Тоҷикистони азиз озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо мақсади ҷалби бештари толибони ғизои маънавӣ, бедор кардани завқи китобхониву китобдӯстӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ баргузор гардида истодааст.

Чанд рӯз муқаддам даври ниҳоии озмун, санаи 7-уми декабр оғоз гардида, то санаи 15-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён гирифта истодааст.

Хушбахтона, имсол ман низ яке аз иштирокчиёни озмуни мазкур гардида, чанд рӯз меҳмони пойтахти кишвар - Душанбешаҳр гардидам. Ҳар давраи озмун чи сатҳи донишгоҳӣ, чи шаҳриву вилоятӣ хотирмон буд, вале бахши ҷумҳуриявии озмун бо шукӯҳу шаҳомати беҳтару бештар баргузор гардида истодааст.

Мо, ғолибони давраи сеюми озмун субҳи 6-уми декабр якҷоя бо дастгирии ректори МДТ "ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров" профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. ва мудири маорифи вилоят Каримзода О. сӯйи пойтахт барои иштирок ба озмун равон шудем. Санаи 7-уми декабр дар яке аз толорҳои бошукӯҳи Китобхонаи миллӣ маросими ифтитоҳӣ бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода - вазири маориф ва илм, Фарҳод Раҳимӣ - президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Низом Қосим - раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аъзои ҳакамон ва иштирокчиёни озмун баргузор гардид, ки онҳо дар бораи рафти баргузории озмун суханронӣ намуда, барои ба даст овардани ғолибият дар майдони адабиёт ба ҳар як иштирокчӣ барору комёбӣ таманно намуданд.

Ман дар озмун аз руйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик баромад намудам. Ростӣ, чанд рӯзи охир бисёр ҳиссиётҳоро аз сар гузаронидам: тарс, ҳаяҷон, нобоварӣ, ноумедӣ, руҳафтодагӣ... Лекин пас аз баромад карда шудан ҳарчанд чандон аз ҷавобҳои худ қонеъ набошам ҳам, бо як ҳисси хотирҷамъӣ, дар баробари ин бо як хушҳолӣ аз толор берун шудам. Доварони номинатсияи мо - адабиётшиносони барҷаставу шоирону нависандагони маъруфи тоҷик бо роҳбарии директори Институти забон ва адабиёти тоҷик профессор Боймурод Шарифзода, академик Аъламхон Кӯчаров, профессорон Шамсиддини Солеҳ, Маҳмадаминов Абулҳай, шоир ва олим Аскар Ҳаким, аъзоёни ИН Тоҷикистон нависанда Равшан Махсумзод, Мухриддин Сабурӣ бо ҳар як иштирокчӣ суҳбат намуда, барои муайян кардани дониши воқеии иштирокчиён саволҳои гуногун доданду ҷавобҳои мушаххас талаб карданд. Дар баробари серталабӣ доварон меҳрубонона муносибат мекарданду кӯшиш менамуданд, ки мо - иштирокчиён худро озод ҳис намоему бе тарсу ҳарос ба саволҳо посух диҳем. Озмун бисёр шаффофу хотирмон гузашт.

Санаи 8-уми декабр иштирокдорони озмун бо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф суҳбати самимӣ намудем. Зимни суҳбат Вазири маориф ва илм ба довталабон барои иштироки фаъол дар озмун баҳои баланд дода, бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки барои дар сатҳи баланд ва шаффоф ташкил ва баргузор намудани озмун рафти баргузории он пурра тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос шуда истодааст.

Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита дар ташкил ва баргузории озмун мутасаддӣ буданд, иштирокчиёнро бисёр хуш қабул намуданд, бо ҷойи зисту се маҳал хӯроки гарм таъмин намуда, дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллӣ саёҳат ташкил намуданд.

Бо иштирок дар озмун мо дониши маънавӣ ва ҷаҳонбинии худро чуқуртару васеътар гардонидем, бештару беҳтар китобҳои бадеиро мутолиа намуда, ҷаҳон - ҷаҳон ғизои маънавӣ ба даст овардем, дар баробари ин бо иштирокчиёни дигари озмун ҳамнишин гардида, дӯстони нав пайдо кардем ва бо бузургони адабиёт ҳамсуҳбат шудем, ки ин алакай барои мо дастоварду ғолибият ва хотираҳои фаромӯшнашаванда аст.

Бешак, ба ин дастовардҳо ноил гардидани ман танҳо ва танҳо меҳнату ғамхорӣ ва дастгириву роҳнамоии ягона нафар буд. Нафаре, ки ҳар як ҳарфи номашон шарораи умед, ҳар як суханашон панду ҳикмат аст, муаллимаи азизам доктори илмҳои филологӣ, профессор Замирахон Ӯлмасова аст. Дарсҳои пурҳикмату шавқовари муаллима буд, ки бештар маро китобхону китобдӯст кард. Маҳз муаллимаи азиз буданд, ки бештар ба муваффақ шудани ман бовар доштанд, ҳамзамон дар вақти баромади ман бештар дар ҳаяҷон буданд. Новобаста аз он ки шаб аст ё рӯз, серкоранд ё бекор пайваста бо ман мутолиаву раҳнамоӣ мекарданд. Ҳамаи он ғолибияте, ки имрӯз ман дар даст дорам, муносибати самимона, муҳаббати беандоза ва дуоҳои устоди азизам аст. Аз муаллимаҷони азизам аз замин то само сипосгузорам. Ҳамеша дуо мекунам, ки сиҳату саломат чун офтоби пурнур раҳнамои зиндагии мо бошанд.

Эй сарви равон, боди хазонат нарасад,

Эй чашми ҷаҳон, чашми бадонат нарасад.

Эй он ки ту ҷони осмониву заминӣ

Ҷуз раҳмату ҷуз роҳати ҷонат нарасад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ