​Моделиронии иммитатсионии раванди иҷтимоӣ –иқтисодӣ

Рушди босуръати равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар тамоми сатҳҳои идоракунӣ ҳангоми такмили фаъолияти иттилоотию таҳлилӣ низомҳои муосири дастгирии қабули қарорҳои идоракуниро талаб мекунад. Барои афзудани самаранокии идоракунӣмаҷмўи воситаҳои босифат кофӣ набуда, таҳлил ва пешгўӣ муҳиманд, яъне барои баланд бардоштани сатҳи самарабахшии механизми идоракунии равандҳои иқтисодӣ воситаи наве лозим аст, ки имконияти таҳлил ва пешгўии равандҳои мураккаби иқтисодиродиҳад. Ба андешаи мо, ба сифати чунин восита моделиронии ба агент нигаронидаро, ки дар илмҳои ҷомеашиносӣ торафт бештар истифода мешавад, интихоб намудан мумкин аст. Ҳадафи мақола ин нишон додани имкониятҳои моделиронии ба агент нигаронида дар равандҳои идоракунӣ, вобастаба шароити босуръати рушди татбиқи технологияҳои рақамӣ мебошад.

Моделиронии ба агент нигаронида яке аз навъҳои моделиронии иммитатсионӣ буда, мувофиқи ақидаҳо дар доираҳои илмӣ он ба туфайли пайдоиши моделиронии ба агент нигаронида тавлиди дуюмро аз сар мегузаронад. Ба мафҳумҳои моделиронии иммтитатсионӣ ва модели сунъӣ теъдоди зиёди адабиёти илмӣ бахшида шудаанд, бинобар ин, онҳо дар мақола пурра мавриди баррасӣ қарор дода намешавад.

Дар моделиронии иммитатсионии муосир се дидгоҳ (методология) истифода мешавад: моделиронии дискретию ҳодисавӣ, моделиронии ба агент нигаронида, динамикаи системавӣ.

Тафовут ва хусусиятҳои асосии методҳои моделиронии иммитатсионӣ дар расми 2 муаррифӣ гардида, бо методҳои моделиронии иммтитатсионӣ аз адабиёти илмӣ маълумот пайдо кардан мумкин аст. Мавриди таваҷҷуҳи мо моделиронии ба агент нигаронида қарор дорад.

Бо назардошти зиёдшавии иқтидорҳои ҳисоббарорӣ таваҷҷӯҳ ба таъминоти барномавие, ки методологияи моделиронии ба агент нигаронидаро дастгирӣ менамояд, зиёд шуда истодааст. Ба сифати муҳитҳои моделиронӣ таъминоти барномавии зиёдеро тавсия намудан мумкин аст. Аксарияти барномаҳо озод паҳн карда мешавад. Бинобар озод будани барномаҳо ҳамаи имкониятҳои моделиронии ба агент нигаронида ба инобат гирифта нашудааст. Имкониятҳои ба инобат гирифта нашударо, бояд иловагӣ таҳия намуд, ки яке аз камбудиҳои баъзе муҳитҳои моделиронӣ мебошад. Баррасии пурраи таъминоти барномавии моделирониииммитатсионӣ, хусусанмоделиронии ба агент нигаронида тадқиқотҳои алоҳидаро талаб мекунад. Ба сифати чунин муҳитмотаъминотибарномавии AnyLogic-ро, ки методологияи моделиронии ба агент нигаронидаро дарстгири менамоянд, барраси менамоем.

AnyLogic забони моделсозии графикиро дар бар гирифта, инчунин ба истифодабаранда имкон медиҳад, ки моделҳои сохташударо бо истифодаи забони Java васеъ ва пуррагардонад. Интегратсияи компилятори Java ба AnyLogic барои эҷодимоделҳо, инчунин сохтани апплетҳои Java имконият медиҳад, ки онро бо истифода аз ҳама гуна браузерҳо кушоянд.

Бо истифода аз барномаи AnyLogic таҳиягар метавонед моделро барои ҳалли масъалаҳои гунногуни идоракунии равандҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ истифода барад. Муҳити моделсозиро ба воситаи амалиётӣ табдил дода, то тасмими фаврӣ дастгирӣ кунад. Моделҳои таҳияшударо дар муҳити паҳншавандаи коркарди маълумоти рақамӣ нигоҳ дошта,онҳоро бо маълумоти амалиётӣ муттаҳид кунад, таҷрибаҳо гузаронад ва натиҷаҳоро бо истифодабарандагони ниҳоӣ мубодила кунад, то ин,ки истифодабарандагон фавран натиҷаҳои иммитатсияро барои ҳалли мушкилоти ҷорӣ истифода баранд.

Имконияти дигари таъминоти барномавӣ аз он иборат аст, ки таҳия кунандаимодели иммитатсионӣ ба истифодабарандагондар реҷаи онлайн моделҳои таҳияшударо пешниҳод карда метавонанд. Барои мубодилаи моделҳо бо истифодабарандагон муҳити паҳншавандаи коркарди маълумоти рақамиро истифода барад. Дар AnyLogic Cloud таҳиякунанда метавонад имконияти дастрасӣ ва идоракунии моделҳоро иҷро кунад.

Дастрасии коллективӣ ба моделҳои таҳияшаванда низ дар AnyLogic ба инобат гирифта шудааст. Истифодаи AnyLogic Cloud барои кор бо модел ҳамчун як гурӯҳ имконият медиҳад. Идора намудани ҳуқуқҳои дастрасӣ ва мубодилаи маълумотҳо бо таҳиякунандагон ё истифодабарандагон баҳри идоракунии таҳияи моделҳо низ ба инобат гирифта шудааст. Истифодабарандагон метавонанд бо истифодаи панелҳои интерактивӣ таҷрибаҳоро танзим кунанд, аниматсияро тамошо кунанд ва натиҷаҳои таҷрибаҳоро аз маҳзани маълумоти умумӣ ба дасторанд.

Идоракунии пешрафтаи қисми таъминоти барномавӣ, ки аз тарафи таҳиякунандагон илова карда мешавад, дар муҳити таъминоти барномавии AnyLogic оварда шудааст. Имкониятҳои нигоҳ доштан, ташкил кардан ва таҳрир намудани маълумотитаҷрибавӣ ва сенария, аз ҷумла версияҳои моделҳои таҳияшаванда, параметрҳои оғоз ва натиҷаҳои моделиронӣ ворид шудааст.Таҷрибаҳои мухталиф, аз ҷумла варианти параметрҳоимодели таҳияшаванда ва методи Монте Карлоро насб ва амалӣ намудан имконият дорад. Ин хидмат инчунин ба таҳиякунандагон имкон медиҳад, ки натиҷаҳои таҷрибаҳо, аз ҷумла фарқияти нишондиҳандаҳои асосӣ дар даврҳои гуногунро, муқоиса намояд.

Ҳисобкунии параллелӣ барои таҷрибаҳои мураккаб, яке аз самтҳои муҳими моделиронии ба агент нигаронида мебошад. Дар ҳисобкунии параллелӣ талабот ба иқтидорҳои ҳисоббарории компутерҳо хусусан ба супер компутерҳо меафзояд. Дар AnyLogic Cloud таҷрибаҳои бисёртарафа, яъне ҳисобкунии параллелӣ назар ба компютерҳои муқаррарӣ тезтар ва самараноктар мебошанд. Ҳама таҷрибаҳо ва натиҷаҳоро дар муҳити паҳншавандаи коркарди маълумоти рақамӣ нигоҳдоштан мумкин аст. Агар маълумоти воридотӣ бо маълумотҳоиқаблӣ якхела бошад AnyLogic Cloud натиҷаҳои қаблиро истифода бурда, ба таҷрибаи нав суръат мебахшад ва захираҳои компютериро сарфа мекунад.

Панели роҳнамо барои таҳлили пешрафта бо мақсади тасаввур кардани натиҷаҳои таҷрибаҳое, ки дорои диаграммаҳои зиёдванақшаҳо мебошад, аз ҷумла, диаграммаи паҳншаванда истифода мешавад. Истифодабарандагон дигар унсурҳоро истифодабурда, панели худро барои идоракунии модел ва таҳлили натиҷаҳо омода месозанд.

Қабули қарорҳо дар асоси моделҳои таҳияшуда ва имконияти барқарор намудани маълумотҳои қаблӣ аз муҳити паҳншавандаи коркарди маълумоти рақамӣ тавассути Cloud API имконият медиҳад.

Хулоса, имкониятҳои васеи моделиронии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар барномаи AnyLogic ворид шудааст. Бахусус, дар таъминоти барномавии мазкур методологияи моделиронии ба агент нигаронида тадбиқ шудааст. Аз ин лиҳоз моделҳои ба агент нигаронидаро ҳамчун воситаи нави тадқиқи иқтисодиёт ва ҷомеа номидан мумкин аст. Модели ба агент нигаронидаро дар соҳаҳои зерини иҷтимоию иқтисодӣ тадбиқ намудан мумкин аст: ба монанди истеҳсолот, мавқеъ ва зинаҳои таъминот, бозор ва рақобат, равандҳо ва хидматҳои тиҷоратӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ, идоракунии дороиҳовалоиҳаҳо, телекоммуникатсия ва системаҳои иттилоотӣ, системаҳои иҷтимоӣ, сайёҳӣ ва экологӣ, динамикаи пиёдагард ва ҳаракат дар роҳ, мудофиа ва ғайра.

Зайнидинов З.З.

унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Ваҳобов А.А.

н.и.и., дотсент, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,

Ҳусейнова М.В.

н.и.и., дотсент, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ